zoofirma.ru

Ба муносибати 72-умин солгарди Рўзи Ғалаба ба 11 нафар заҳматкашони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла ба 8 нафар аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 1200 сомонӣ (дар маҷмўъ 11100 сомонӣ) ва аз номи Раиси шаҳри Гулистон ба 11 нафар дар маҷмўъ ба маблағи 7000 сомонӣ кумакпулии яквақта расонида шуд.

Дар арафаи ид рўзи ид аёдати 70 нафар собиқадорон, заҳматкашони ақибгоҳ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҷанговарони байналмиллал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил ва аъзои оилаи шахсоне, ки дар ҷангҳо ҳалок гардидаанд ба роҳ монда шуда, дар маҷмўъ ба маблағи 9100 сомонӣ ба онҳо маводи хўрока расонида шуд.