zoofirma.ru

Дар асоси фармони якҷояи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар вилояти Суғд аз 6-уми феврали соли 2017 таҳти №26/37 «Дар бораи ташкил ва гузаро- нидани озмуни ҳафтуми ҷум- ҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» як қатор чорабиниҳо раҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади инкишофи корҳо оид ба гирифтани пеши содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кўдакону наврасон, вазнинии оқибати онҳо ва ҷалб намудани диққати идораю ташкилот, корхонаҳо ва инчунин воситаҳои ахбори омма ба масъалаи мазкур дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Конибодом давраи минтақавии озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он як гурўҳ наврасон аз макотиби шаҳр Гулис-тонро намояндагӣ намуданд.

Ҳадафи баргузории чунин озмунҳо ҷалби наврасону пиёдагардон ба масъалаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошад.

Шарифҷон НЕГМАТОВ,
нозири калони
ХРД ШБДА шуъбаи
вазорат дар шаҳри
Гулистон, лейтенанти
калони милитсия