zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» маҳфили адабии «Китоб – сарчашмаи нури маърифат» бо иштироки адибони шинохтаи кишвар Алӣ Бобоҷон, Ҷўра Ҳошимӣ, Нависандаи халқии Тоҷикстон Муҳиддин Хоҷазод, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, кормандони Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Амиҷон Шукуҳӣ, омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирокчиёни маҳфилро аз номи раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо баргузории чорабиниҳои фестивали ҳафтаи китоб шодбош намуд. Сипас шоирони маъруфи бачагон Алӣ Бобоҷон ва Ҷўра Ҳошим дар манфиати китобу китобхонӣ суханронӣ намуда, барои дўстдорони китоб намунаҳо аз ашъори худ қироат карданд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, директори китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ Муаззама Расулова, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Каромат Қосимова, ҳунарманди маъруфи тоҷик, мудири бахши фарҳанг Фатҳулло Абдуллоев роҷеъ ба маданияти китобхонӣ ва арзиши бебаҳои китоб андешаронӣ намуданд.

Сипас, муштариёни фаъол ва доимии китобхонаи шаҳрӣ барномаи марғуби адабӣ-фарҳангиро манзури тамошобинон намуда, дар васфи китобу дониш ва маърифат шеърҳо қироат карда, саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд.