zoofirma.ru

Тибқи дастури Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, мудири шуъбаи маориф, мудирони бахши нақлиёт ва коммуникатсия, саноат ва энергетика, меъморӣ ва ҳифзи муҳити зист ба шаҳраки Чоруқдаррон сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар даромадгоҳи шаҳрак бо иштироки ҳайати гурўҳи корӣ, инчунин раиси ҷамоат, директори ҶСШК «КНФЛ», раисони маҳаллаҳо доир ба вазъи даромадгоҳ гуфтугузор ба вуқўъ пайваст, доир ба тоза кардани ду тарафи роҳ аз алафу буттаҳои худрўй, таъмири ҷории роҳ, сохтмонҳои нотамоми канори роҳ, бурриши санитарии дарахтон, ба тартиб даровардани навиштаҷоту овезаҳо, парчаммонак ва тозагии ду даромадгоҳ ба масъулин вазифагузорӣ карда шуд. Ҳамчунин, перомуни ба тартиб даровардани деворҳои тахтагини қади кўчаҳои дохили шаҳрак, иваз кардани шиору овезаҳои куҳнашуда, рангубори деворҳои муҳофизатӣ масъалагузорӣ карда шуданд.

Дар майдони назди Хонаи фарҳанги шаҳрак муовини Раиси шаҳр доир ба омодагӣ ва таҳияи нақшаи баргузории чорабинии умумишаҳрӣ ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чоруқдаррон бо масъулин машварат доир намуд.

Ҳамзамон, дар раванди боздид роҳбари гурўҳи корӣ бо вазъи муассисаҳои таълимии №2, муассисаи томактабии №5, мактаби мусиқӣ, раванди тармиму таъмир, беморхонаи шаҳрак, маркази саломатӣ, ҳолати омодагӣ ба зимистон, вазъи корҳои ободонӣ ва хуррамгардонии он шинос гардида, ба масъулин вазифагузории мушаххас намуд.