zoofirma.ru

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр озмуни шаҳрии «Шукуфаҳои Истиқлол» бо иштироки тарбиятгирандагони 9 муасссисаи томактабӣ, аз рӯи панҷ шарт баргузор гардид.

Дар он тарбиятгирандагони МТТ № 3 Нозия Мирзоқулова, МТТ № 1 Маҳваш Бойматова, МТТ № 2 Сабрина Шаҳюсуфбекова, МТТ № 22 Оиша Нусратуллоева, МТТ № 11 Муҳайё Раҳматуллоева, МТТ № 21 Саидамир Улмасов, МТТ № 5 Севара Иброҳимова, МТТ № 9 Сарвиноз Холбекова, кӯдакистони хусусии «Наргис» Хушнуда Шарифова иштирок намуданд. Шоҳҷоизаи озмун насиби тарбиятгирандаи МТТ «Суғдиён» Нозия Мирзоқулова гардид.

Иштирокчиён ва ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.