zoofirma.ru

Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳрак доир гардид.

Мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев, мудири маркази назорат ва таҳлили ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Киромиддин Мухторов сухан ронда, зикр намуданд, ки маҳз бо ибтикори Роҳбари муаззами кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - Соли ҷавонон эълон шуд, сипас баромадкунандагон роҷеъ ба зарурат ва ҳадафҳои он, мақоми ҷавонон дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиии кишвар, доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, таҳаввули мафҳуми Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар партави Ваҳдати миллӣ, эътирофи ҷаҳонӣ ёфтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ ибрози назар ва андеша намуданд.

Дар ҷараёни мулоқотҳои судманд ва самимӣ Зарина Абдураҳмонова, Райҳона Ҳамзалимова, Парвина Усмонова ва Райҳона Раҳматуллоева сокинон ва ҷавонони шаҳр ба гурӯҳи таблиғотӣ, барои оростани суҳбати пурмуҳтаво миннатдорӣ баён карданд. Омодагии хешро баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.