zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи комиссияи фавқулодаи зиддиэпидемологӣ бо иштироки аъзои Комиссия ва роҳбарони нуқтаву марказҳои савдо, бозорҳо, намояндагони муассисаҳои хизматрасониву маишӣ, масъулини ҷамоатҳо, зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаи натиҷабардорӣ оид ба омадагии нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, хўрокворӣ, бозорҳо, минтақаи истироҳатӣ ва мавзеъҳои оббозӣ дар соҳили обанбори “Баҳри тоҷик”, осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, ”Усмонҷон”, урдугоҳҳои истироҳатии кўдакони “Шоҳин”, “Чароғак” ва наздимактабӣ ба мавсими тобистони соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҷеъ ба масъалаи мазкур сардухтури маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии шаҳр Илҳом Самадов маърўза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ аз ғизо аз тарафи кормандон ва мутахассисони МНДСЭ-и шаҳр корҳои назаррас ба сомон расонида, алҳол дар зери назорати шуъбаи гигиенаи хўрок 150 иншоот ба қайд гирифта шудаанд. Дар қайд 55 муассисаи савдо ва 76 муасссисаи хўроки умум ва 18 иншооти истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ мебошанд. Дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ 78 санҷиши санитарӣ, аз ҷумла 60 санҷиш бо иштироки духтурон ва 45 санҷиш бо усули ташхисӣ роҳандозӣ гардид. Барои қоидавайронкунии санитарӣ-гигиенӣ нисбати 21 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Дар натиҷа фаъолияти 5 иншоот - қаҳвахонаи “Дўстӣ”, дўкони фурўши гўшт, мағозаи хўроквории “Мубина”, “Абдуҷамил” ва “Фараҳноз” то ислоҳи камбудиҳо муваққатан боздошта шуданд. Барои қоидавайронкунии санитарӣ-гигиенӣ 21 нафар соҳибкорон огоҳонида шуда, аз онҳо баёноти хаттӣ гирифта шуд. Дар раванди санҷишҳои санитарӣ дар иншооти савдо ва хўроки умум 96 обшўякҳо барои ташхиси бактериологӣ гирифта шуданд, ки аз онҳо 8-тояш ба талаботи санитарӣ мувофиқат намекард. Инчунин барои ташхиси кимёвӣ 126 номгўи маводҳо ҳамчун намуна гирифта шуданд, ки аз онҳо 17-тояш ба талаботи санитарӣ ҷавобгў набуданд. Мавсуф ҳамзамон доир ба ҳолати санитарии бозорҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳои корхонаву муассисаҳо ва амсоли ин иттилоот дода, дар бораи корҳои дигари ба иҷро расонидашуда сухан ронд.

Раиси шаҳри Гулистон зимни пурсиш нисбати фаъолияти марказ ва дигар сохтори марбута изҳори нигаронӣ намуда, роҷеъ ба тақвияти корбарӣ дар ин раванд дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки вазъи ободонии нуқтаҳои савдо ва хўроки умум, сатҳи хизматрасонӣ, риояи ҳолати санитарӣ-гигиенӣ, ташкили рўзҳои санитарӣ дар нуқтаҳои савдо ва хўроки умум, сару либоси ягонаи кормандони соҳа, тарзи муомила ва муошират, сифат ва муҳлати маҳсулот, ҳолати ногувори бозорҳои Адрасмон, Чоруқдаррон ва Консой ва монанди ин бояд таҳти назорати қатъӣ гирифта шаванд.

Дар интиҳо аъзои комиссия лоиҳаи қарори дахлдорро қабул ва тасдиқ намуданд.