Сатри равон

Навид

Дар арафаи ид ба муносибати 73-юмин солгарди Рўзи Ғалаба собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Петрова Анастасия Ивановна аз тарафи Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аёдат карда шуда, ба мавсуф ҳадяпулии Раиси вилоят ва Раиси шаҳр супорида шуд.

Ҳамзамон ба 6 нафар заҳматкашони ақибгоҳ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо маблағи 1200 сомонӣ ва аз номи Раиси шаҳри Гулистон ба маблағи 800 сомонӣ кумакпулии яквақта супорида шуд.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

14 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ карданд.

30-юми апрели соли равон раванди бақайдгирии асосии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Мувофиқи ҳисоботи даврии Маркази миллии тестӣ 355 нафар (75,5%) хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон аз қайд гузаштаанд, ки аз ин шумора 286 нафар (56,6%) хатмкунандагони соли таҳсили 2017-2018 ва 69 нафар (13,7%) хатмкардагони солҳои қаблии муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1456
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1834
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11439
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13736
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48014
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:56870
mod_vvisit_counterҲамагӣ:942769

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар