zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷамъбасти озмунҳои шаҳрии «Офарин», «Ҳуқуқҳои худро меомўзем», «Осмони соф» ва «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардида, ғолибон бо туҳфа ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир барои бачаҳо санъаткорони бахши фарҳанг ва дастаҳои ҳунарии макотиби шаҳр барои тамошобинон барномаи марғуби консертиро таҳти унвони «Мо баччагони хушбахти истиқлолем» манзур намуданд.