zoofirma.ru

Дар толори бахшии фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонид. Сипас бо иштироки толибилмони муассисаҳои таълимии № 14, хонандагони фаъоли китобхонаи шаҳрӣ намоиши адабӣ-бадеии «Қофиласолори назми тоҷик» бо намоиши саҳначаҳо аз рӯзгори шоир, қироати порчаҳои назмӣ аз эҷодиёти гаронмояи Одамушшуаро ва суруду таронаҳо аз ашъори устод табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дар толори бахши фарҳанг намоишгоҳи намунаи осори устод Рӯдакӣ, ки солҳои гуногун ба нашр расидаанд, ташкил карда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ, китобхонаи шаҳрӣ ва коллеҷи тиббӣ чорабиниҳои хотирмон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардиданд.