zoofirma.ru

Қишри ба таваҷҷуҳ ниёздоштаи ҷомеа дар мадди назари Ҳукумати кишвар, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қарор дошта, бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ ба онҳо кумакҳои моливу пулӣ расонида мешавад.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи дониш ва иди саиди Қурбон ба зиёда аз 150 нафар ятимони кул, кўдакони бепарастор ва мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат сарулибоси мактабӣ дар вазъи идона дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақдим карда, онҳоро сидқан табрик намуда, барояшон таҳсили хубу аъло таманно намуд.