zoofirma.ru

Дар шаҳраки кӯҳканони Зарнисор бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо тасмими муассисаи хоҷагии коммуналии шаҳрак (сардораш Асадулло Насриддинов) ба азнавсозӣ оғоз гардид.

Алҳол мутахассисон ба таъмири бинои истиқоматии панҷошёна оғоз намуданд. Бояд зикр кард, ки солҳои зиёд дар шаҳрак биноҳои баландошёна кӯҳна гардида, ба ҳолати ногувор омода буданд.