zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳафтаи сипаришуда дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо бонувони фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд мулоқот доир намуд.

Раиси шаҳр зимни суханронии хеш роҷеъ ба ғамхориҳои рўзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саҳм ва иштироки занон дар рушд ва инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, мавқеи калидӣ доштани зан-модар дар тарбияи насли наврас ҳарф зад. Мудири шуъбаи кор ба занони кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирўза Раҳимӣ нисбати пазироии гарму ҷўшон ва баргузории чорабинии «Бонуи беҳтарини ҳизб» изҳори миннатдорӣ намуд. Бонувон-намояндагони кумиҷроияҳои ҳизбии шавҳру ноҳияҳо ҳамчунин, аз осорхонаи корхонаи овозадори «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд.

Дар толори маркази хизматрасонии «Дурахшон» озмуни шаҳрии «Бонуи беҳтарини ҳизб» баргузор гардид. Дар ибтидо раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Каромат Қосимова меҳмонон ва иштирокчиёнро самимона шодбошӣ намуд. Сипас аз рўи шартҳоим озмун: муаррифӣ, саволу ҷавоб, маҳорати кадбонугӣ ва намоиши истеъдод иштирокчиён байни ҳам қувва озмуданд. Аъзои ҳакамон ба иштирокчиёни озмуни «Бонуи беҳтарини ҳизб» Мафтуна Ҷўраева намоянда аз ташкилоти ибтидои шаҳраки Консой, Райҳона Ҳамзалиева намоянда аз ташкилоти ибтидои шаҳраки Адрасмон, Сурайё Шарифова намоянда аз ташкилоти ибтидои муассисаи таҳсилоти иловагии Гулистон, Марҷона Ўрунова намоянда аз ташкилоти ибтидои шаҳраки Сирдарё ва Маҳина Тоҳирова намоянда аз ташкилоти ибтидои маркази шаҳр баҳои баланд гузоштанд. Дар интиҳо ба иштирокчиён туҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ супорида шуданд.