zoofirma.ru

Бахшида ба Иди касбии омўзгорон дар толори шуъбаи маориф ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода аз номи Раиси шаҳри Гулитстон Сатториён Матлубахон Амонзода омўзгоронро бо иди касбиашон муборакбод намуд. Мудири шуъбаи маориф Мирҷумъа Бобозода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён Муслимахон Fайбуллозода ҳозиринро бо Рўзи муаллим шодбош намуданд.

 

Сипас дар вазъи мутантан ба муассисаҳои таълимии шаҳр 130 компютери нав ва 1270 миз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба омўзгорони пешқадам ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумиҷроияи ҲХДТ, шуъбаи маориф супорида шуда, 4 нафар муттахассисони ҷавони соҳаи маориф ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд.