zoofirma.ru

аз 28-уми марти соли 2017, №23 «Дар бораи таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2018 ва нишондиҳандаҳои дурнамои буҷети шаҳр барои солҳои 2019-2020

Мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати таъмини иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 2-ф аз 25-уми январи соли 2017 ва амри Раиси вилояти Суғд аз 24-уми феврали соли 2017, №54 бо мақсади таҳияи саривақтии лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2018 ва нишондиҳандаҳои дурнамои буҷети шаҳр барои солҳои 2019-2020, истифодаи самараноки захираҳои буҷет ва ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамуҳлати молиявӣ амр медиҳам:

Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон лоиҳаи нақшаҳои молиявӣ, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии пулакӣ, мувозинаи даромаду хароҷот, ҳисоби воридоти андозӣ, аз ҷумла аксизҳо, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар пардохтҳои давлатиро таҳия намуда, то санаи 5-уми майи соли 2017 ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намоянд.

 

Нозироти андози шаҳр то санаи 5-уми майи соли ҷорӣ ба Раёсати молия дар шаҳр маълумотҳои зеринро аз рўи ҳисоботҳои воқеии соли 2016, баҳодиҳии соли 2017 ва дурнамо барои солҳои 2018-2020 пешниҳод намояд:

- оид ба ҳисобҳои пешакии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар соли 2017 дар миқёси шаҳр;

- оид ба маблағи имтиёзҳои андозӣ аз рўи намудҳои андоз, низомҳои махсуси андозбандӣ (фасли XVI Кодекси андоз) ва низомҳои имтиёзноки андозбандӣ (фасли ҶVII Кодекси андоз) дар миқёси шаҳр барои соли 2017;

- маълумотҳо оид ба шумораи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андозҳое, ки тибқи низомҳои махсуси андозбандӣ пардохта мешаванд, шумора ва намудҳои фаъолияти соҳибкорони бо патент ва шаҳодатнома фаъолиятбаранда, андоз аз субъектҳои бизнеси бозӣ ва андоз тибқи низоми содакардашудаи дар миқёси шаҳру шаҳракҳо;

- рўйхати супорандагони андози аксизӣ ва андоз барои захираҳои табиӣ, инчунин воридоти интизории ин андозҳо дар соли 2017 дар миқёси шаҳр;

- рўйхати андозсупорандагони калон ва миёна, манбаи андозбандӣ ва ҳисоби пешакии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар соли 2017;

- маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқул (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), аз ҷумла андози замин дар соли 2017 дар миқёси шаҳр ва шаҳракҳо.

Бахши сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то санаи 5-уми майи соли 2017 ба Раёсати молия дар шаҳр маълумотҳои зеринро барои солҳои 2018-2020 пешниҳод намояд:

- барномаҳои сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2018-2020;

- ҳисоби воридоти маблағҳо аз ҳисоби дивидендҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ки дар фонди оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад;

- ҳисоби воридоти маблағҳо аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ;

- маблағи иҷорапулӣ аз ҳисоби ба иҷора додани амволи давлатӣ.

Бахши омори шаҳр то санаи 5-уми майи соли равон ҳисоботҳои оморӣ дар бораи шумораи воситаҳои нақлиёт ба ҳолати 1-уми январи соли 2017, шумораи умумии аҳолӣ (аз ҷумла фаъоли иқтисодӣ), музди меҳнати миёнаи моҳона, ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана, хизматрасониҳои пулакӣ, нархҳои истеъмолӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, сохтмони асосӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилиро ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намояд.

Шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳр то 5-уми майи соли равон маълумот оид ба шумораи воситаҳои нақлиёт ба ҳолати 1-уми январи соли 2017 бо нишон додани тамға ва иқтидори вазнбардорӣ барои муайян намудани заминаи андозбандии андоз аз воситаҳои нақлиёт ба Раёсати молияи шаҳр пешниҳод намояд.

Кумитаи идораи замини шаҳр то санаи 5-уми майи соли равон якҷоя бо Нозироти андози шаҳр маълумотҳоро оид ба ҳисоби андоз аз молу мулки ғайриманқул (андози замин) барои солҳои 2018-2020 дар миқёси шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намояд.

Идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон якҷоя бо кумитаи идораи замини шаҳр то санаи 5-уми майи соли 2017 оид ба маблағи умумии фурўши амволи ғайриманқул дар солҳои 2016 ва 5 моҳи аввали соли 2017 мувофиқи шаҳру ҷамоатҳо ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намояд.

Сохтори госпиталӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр барои таҳияи саривақтии лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2018:

- афзалиятро ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо дарназардошти зиёдшавии хароҷоти воқеии ҳарсола барои нигаҳдории онҳо, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат муайян намояд;

- басти вазифаҳо ва пардохти музди меҳнатро барои кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа муайян (рўйхати ташкилотҳо, марказҳо ва муассисаҳои буҷетие, ки ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа дохил мешаванд) ва пешниҳод намояд;

- маблағҳои молиявиро байни муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа тақсим намоянд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр дар доираи ислоҳот ва маблағгузории соҳаи маориф дар солҳои 2018-2020:

- музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро бо дарназардошти шумораи муассисаҳо, воҳидҳои ҷои корӣ муайян намуда, маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

Раёсатҳо, шуъбаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд:

- дурнамои тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии соҳаҳоро ба асос гирифта, мувофиқи қарорҳои қабулшуда ва супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муҳлати на дертар аз санаи 5-уми майи соли 2017 нақшаи хароҷотҳои ҷамъбастӣ ва ҳисоби асосноки онро таҳия ва ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намоянд;

- якҷоя бо лоиҳаи нақшаҳои хароҷотҳои буҷет, лоиҳаҳои хароҷоти маблағҳои махсусро бо ҳисобҳои асоснок мувофиқи ҳар як моддаи буҷет аз рўи номгўи ташкилоту муассисаҳое, ки барои истифодаи маблағҳои махсус ҳуқуқ доранд, пешниҳод намоянд.

Шуъбаи иқтисод ва савдои
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Гулистон