zoofirma.ru

Бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 16-уми августи соли равон, таҳти №222 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2018» ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур бояд роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, муассисаву идораҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ин маъракаи муҳимро мутобиқи нақша таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии рўзафзуни Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода соли ҷорӣ нархи обуна ба ҳафтаномаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – «Соҳил» нисбат ба соли гузашта арзонтар шуда, нархи обунаи солонаи «Соҳил» ҳамагӣ 65 сомониро ташкил медиҳад.