zoofirma.ru

Дар раванди маъракаи камбудизоркунӣ дар маркази шаҳр аз тарафи шуъбаи ободонии КВД “ХМК” зиёда аз 2500 бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ, 18000 кўчати гулҳои садбаргу гулбуттаҳо ва 20000 дигар гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд. Ба масоҳати 500 метри мураббаъ заминҳои сари роҳҳо тухми сабза корида шуд.

Дар шаҳракҳо 505 бех дарахти ардаҷ, 1268 бех дарахти санавбар, 159 бех дарахти арча, 115 бех дарахти туя, 50 бех ёси ҳиндӣ, 1190 бех сафеддор, инчунин 615 бех ниҳоли зардолу, 246 бех ниҳоли сиёҳолу, 395 бех ниҳоли шафтолу, 243 бех ниҳоли гелос, 462 бех ниҳоли олуча ва 8135 бех гули садбарг, 6800 бех карнайчагул, 100 бех гулкарам шинонида шуданд.