zoofirma.ru

Ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Иди Қурбон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва корхонаву ташкилот, соҳибкорони саховатманди шаҳр як қатор корҳои хайр ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, ба беш аз ҳазор нафар оилаҳои ба таваҷҷуҳ ниёз дошта ва ятимону бепарасторон кумакҳои моддиву пулӣ расонида, маъюбон ва шахсони яккаву танҳо аёдат карда шуданд.