zoofirma.ru

Даври ниҳоии Олимпиадаи фаннии хонандагон санаи 15-16-уми апрели соли 2017 дар мактаби байналмиллалии президентӣ аз фанҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ ғолибони даври вилоятӣ аз фанҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Аз муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон 2 нафар: Толибоев Носир хонандаи синфи 11-и МТМУ №1-и маркази шаҳр аз фанни забон ва адабиёти рус ва Юлдошев Шоҳрух хонандаи синфи 11-и МТМУ №8-и ҷамоати шаҳраки Сирдарё аз фанни география иштирок карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Шоҳрух Юлдошев барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шуд.

Толибоев Носир бошад дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо бо медали нуқра ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. «Соҳил» аз номи кулли муштариёни худ Носир Толибоевро бо дастоварди шоистаи донишандӯзӣ таҳният намуда, барояш офияту комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорад.