zoofirma.ru

Дастаи ҳозирҷавобони навраси адрасмонӣ – «Истиқлол» ба озмуни ҷумҳуриявии телевизионии кўдакону наврасони «Баҳористон» роҳхат гирифт. ҷоиз ба зикр аст, ки дастаи мазкур дар озмуни вилоятӣ пирўзӣ ба даст оварда, нисбат ба дастаҳои дигари шаҳру навоҳии вилоят бартарӣ нишон дода, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ гардиданд.

Ба дастаи «Истиқлол» муҳассилини муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7 ва 13-и шаҳраки Адрасмон дар ҳайати Умед Алданбердиев, Ҷаҳонгир Пўлодов, Сарвиноз Узарова, Мадина Узарова, Паризод Ҳошимова, Зайнура Назармаматова, Фарангис Назармаматова, Кимсанбой Усмонов, Севинч Эрматова ва Бахтиёр Одинаев шомил ҳастанд. «Соҳил» ба дастаи ҳозироҷавобони навраси адрасмонӣ дар даври ниҳоӣ пирўзӣ таманно дорад. Муваффақ бош, «Истиқлол»!