zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқ, Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи дувоздаҳум ба кори худ шурўъ намуд. Дар ибтидо котибот, рўзнома, регламенти иҷлосия аз тарафйи вакилон тасдиқ гардид.

 

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум масъалаҳои зерин: Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дар бораи татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020", ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Истиқлол» № 8, С.К.Бойматова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ, тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Оид ба рафти табиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мадализода Илҳом Раҳим маърўзаи муфассал намуд. Аз ҷумла, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аъзои комиссияи доимӣ, сохторҳои марбута баҳри таъмини ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти беҳуда, ки ба манфиати иқтисодии ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад, як қатор тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ ва амалиро раҳандозӣ намуданд. Дар музокира вакилон Р.Ҳамзаалиева, С.Нурматзода ва Д.Содиқӣ иштирока намуданд.

Дар бораи татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020" муовини Раиси шаҳр Оқилзода Ғайрат Аҳмад баромад намуда, тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти муборизи бар зидди зуҳуроти экстремизм ва терроризм чун як иштирокчии фаъол мешиносад ва эътироф мекунанд. Дар музокираи мавзуи мазкур Р.Сафаров, М.Бобозода ва М.Шарипов иштирок намуда, оид ба масъалаи мазкур фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Дар кори иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқимҷон Саидов иштирок ва баромад намуд.