zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар  давоми нуҳ моҳи соли 2019 фаъолияти худро дар асоси  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, истифодаи оқилонаи замину об ва дигар сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои рушди иҷтимоии маҳал, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кумаки тиббию санитарӣ, баланд бардоштани шароити моддию маишии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба роҳ монд.

1. Маълумот оид ба таъминоти расмиёти ҳуқуқӣ ва шумораи Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо.

Дар  нуҳ моҳи соли 2019 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 17 қарор ва 1 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 Амр ва 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки бо мақсади таъмин гардидани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баҳри амалӣ гардидани онҳо нақшаи чорабиниҳо низ таҳия гардидааст.

Роҷеъ ба тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.12.2019 №АП-1146, қарори раиси вилояти Суғд аз 5-уми феврали соли 2019, № 54 қарори  дахлдори раиси шаҳр аз 14-уми феврали соли 2019, № 47  “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иборат аз 42 банд  таҳия гардида, марҳила ба марҳила амалӣ карда шуда истодааст.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, қарори раиси вилояти Суғд аз 21-уми феврали соли 2018, № 51 бо мақсади тарғиби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарори раиси шаҳри Гулистон аз 16-уми марти соли 2018, № 57 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, тибқи он нақшаи чорабиниҳо иборат аз 79 банд тасдиқ намудааст. Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ тавсеа ёфта, тибқи нақша ҷараёни бунёд, тармиму таъмир ва азнавсозии беш аз 180 иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад.

Дар ин марҳила 8 нақшаи чорабиниҳо оид ба сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ворид гардидааст, ки мувофиқи онҳо низ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, таъмини иҷрои онҳо зери назорат қарор гирифта, дар ин раванд иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, маорифу тандурустӣ, бунёди коргоҳҳои хурди саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва дар ин замина барои зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати татбиқи Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро минбаъд низ роҳандозӣ хоҳад намуд.

 

2.1.1. Раванди амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр;

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Гулистон барои солҳои 2016-2020” инчунин ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои амалишавии барномаи мазкур тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон  барои солҳои 2016-2020” бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 30-юми октябри  соли 2015, № 41 тасдиқ гардидааст.

Ба Барнома дар маҷмӯъ 55 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи умумии он 101,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Алҳол аз миқдори умумии лоиҳаҳо  34 лоиҳа  ба  маблағи 53,4 млн сомонӣ пурра иҷро гардидаанд, ки 174 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои пурра иҷрошуда ва 52,7 фоизи маблағи умумии Барномаро ташкил медиҳад.

2.1.2. Ҳолати ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳаҷми кумаки молиявӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо  бо дарҷи номгӯи вазифаҳои маблағгузоришаванда.

Дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019-ум аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои Ҷамоати шаҳракҳо  1024827 сомонӣ маблағ мувофиқи сметаи ягонаи даромад ва ҳамаи хароҷотҳо ҷудо гардидааст, ки бо моддаҳои зерин хароҷот карда шудааст: моддаи 2111 “Музди маош” 572791 сомонӣ, моддаи 2121 “Маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ” 142343 сомонӣ, моддаи 2122 “Суғуртаи хизматчиёни давлатӣ” – 2625 сомонӣ, моддаи 2211 “Хариди маводҳои конселярӣ” – 31238 сомонӣ, моддаи 2214 “Хароҷоти ҷорӣ ба ғайр аз таъмир (сафархарҷӣ)” – 37253 сомонӣ, моддаи 2218 “Хизмати алоқа” – 1409 сомонӣ, ба моддаи 2217 “Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ” 9320 сомонӣ, ба моддаи 2216 “Хизмати мутахассисон” – 13838 сомонӣ, ба моддаи 2814 “Харидани техника ва таҷҳизот” 65275 сомонӣ, ба моддаи 2221 “Музди маош ва суғуртаи иҷтимоии кормандони ёрирасон 50314 сомонӣ, ба моддаи 2222 “Маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷи иҷтимоии кормандони ёрирасон” 12527 сомонӣ, ба моддаи 2213 “Сӯзишворӣ” 3000 сомонӣ ва ба моддаи 2215 “Таъмири нақлиёт” –64331 сомонӣ.

 

2.1.3. Натиҷаи баррасӣ  ва ҷараёни ҳалли  муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин  аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида (банди 59, Паём);

Бояд қайд намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2019-ум ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 635 муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардида, (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 120 адад кам)  615 муроҷиатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки аз ин миқдор муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон қонеъ карда шуд–238 адад, фаҳмонида шуд–266 адад, рад карда шуд- 11 адад, тибқи тобеият ирсол карда шуд-100 адад ва 20 адад муҳлати баррасӣ  дорад. Инчунин дар шабакаҳои интернетии VIӢӮҚ, WHATSAPP  ва FACӮӢOOK таҳти рақами 92 977 33 55 барои муроҷиати қулай ва дастрас саҳифа кушода шудааст.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз мақомотҳои болоӣ ҳамагӣ 45 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардида, 15 адад тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст. (Нисбат ба ҳамин даврат соли гузашта 6 адад зиёд) Ҳамаи муроҷиатҳо дар муҳлати муайянгардида ҳаллу фасл карда шуда, ахборотҳои зарурӣ ба мақомотҳои болоӣ пешниҳод гардиданд.

Таҳлили сифатии муроҷиатҳои шаҳрвандон муайян менамояд, ки имруз масъалаҳои ҳалталаби рӯз дар шаҳри Гулистон асосан вобаста ба таъмин шудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, таъминот бо ҷои кор, таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ва расонидани кӯмаки молиявию моддиро ташкил медиҳад.

Инчунин ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон муайян карда шуда, аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” амал менамояд. Дар ин давра бо масъалаҳои шахсии шифоҳӣ аз ҷониби Раиси шаҳр 166 нафар шаҳрвандон қабул гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45 адад зиёд мебошад.

Муроҷиатҳои шифоҳии воридшуда, чунин ҳаллу фасл гардиданд:  қонеъ карда шуд-85 адад, фаҳмонида шуд-77 адад, рад карда шуд – 2 адад ва муҳлати баррасӣ дорад - 2 адад.

Бинобар набудани заминҳои фонди наздиҳавлигӣ дар қаламрави шаҳр ва шаҳракҳо аз соли 2017 то ин ҷониб ба шаҳрвандон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда нашудааст ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандони шаҳри Гулистон дар қитъаҳои замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ шуда истодааст.

 

2.2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорат қарор дорад. Оид ба таъмини қонуни мазкур дар ташкилоту корхонаҳо 105 санҷишҳои муштарак гузаронида шуд, инчунин оид ба насби шиору овезаҳо, номгӯи мағоза ва дӯконҳои тиҷоратӣ тавсияҳо аз тарафи татбиқи комиссияи забони давлатӣ дода шудааст.

 

2.2.1. Натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва чорабиниҳои амали шуда дар асоси протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.2016, №7 банди 4 (оид ба масъалаи номгузории анъанавӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо)

Дар  нуҳ моҳи  соли 2019  ҷаласаи комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардида, дар он масъалаи пешниҳоди номи объектҳои ҷуғрофии шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он барои ворид намудан ба “Феҳристи ягонаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, тибқи мактуби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  номи 27 объектҳои ҷуғрофӣ ва мавқеи ҷойгиршавии онҳо дақиқ карда шуда, доир ба ислоҳи хатоҳои мантиқиву имловӣ пешниҳод дода шуданд.

 

2.3. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Ҳолати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери назорат қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ 9 маротиба амалиётҳои муштарак ва 70 маротиба вохӯриву чорабиниҳои гуногун бо наврасону ҷавонон баргузор гардид. Инчунин, нисбати 24 нафар волидайн бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз рӯи тобеият ба суд ирсол карда шуд.

 

2.3.1. Натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва чорабиниҳои амалишуда, тамоюли ҷинояткорӣ байни ноболиғон (банди 50 Паём).

Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри татбиқи Низомномаи комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи  кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 29 тасдиқ шудааст, таблиғу татбиқи муҳтавои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута дар татбиқи қонунгузорӣ нисбати кӯдакон тибқи нақшаи муайян байни ноболиғон, аҳли ҷамоатчигӣ, омӯзгорону хонандагон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо дар шаҳр васеъ ба роҳ монда, корҳои профилактики гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 маротиба ҷаласаи комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, 2 қарор ва 3 маротиба ҷаласаи Шӯрои васояту парасторӣ гузаронида шуда, 9 қарор қабул карда шуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шаҳр 13 ҷиноят аз тарафи 10 ноболиғ ба қайд гирифтааст. Дар соли 2018 аз ҷониби 8 нафар аз тарафи ноболиғон ҷиноят содир карда шуда буд. Дар ин давра ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст.

Дар қайди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 9 нафар ноболиғ буда, бо онҳо корҳои профилактикӣ бурда шуд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда, аз тарафи кормандани шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар муассисаҳои шаҳр 80 маротиба вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд.

Дар қайди мақомоти васояту парастории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 98 нафар кӯдакон дар қайд меистанд, ки аз онҳо 53 нафар кӯдак ба васию парасторӣ аз он ҷумла 27 нафарашон ятими кулл мебошанд ва 45 нафар кӯдакони ба фарзандхонӣ гирифташуда. Ҳамаи кӯдакони ба васию парасторӣ гирифташуда аз ҷониби шуъбаи агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр сари вақт бо нафақапулӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин 25 нафар ятимоне, ки дар муассисаҳо таҳсил карда истодаанд ба рӯйхати гирандагони ҷубронпулӣ ворид карда шудаанд.

Дар ин давра шароити зисти 53 нафар кӯдакони ба васию парасторӣ гирифташуда санҷида шуд. Дар муасиссаҳои вилоятӣ 16 нафар кӯдакони шаҳр таълиму тарбия гирифта истодаанд ва 1 нафар ноболиғ ба мактаб-интернати шаҳри Бӯстон ҷойгир карда шуд.

Бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷумла, ғоратгарӣ дуздӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, тарзи либоспӯшии хонандагон ва шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр маҷлисҳои падару модарон гузаронида шуда, бо волидон корбарӣ нисбати амалигардонии Қонуни мазкур мунтазам ба роҳ монда шудаст. Дар ин давра тибқи ҷадвал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоат ва маҳаллаҳо бо сокинони шаҳр 70 маротиба вохӯрӣ, 10 маротиба мизи мудаввар оид ба амалигардонии қонуни номбурда гузаронида шуд. Инчунин дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр «Рӯзҳои падару модарон» гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар ҷамъомадҳои умумии мактабӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар давоми  нуҳ моҳи соли 2019 беш аз 80 маротиба вохӯриву суҳбатҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ–экстремистӣ аз тарафи кормандани сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мушовири корҳои тарбиявии шуъбаи маориф ва намояндаҳои бахши кор бо ноболиғон дар шаҳр ва 70 маротиба рейди муштарак оид ба риояи либоси ягонаи мактабӣ, мӯйи сари баланд, риши дароз, сатрпӯшон ва дарсгурез бо ҳамкории намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

2.4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нуҳ моҳи  соли 2019 баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор корҳои муайяни амалию ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷиширо ба сомон расонид.

Алҳол 7 комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ва инчунин 39 комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мебаранд.

Оид ба амалӣ намудан ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, дар маҳаллаҳо 29 маротиба вохӯриву суҳбатҳо ба роҳ монда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 382 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон вобаста ба баргузории ҷашну маросим маслиҳату тавзеҳот оид ба риоя намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шудааст.

 

2.4.1 Шумораи  маъракаҳои гузаронида шуда, ҳолатҳои қонуншиканиҳо, натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва чорабиниҳои амалишуда (банди 59, Паём)

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳр 382 маърака, аз ҷумла 179 тӯйи домодию арӯсӣ, 172 оши тӯй, 16 маросими чил, 15 маъракаи сол  баргузор гардида, дар маҷмӯъ 1 сар чорвои калон ва 14 сар чорвои хурд забҳ карда шудааст.  Барои доир намудани ин маъракаҳо ба ҳисоби миёна 1796500 сомонӣ маблағ масраф гардидааст, ки ба ҳар як маърака тахминан 5100 сомонӣ маблағ рост меояд. Дар ин давра ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ хатнасури 10 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.

Дар ин давра баҳри пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ аз ҷониби комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо 136 рейд гузаронида шуд. Дар ин давра нисбати як нафар шаҳрванд, сокини шаҳри Хуҷанд Ҷалолов Фурқат Ғаниевич барои риоя накардани талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар натиҷа бо қарори суди шаҳри Гулистон нисбати номбурда бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба маблағи 5500 сомонӣ таъин гардидааст.

 

2.5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракнуии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет” зери назорат қарор дорад.

Фаъолияти сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо домени www.guliston.tj таъмин карда шудааст. Хизматчиёни давлатӣ ҳангоми мукотибот аз почтаи электронӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла, сайти шаҳрӣ бо мундариҷаи маълумоти асосӣ, сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳр, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, иқтисодиёт, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, навигариҳо ва аксҳо пахш гардида истода, ҳуқуқи дар ихтиёр доштани мундариҷа ва навкунии маълумотҳои онро дар бар мегирад. Инчунин дар сомона дархости ҷустуҷӯӣ омода карда шуда, маълумотҳо мувофиқи хоҳиши истифодабарандагон мухтасар ифода карда шудааст.

Истифодаи технологияи компютерӣ бошад,  ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст ва 100 фисади хизматчиёни давлатӣ бо технологияи муосири компютерӣ озодона истифода мебаранд. Дар ҷамоати шаҳракҳо низ нисбати ин масъала тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии калонсолон хизматчиёни давлатии ҷамоати шаҳракҳо ба курсҳои омӯзиши технологияи компютерӣ ҷалб карда шуданд.

Технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дуруст ба роҳ монда шуда, шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо, воҳидҳои зерсохтор тавассути почтаи электронӣ корбариро ба роҳ монда, муросилот бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷамоати шаҳракҳо тавассути почтаи электронӣ сурат мегирад. Аз ҷумла, дар Раёсати молияи шаҳр гузаронидани амалиёти молиявии ташкилотҳои буҷетӣ бо тариқи барномаи SGӢ.nӯt ҷараён мегирад. Дар маҷмӯъ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр унсурҳои ҳукумати электронӣ татбиқ гардида, бо ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

 

2.5.1. Истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (сомона, почтаи электронӣ ва татбиқи унсурҳои «ҳукумати электронӣ»)

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сомонаи расмии интернетӣ бо нишонии www.guliston.tj фаъол буда,  аз соли таъсиси он, яъне аз соли 2013 то инҷониб ба сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон беш аз 2,5 миллион нафар иртибот намудаанд.

Дастгоҳи раиси шаҳр (38 нафар - 100%) бо компютеру ноутбук ва бо принтер, 4 нафар бо почтаи электронӣ таъмин карда шудааст.  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript .

Шабакаи дохилиидоравӣ мавҷуд нест. Бо вуҷуди ин, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр ба шабакаи интернет пайваст, инчунин почтаҳои электронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , дар воҳидҳои сохтории дахлдор ташкил карда шуда, амал мекунанд.

 

2.6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи хизмати давлатӣ”

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 ду маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд. Қарорҳои  раиси шаҳр аз 26 декабри соли 2018, №262  ва аз 20 марти соли 2019, №72 ба тавсиб расида ба 31 мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, аз ҷониби 11 нафар довталаб ба 8 мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба унвони Комиссия ариза ворид гардид. Бо хулосаи Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 8 нафар довталабон ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ лоиқ дониста шудаанд. Аз 8 нафар довталабоне, ки ба сафи хизмати давлатӣ лоиқ дониста шудаанд ҷавонон ва бонувони синну солашон то 35 соларо (ҷавонон) ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳолати ба  амалҳои коррупсионӣ даст задани хизматчиёни давлатӣ дар ҳудуди шаҳр ба қайд гирифта нашудааст.

 

2.6.2 Пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ оид ба замин, шумораи  эътирозҳо, бекор кардани қарорҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба ҳолати замин:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  баҳри татбиқи талаботҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 сол, №1504 тасдиқ шудааст, корҳои муайянро ба сомон расонида, дар ин маврид бо қарори Раиси шаҳр таҳти №432 аз 30.12.2014 сол ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шуда, Низомномаи комиссия тасдиқ карда шудааст. Инчунин Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шудааст.

Ҳамзамон, бо қарори Раиси шаҳр таҳти №95 аз 6-уми апрели соли 2016 “Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия” тасдиқ карда шуда, шаст фоизи аъзоёни комиссия аз ҳисоби иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб гардидаанд.

Баҳри амалигардонӣ ва татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сомонаи расмӣ, нашрияи даврӣ ва телефонӣ боварӣ мавҷуд буда, доимо оид ба рафти татбиқи амалишавии Стратегияи мазкур бо ин расонаҳо маълумотҳо пешниҳод карда мешавад.

Аз ҷумла, гурӯҳи тарғиботчиёни шаҳр дар мавзӯъҳои “Коррупсия ҳамчун зуҳурот”, “ришва додан, сӯйистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ, монеъгӣ кардан барои амали ҳуқуқҳои манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” вохӯриҳо гузаронида шуда, ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷиҳати манфии амалҳои коррупсионӣ крҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шудааст.

Дар нуҳ моҳи  соли 2019 аз ҷониби мақомоти прокуратура ба 4 адад қарорҳои Раиси шаҳри Гулистон дар соҳаи замин эътироз оварда шудааст, ки дар рафти баррасӣ 3 адад эътироз қонеъ гардонида 1 адад эътироз рад карда шудааст.

Дар натиҷаи баррасии эътирозҳо қарорҳои Раиси шаҳр ба талаботи қонун мутобиқ гардонида шуданд.

 

3. Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

3.1.Таҳлили қисми даромад ва хароҷоти буҷет, афзоиш/коҳиш нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта.

Давоми нуҳ моҳи соли 2019 ба қисми даромади буҷети давлатӣ  105,8 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 82 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 23,2 миллион  сомонӣ аз нақша кам маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 35,3 миллион сомонӣ буда, 31,6 миллион сомонӣ ё 89,6 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,6 миллион сомонӣ кам маблағ ворид гардид. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

 

3.2. Ҳолати пардохти андозҳо аз рӯи ҳар як намуди онҳо.

Аз  ёздаҳ намуди андозу пардохтҳо панҷ намуди андоз:  андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  ва андози иҷтимоӣ  таъмин нашуд. (дар ҳамин давраи соли гузашта танҳо се намуди манбаи даромад таъмин нагардида буд).

Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 94,2% иҷро гардид. Аз ҷумла: соҳаи идоракунӣ – 96,1%, мудофиа – 100%, ҳифзи ҳуқуқ – 80,6%, маориф – 92,6%, нигоҳдории тандурустӣ – 93,6%, суғуртаи иҷтимоӣ – 92%, хоҷагии манзилию коммуналӣ – 99,0% ва фарҳанг 92,1% иҷро гашт. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 21,1 миллион сомонӣ ё 62,1% маблағи буҷет равона гардид. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар  нуҳ моҳи сипаришуда бо пуррагӣ таъмин гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти  хароҷот 28 миллиону 139,5 ҳазор сомонӣ  (нақша - 35 миллиону 945,7) иҷро гашт, ки баробар ба 78,3%  мебошад.

 

3.3. Мавҷудияти бақия аз рӯи намуди андозҳои пардохтнашуда ва корҳои анҷомдодашуда дар самти коҳиш додани бақияи андозҳо;

Масъалаи қарзи андозҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ  баҳри кам намудани маблағи қарзи андоз, ҳаматарафа омӯхтан, мавриди муҳокима қарор додан роҳҳои ҳалли он масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, тибқи муқаррароти боби 12 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон “Чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории дар муҳлаташ иҷронашудаи андоз” ва “Ситонидани қарзи  андозҳо аз ҳисоби маблағҳои пулии нақдӣ ва ситонидани қарзи андозҳо  аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби бонкӣ”  корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд.

Дар ин давра  ба 19 нафар оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 330,2 ҳазор сомонӣ  қарор кабул карда шуд, ки дар натиҷа  322,5 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардид. Иҷрои қарорҳои қабулгардида  97,7 %-ро ташкил медиҳад. Алҳол, дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Ба санаи 1-уми октбри соли 2019 шумораи андозсупорандагони бақияи қарздошта 7 нафар буда, маблағи қарзи он 88,8 ( ба 01.01.2019- 97,3 ҳазор сомонӣ) ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати аввали сол 3 нафар қарздорон ва ба маблағи 8,5 ҳазор сомонӣ  кам карда шуд

Дар ин давра аз ҷониби нозироти андози шаҳр ҳабси молу мулки андозсупорандагони қарздор гузаронида нашудааст. Инчунин барои муфлис эътироф намудани андозсупорандагон ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод карда нашудааст.

 

3.4. Мавҷудияти  қарзи музди меҳнат (ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ)

Бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот, аз ҷумла музди меҳнат, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди нафақа, стипендия, кумакпулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ саривақт пардохт карда шуда, дар  ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз вуҷуд надоранд.

Тибқи маълумоти омории моҳҳои январ-августи соли 2019  қарзи  музди маоши муҳлаташ гузашта танҳо дар як корхонаи саноатӣ ин ҳам бошад, дар ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон»  мавҷуд  буда,  ба ҳолати 1-уми сентябри  соли 2019-ум   10  миллиону 190 ҳазору 975 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки то комилан баррасӣ  ва ҳал шудани  масъалаҳои муҳими ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон»,  ки дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,  корхона  наметавонад  пурра  қарзҳои мавҷудбударо пардохт намояд.

 

3.5. Тамоюли афзоиш ё камшавии музди миёнаи меҳнат

Тибқи маълумоти омории моҳҳои январ-августи соли 2019-ум  музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2027 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 264 сомонӣ зиёд мебошад (соли 2018-1763 сомонӣ).

Пардохти музди меҳнати кормандони тамоми  корхонаҳои буҷетии шаҳр сари вақт таъмин шудааст.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 11066 ададро ташкил медиҳад (соли 2018 -10108), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 958 ҷой зиёд  аст. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 9410 (соли 2018-8413) нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 997 нафар зиёд мебошад.

3.6. Корҳои андешидашуда ҷиҳати ташаккул додани сарчашмаҳои иловагии  буҷетҳои маҳаллӣ

Баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ташаккул додани сарчашмаҳои иловагии буҷетҳои маҳаллӣ корҳои мушаххас амалӣ карда шуд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи мутахассисон  фаъолияти 61 нафар андозсупорандагон ё шахсони ҳуқуқӣ   назорати камералӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа ба маблағи 504 ҳазору 140 сомонӣ камбудиву норасоӣ ошкор гардид, ки  ба андозсупорандагон барои барқарор намудани маблағҳои ҳисобшуда огоҳинома  бо маълумоти назорати камералӣ ирсол карда шуд. Маблағи мазкур аз тарафи андозсупорандагон ба ҳисоби буҷет пардохт карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки маблағгузорӣ ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо воситаи шуъбаи хазинадории Раёсати молия ба роҳ монда шудааст, ки пеш аз маблағгузорӣ намудан ҳамаи ҳуҷҷатҳо мувофиқи талаботи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 396 аз 18 июни соли 2008 «Дар бораи хазинадорӣ» пурра дида баромада шуда, ҳангоми тасдиқи дурустии он маблағгузорӣ карда мешавад. Самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати мақомотҳои дахлдор  қарор дорад.

 

3.6. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо

Нест.

 

4. Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ (бандҳои 18,20 Паём)

4.1. Шумораи соҳибкорони хурду миёна, тамоюли инкишоф қатъ гардидани фаъолияти онҳо, каму зиёдшавии онҳо аз рӯи соҳаҳо, аз ҷумла занон ва ҷавонони  соҳибкор дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти шаҳр  (бандҳои 18 ва 20 Паём)

Дар шаҳр шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019, 854 нафарро (соли 2018 -838 нафар) ташкил медиҳанд. Аз ҷумла – 185 нафар бо Шаҳодатнома ва 669 нафар бо Патент фаъолият мебаранд. Инчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 – 186 нафар соҳибкорони нав ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 13 нафарашон бо Шаҳодатнома ва 173 нафарашон бо Патент фаъолият бурда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки дар шаҳр дар нуҳмоҳаи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 тамоюли инкишоф, қатъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ, каму зиёдшавии онҳо аз рӯи соҳаҳо ба назар мерасанд. Лекин дар фаъолияти соҳибкорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пешравиҳо дида мешавад. Яъне шумораи соҳибкорони хурду миёна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 16 нафар зиёд гашта, дар соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт ва дигар сохторҳо шумораи соҳибкорони хурду миёна мутаносибан то 101,9 фоиз зиёд гардидаанд.

 

4.2 Рафти ҷалби маҷмӯи маблағҳои сармояҳо дар доираи лоиҳаҳои татбикшаванда, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла: сармояи мустақим, рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Тибқи маълумотҳо дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 443 147 884 сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 422 628 745 сомонӣ сармоягузориҳои мустакими хориҷӣ ва 20 585 000 сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад. Агар дар алоҳидагӣ тарҳрезӣ намоем, сармоягузории  хориҷӣ ин сармоягузории мустақим буда, аз тарафи сармоягузорони хориҷии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой барои пешбурди истеҳсоли соҳаи саноати кӯҳӣ,  ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” таҷҳизоти иловагии истеҳсоли ришта аз давлати  Белгия ва Олмон ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли қолинҳо ворид карда шудааст. Инчунин, аз тарфи ширкати ватании ҶДММ “Маҳмуд ва Ко” ба маблағи 20 миллион сомонӣ корхонаи металлургӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар ин давра, аз ҷониби дигар соҳибкорони хурду миёна низ ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ба маблағи 585 000 сомонӣ амалӣ кардашуда, бинову иншоотҳои соҳаи савдо ва хизмати маишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» аз ҷумла дар шаҳри Гулистон низ амалӣ гардида, лоиҳаи мазкур бо дастгирии Бонки Аврупогии Рушд ва Таҷдид бо маблағҳои кредитӣ ва грантӣ дар ҳаҷми умумии маблаги лоиҳавии 2 387 156 доллари ИМА идома дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар самти «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Гулистон» корҳои хобонидани 12384 метр қубурҳои полиэтиленӣ ва мумфаршкунии роҳи автомобилгард ба анҷом расид. Инчунин дар самти «Барқарорсозии чоҳ, истгоҳи насосии кутали 2-юм ва технологияи коммуникатсионӣ, сехи хлоркунӣ дар шаҳри Гулистон» корҳо ба анҷом расонида шуд. Ҳамзамон дар доираи лоиҳа 5 адад теникаҳои масуси коммуналӣ, 5 адад таҷҳизоти таъмирӣ ва ёрирасон, 7 адад таҷҳизоти лабараторӣ ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани санҷиши оби нушокӣ ва як адад трактор харидорӣ карда шуда, айни ҳол дар истифодаи корхонаи обтаъминкунии шаҳри Гулистон қарор дорад.

Дар маҷмӯъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар шаҳри Гулистон 2296,2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуда, лоиҳа дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Мавриди қайд аст, ки дар шаҳри Гулистон боз як лоиҳаи инвестисионӣ ин ҳам бошад лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум» бо маблағгузории Бонки аврупогии таҷдид ва рушд (ЕБРР),  Бонки инвестисионии Аврупо (ЕИБ) ва “Фонди байналмилали иқлими сабз” амалӣ шуда истодааст. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди НБО “Қайроққум” як қатор корҳои тадқиқотӣ ба анҷом расидаанд, аз ҷумла: корҳои топографӣ, геофизикӣ, андозагирии қисми обгузар ва бетонии нерӯгоҳ (3D сканирования), корҳои тадқиқоти қисми зериобӣ (батиметрия) бо сохта тайёр намудани модели қисми обгузари нерӯгоҳ ва турбинаҳо,  лоиҳакашии муфассал доир ба таҷҳизоти борбардор, корҳои омодасозӣ, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи таҳлия ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ба иҷро расонида шудаанд. Бо ҷалби ғаввосон ва мутахассисони соҳа қисми бетонии нерӯгоҳ аз назар гузаронидашуда, андозаҳои барои лоиҳакашии муфассал муҳим гирифташуда истодааст. Инчунин дар ҳудуди нерӯгоҳ барои сохтмончиён биноҳои ёрирасон, яъне шаҳраки сохтмончиён оғоз ёфтааст. Мӯҳлати амалигардии лоиҳа аз оғози корҳо то интиҳо 57 моҳро ташкил медиҳад. Мувофиқи қарордоди ба имзо расонидашуда, маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 149,9 млн. доллари ИМА буда, марҳила ба марҳила таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ нерӯгоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он бо зиёд намудани иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ шудааст.

 

4.3 Корҳои анҷомдодаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноияҳо дар амалӣ намудани “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ” (банди 20 Паём, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар нақша чорабиниҳои 300 рӯзи ислоҳот”)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ”, ки дар Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2018-ум ироа намуда буданд, таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир намуда, фаъолияти худро дар ин самт пурзӯр гардонида истодааст. Хусусан дар таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо сармоягузорони  маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ корбарии пайваста намуда истодааст. Аз ҷумла дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҷабов М., ки роҳбари ҶДММ “Маҳмуд ва Ко” мебошад, ба маблағи умумии 20 миллион сомонӣ корхонаи металлургии истеҳсоли арматураҳои сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 50 тонна масолеҳ дар як сол сохта ба истифода дода шуд.  Дар расми ифтитоҳи корхонаи арматурабарорӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Корхонаи мазкур дар масоҳати 2,4 га. замин сохташуда, 100 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Боиси қайд аст, ки дар шаҳри Гулистон тибқи қарори Раиси шаҳр Шӯрои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ амал карда истодааст, ки аъзоёни Шӯрои мазкур соҳибкорон, сармоягузорон ва роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон шомил мебошанд. Илова бар ин, шуъбаю бахшҳо ва дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  ҷиҳати амалигардонии “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соибкорӣ дар беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ” корбариро  пурзур намуда, бо соҳибкорон ва сармоягузорон пайваста ҳамкорӣ доранд.

Боиси қайд аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон ҷамъомади корӣ бо соҳибкорон гузаронида шуд, ки дар он кормандони нозироти андози шаҳр оид ба санадҳои меъёрию ҳукукии соҳаи соҳибкорӣ, инчунин талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат ва дастурҳои методӣ расониданд. Ҳамзамон, дар ин давра як қатор чорабиниҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, аз қабили семинарҳои омӯзишӣ, форумҳои соҳибкорон, ярмаркаҳо, конференсияи илмӣ-амалӣ ва мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида, соҳибкорони шаҳри Гулистон, аз ҷониби  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба чорабиниҳои мазкур ҷалб карда шуданд.

4.4 Ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаи соҳибкорон ва сифати омода гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ (банди 18, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 15)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши соҳибкорон, баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаи сохибкорӣ ва инчунин сифати омода намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ пайваста корбарӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии сохибкорӣ, ҷиҳати фаҳмонида додани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми  декабри соли 2015-ум, №1269 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав қабул гардида, ки аз 1-уми июли соли 2016 мавриди амал қарор дорад, моҳи феврали соли 2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Семинар-машварат аз ҷониби намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар семинари мазкур масъулини соҳа ва соҳибкорон, аз ҷумла 25 нафар соҳибкорони пешқадами шаҳри Гулистон низ иштирок намуданд. Дар семинари мазкур муқаррароти умумӣ ва принсипҳои асосии қонуни мазкур ва инчунин ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ва бартариятҳои қонуни нав мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар ин давра як қатор чорабиниҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, аз қабили семинарҳои омӯзишӣ, форумҳои соҳибкорон, ярмаркаҳо, конференсияи илмӣ-амалӣ ва мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида, соҳибкорони шаҳри Гулистон, аз ҷониби  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба чорабиниҳои мазкур ҷалб карда шуданд.

Дар даврони истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ қабулгардида, ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ пешбинӣ шуда, бинобар ин, бояд соҳибкорон ҳуқуқ ва манфиатҳои худро донанд ва аз онҳо баҳраманд бошанд.

Барои дар амал татбиқ намудани ҳуқуқу манфиатҳои пешбинигардида, соҳибкорон бояд аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ кабулгардида, бархӯрдор бошанд, ҳуқуқу манфиатҳо ва уҳдадориҳои худро донанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ кӯшиш намуда, дар  семинарҳо, вохӯриҳо ва мизи мудаввар вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ гузаронида мешаванд, иштироки фаъолона дошта бошанд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Гулистон Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ қабул карда шудааст. Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бо ҷалби номзадҳо аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 13 нафар, сармоягузорони хориҷӣ 1 нафар ва шарикони рушд 3 нафар  қабул карда шудааст.

Шӯро дар ҷаласаҳои кории худ масъалаҳои дар бандҳои дахлдори Протоколи ҷаласаи ҶVIII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки аз 26-уми январи соли 2018-ум, №22/10-76 оварда шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, бахри ичрои ин ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 

4.5 Дастрасии сохибкорон ба қарзҳои бонкӣ ва ҳаҷми маблағҳои ҷудогардида мувофиқи бонкҳо (банди 18,20 Паём)

Алҳол дар ҳудуди шаҳр намояндагии се бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷумла, Бонки Эсхата, Ориёнбонк ва Амонатбонк мебошад. Бонкҳои мазкур дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ҳамагӣ 23,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла  ба соҳибкорон барои пешбурди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба маблағи 16,8 миллион сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

4.6 Ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти лоиҳаҳои пешниҳодгардида ва мавриди амал қарор додашуда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бархурдор гардидани соҳибкорони маҳаллӣ аз грантҳои президентӣ, грантҳои вазорату идораҳои давлатӣ барои оғоз ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо соҳибкорон ҳамкорӣ намуда, барои таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дархости лоиҳавӣ ва бизнес-нақшаҳо бо соҳибкорон якҷоя корбарӣ намуда истодааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки намояндагии Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд ба кор оғоз кардааст, ки дар мулоқот бо роҳбарияти муассиса ва муаррификунии (презентатсияи) самтҳои фаъолияти Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”, ки дар Муассисаи давлатии “Кохи Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд санаи 26 сентябри соли 2019 баргузор гардид, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20 нафар соҳибкорони шаҳр ҷалб карда шуданд.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ тибқи талаботи қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ тартиб дода, барои ворид намудан ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври чопӣ ва электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ пешниҳод карда шудааст. Аз ҷумла:

1.Бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои нассоҷӣ бо арзиши лоиҳавии 50 млн. сомонӣ;

2.Сохтмони аквапарк ва комплекси хизматрасониҳо бо арзиши лоиҳавии 10 млн. сомонӣ;

3.Бунёди корхонаи бандубасткунии маҳсулотҳои мевагӣ ва хушкмеваҳо бо арзиши лоиҳавии 10 млн. сомонӣ;

4.Лоиҳаи сармоягузории ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» ба маблағи 50 млн. сомонӣ;

5.Лоиҳаи барқарорсозии системаи оби нӯшокии шаҳраки Адрасмон ба маблағи умумии 10 млн. сомонӣ.

Инчунин, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  бо корхонаҳое, ки аз фаъолият бозмондаанд, ҳамкорӣ намуда, барои таҳияи лоиҳаи инвеститсионӣ доир ба барқарорсозии корхонаҳои ҶДММ «Абадӣ», ҶДММ «Суғдкабел», ҶДММ «Тафтекс», ҶДММ «Таъминот ва К» ва ҶСП «Комбинати ордбарории Темурмалик»  якҷоя корбарӣ намуда истодааст. Дар ҳолати омода шудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои дастгирӣ ба «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

4.7. Рафти ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор барои фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда (ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон)

Дар ҳудуди шаҳр минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд нест. Лекин, минтақаи саноатӣ мавҷуд буда, дар он инфрасохтор барои фаъолияти бемайлон ва пурсамар ташкил карда шудааст. Аз ҷумла таъминот бо барқи доимӣ, таъминоти об, роҳҳои асфалтпӯшкардашуда, алоқаи телефонӣ ва зиёда аз 12 хатти роҳи оҳан мавҷуд буда, барои фаъолияти соҳибкорон нигаронида шудааст. Дар минтақаи саноатии шаҳр якчанд корхонаҳои истеҳсоли орд, зарфҳои шишагин, шишаи сохтмонӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулотҳои сӯзишвории нафту газ, коркарди пӯст, нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулотҳои нону қаннодӣ, коркарди шир ва истеҳсоли қолинҳо фаъолият мебаранд. Инчунин ҷиҳати ҷоннок кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо роҳбарияти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” корбарӣ намуда, дар ин давра аз тарафи корхонаи мазкур таҷҳизоти махсуси истеҳсоли риштаи полипропилении давлати Олмон  ва як таҷҳизоти махсуси мустаҳкамсозии ришта бо иқтидори 8,5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз аз давлати Франсия барои истеҳсоли қолинҳо ба маблағи умумии 2 934 139 сомонӣ ворид карда шуд. Имрӯзҳо бо дарназардошти воридоти таҷҳизоти замонавии пешқадам дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” истеҳсоли қолинҳои рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда тадриҷан беҳтар гардида, қолинҳои истеҳсолшудаистода ҷилавгари дигар маҳсулотҳои воридгардидаи соҳа гардида истодааст.

4.8. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо

Алҳол, дар шаҳр барои пешбурди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна мушкилиҳои азим ҷой надорад. Аз он хотир, ки шаҳр дар паҳлӯи шаҳру ноҳияҳои калонтарини вилояти Суғд қарор дорад ва ин шаҳру ноҳияҳо аҳолии зиёд дорад ва соҳибкори шаҳр бевосита дар ҳолати таъсиси коронаҳои истеҳсолӣ нағз дарк мекунанд, ки маҳсулоти истеҳсол кардаи худро ба ин шаҳру ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ ба фурӯш мебарорад. Ҳамзамон, бо хориҷаи дуру наздик робитаи иқтисодӣ таъсис медиҳад. Бо баробари ин дар шаҳракҳои шаҳр ва минтақаи саноатии шаҳр инфрасохтори шароити хуб барои фаъолияти соҳибкорӣ ташкил карда шудааст.       Дар шаҳракҳо инфрасохтори мусоид аз давраҳои иттиҳоди шӯравӣ ташкил карда шуда буд.

Роҷеъ ба  зикр аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани  маратория дар ду соли оянда ба ҳамаи намуди тафтишҳо дар соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ин ба ҳамаи соҳибкорони истеҳсолкунанда боз як имконияти саривақтӣ мебошад.

 

 

 

 

 

5.Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат

5.1. Нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсолӣ маҳсулоти асосии саноатӣ аз рӯи намуди маҳсулоти саноатӣ, зиёд намудани ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, раванди содироти маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда (банди 11 паём, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019с., №39, банди 1) :

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи  соли 2019 ба маблағи 2 миллиарду 408 миллиону 779,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 100,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 19,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 96,5%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,6%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 32 корхонаи саноатии шаҳр 22-тои (68,8%) онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 2 маротиба зиёд расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Бо вуҷуди ин, дар 8 корхона (25,0%) ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфта, 2 корхона (6,2%) бино ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолкардааш аз фаъолият бозмонданд.

Дар давоми моҳҳои январ-снтябри соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон  маҳсулотҳои гуногуни  саноатию ниёзи мардумро, аз ҷумла: 184512,7 тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис, 12468,1 метри мукааб санги сохтмонӣ, 9961,8 тонна комбикорм, 28307,6 метри мукааб регу сангмайда, 4488 метри мукааб кислород, 16994,2 тонна орд, 2442 тонна сабӯс, 28,1 деколитр коняк, 4869 деколитр арақ, 1509,4 деколитр мусалласи ангурӣ, 17,4 деколитр шампан, 610 деколитр оби ҷав, 1759,9 ҳазор метри мураббаъ қолин, 269,2 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои тафтенгӣ, 153200 дона коркарди пӯст, 9,3 тонна бензин, 66,2 тонна сӯзишвории дизелӣ, 11,6 тонна мазут, 131,3 тонна ширеш, 63 тонна  калсит, 133402 литр грунтовка, 41,8 тонна оҳак, 40,4 тонна гаҷсанг, 127,8 тонна гаҷ, 11146,7 метри мукааб бетони сохтмонӣ, 1466 тонна қуми квартсӣ, 101,5 тонна ротбанд, 717 метри мукааб оҳану бетони васлшаванда, 3644,2 метри мураббаъ плитаи оҳану бетонӣ, 6468 ҳазор дона зарфҳои шишагӣ, 61,2 ҳазор тахтаҳои асбестӣ, 4795,9 метри мураббаъ сенвич панел, 93,1 тонна қубурҳои металӣ, 135 тонна арматураи сохтмонӣ, 38777,2 метр қубурҳои пластикӣ, 29,4 тонна маҳсулотҳои кабелӣ, 513,1 км кабели шиддатнок, ба маблағи  1300,4 ҳазор сомонӣ сомонӣ маҳсулоти заргарӣ, 1654,2 тонна риштаи полипропиленӣ, 2109 тонна доломит, 299,4 тонна металлоконструксия 495,1 млн кВт/соат қувваи барқ ва дигар маҳсулотҳои саноатиро  истеҳсол намуданд.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 27,1 фоизро ташкил дод.

Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

 

5.2. Таъмини самаранокӣ ва сифати амалӣ намудани  барномаҳои қабулгардидаи соҳаи саноат ва лоиҳахои сармоягузории  ба ин самт равонагардида (банди 12 паём) аз ҷумла  “Барномаи давлатии  мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” (Нусха аз Протоколи маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2019, №1, банди 1);

Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои асосии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” таъмини пурраи бозори истеъмолии ватанӣ бо маҳсулоти қолинӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ, қолинбофон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба истеҳсолот боз 2 адад дастгоҳи бофандагии муосир, таҷҳизоти махсуси истеҳсоли риштаи полипропилении давлати Олмон  ва як таҷҳизоти махсуси мустаҳкамсозии ришта бо иқтидори 8,5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз аз давлати Франсия барои истеҳсоли қолинҳо ба маблағи умумии 2 934 139 сомонӣ ворид намуданд. Имрӯзҳо бо дарназардошти воридоти таҷҳизотҳои замонавии пешқадам дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” истеҳсоли қолинҳои рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда тадриҷан беҳтар гардид. Ҳамзамон, истеҳсоли нахе, ки ҳамчун ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли қолин истифода бурда мешуд дар дохили кишвар ба роҳ монда шуд. Инчунин, аз тарфи ширкати ватании ҶДММ “Маҳмуд ва Ко” ба маблаги 20 миллион сомонӣ корхонаи металургӣ сохта ба истифода дода шуд. Ворид намудани дастгоҳу таҷҳизотҳои нав ва сохта ба истифода додани корхонаи нави саноатии ҶДММ “Маҳмуд ва Ко” бо иқтидори истеҳсолии  6000 тонна арматура дар як моҳ ва сехи чуҷабарорӣ дар минтақаи саноатии шаҳр  имкон дод, ки бо баробари зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот, ташкили боз 108 ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани пардохтҳо ба буҷет ва боздоштани хориҷшавии асъор аз ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Мувофиқи Барномаҳои таҳиягардида қолинбофон ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо дарёфти бозорҳо ва харидорони нав фурӯши маҳсулотро беҳтар намоянд. Амалӣ намудани барномаҳои азнавмусаллаҳшавии техникӣ имкон фароҳам овард, ки ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 2029,1 ҳазор метри мурабба маҳсулоти қолинию тафтенгӣ ва 1654,2 тонна риштаи полипропиленӣ  истеҳсол намуда,  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,3 маротиба зиёд иҷро намоянд.

 

5.3. Ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили  ҷойҳои кории нав (банди 12 паём, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019с., №39, банди 1) :

Дар давоми моҳҳои январ-сентябри  соли 2019 ба иқтисодиёти  шаҳри Гулистон  443 147 884 сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 422 628 745 сомонӣ сармоягузориҳои мустакими  хориҷӣ ва 20 585 000 сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад.

Дар минтақаи саноатии шаҳр якчанд корхонаҳои истеҳсоли орд, зарфҳои шишагин, шишаи сохтмонӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулотҳои сӯзишвории нафту газ, коркарди пӯст, нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулотҳои нону қаннодӣ, коркарди шир ва истеҳсоли қолинҳо фаъолият мебаранд. Инчунин ҷиҳати ҷоннок кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо роҳбарияти ҶСК “Қолинҳои  Қайроққум” ва соҳибкорони дохилӣ корбарӣ  намуданд.  Дар ин давра аз тарафи корхонаи мазкур ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ 2 адад дастгоҳи бофандагии муосир, таҷҳизоти махсуси истеҳсоли риштаи полипропилении давлати Олмон  ва як таҷҳизоти махсуси мустаҳкамсозии ришта бо иқтидори 8,5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз аз давлати Франсия барои истеҳсоли қолинҳо ба маблағи умумии 2 934 139 сомонӣ ворид намуданд.

Бо баробари ин, дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон як корхонаи арматурабарорӣ як сехи чӯҷабарорӣ (3000 сар чӯҷа дар як сол) ва се корхонаи хурди истеҳсолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум оғоз намуданд. Ҳамзамон, дар ин давра, аз ҷониби дигар соҳибкорони хурду миёна низ ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ба маблағи 585 000 сомонӣ амалӣ карда шуда, бинову иншоотҳои соҳаи савдо ва хизмати маишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамагӣ, давоми нуҳ моҳ дар шаҳри Гулистон 5 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуда, барои 125 нафар ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.

 

5.4. Баланд бардоштани дараҷаи таъмини корхонаҳои нассоҷӣ бо нахи пахта ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи нассоҷии шаҳру ноҳияҳо (банди 28 Паём) ва ҳиссаи коркарди пилла, пашм ва пӯст (Нусха аз Протоколи маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2019с.№1, банди 1);

Дар ҳудуди шаҳр коргоҳҳои нассоҷӣ вуҷуд надорад.

Алҳол, дар миқёси шаҳр танҳо як корхона ҶДММ «Чарми Хуҷанд» фаъолият мебарад, ки бо коркарди пӯсти чорвои шохдори калон ва моли майда машғул аст.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин коргоҳ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ  11632,8  ҳазор сомониро ташкил дода нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2729,3 ҳазор сомонӣ зиёд ё 130,7 фоизро ташкил додааст.  Дар ин давра 153 ҳазору 200 дона пӯсти чорворо коркард кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли  гузашта 29 ҳазору 520 дона зиёд ё 123,9 фоиз зиёд мебошад.

 

5.5. Маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои ширӣ, меваю сабзавот, нӯшокиҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо (Нусха аз Протоколи маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018с.№1, банди 16);

Дар минтақаи саноатии шаҳр якчанд корхонаҳои истеҳсоли орд, зарфҳои шишагин, шишаи сохтмонӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулотҳои сӯзишвории нафту газ, коркарди пӯст ва истеҳсоли қолинҳо фаъолият мебаранд. Оид ба таъсиси коргоҳҳои коркарди шир ва нӯшокиҳои ташнашикан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон корбарӣ намуда истодааст.

 

5.6. Ҷараёни фаъолияти корхонаҳои дастии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва сехҳои дӯхти либоси мактабӣ (нусха аз Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018 № 1 банди 18)

Дар шаҳру шаҳракҳо маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, бо дастгоҳҳои зарурӣ  муҷаҳҳаз гардидааст.  Дар давоми нуҳ моҳ  61 нафар занону  духтарон ва аз рӯзи таъсис то ин дам дар ин марказҳо  зиёда аз 650  нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳунармандӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.  Дар марказ давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум 2410 метр  адрас омода карда шуд. Аз оғози таъсиси марказҳо зиёда аз 23 ҳазор маҳсулот бофта шуд.

Башида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар давоми  соли 2018 ва нуҳ моҳи соли 2019-ум ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 16 ҷойҳои нави корӣ,  6 дӯкони дӯзандагӣ бо 17 ҷои кории нав бо ҷалби  бонувони ҳунарманд аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шуд, ки бо дӯхти либосҳои мактабӣ ва миллӣ  машғул мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки дар  ҶСК-и “Равшан” низ  сехи дӯзандагӣ (бо 20 ҷои корӣ) фаъолият мебарад. Инчунин маркази атласу адрасбофии шаҳраки Сирдарё барои касбомӯзии бонувону дутарон бо  мошинҳои дарздӯзӣ  муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошад.

 

6.Маълумот оид ба рушди  энергетика (банди 10, Паём)

 

6.1. Ҳаҷми барқи қабулшуда, шумора ва ҳолати истифодаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ

Дар давраи ҳисоботӣ 288,9 млн. кВТ/с барқ қабул шуда, фоиданок истифода гардид.

Дар миқёси шаҳр як НБО “Дӯстии халқҳо” амал намуда дигар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ вуҷуд надорад.

 

6.2. Вазъи таъминоти истифодабарандагони қувваи барқ бо ҳисобкунакҳои электронӣ (банди 10,Паём)

Алҳол, муштариёни шабакаҳои барқ дар шаҳр бо ҳисобкунакҳои индуксионӣ таъминанд. Шумораи ҳисобкунакҳои электронии насбшуда 2732 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 737 адад зиёд мебошад.

 

6.3. Рафти пардоти маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва мавҷудияти бақияи қарзи истифодаи қувваи барқ (банди 10, Паём)

Истифодаи қувваи барқ тибқи шаҳри Гулистон дар давоми моҳҳои январ-сентбри соли 2019 ҳамагӣ: 91,7%, аз ҷумла дар байни аҳолӣ 100,3%, аз тарафи корхонаҳои саноатӣ пардот 95,1%, ғайрисаноатӣ 91,7%, хоҷагии қишлоқ 59,0% ва буҷетӣ 96,6%  ҷамъоварӣ карда шудааст.

 

6.4.Чораҳои андешидашуда барои кам намудани талафоти теникии нерӯи барқ ва фоизи талафот (банди 10, Паём)

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 653 аз 24-уми апрели соли 2009 барои ҳалли масоили кам кардани талафоти неруи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он, инчунин бо фармоиши № 54 Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани фурӯзонакҳои каммасраф” лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф дар ҳудуди шаҳр иваз карда шуданд. Инчунин бо пешниҳоди барқчиён ба 2732  муштарӣ ҳисобченкунакҳои замонавии электронӣ ва дар зеристгоҳҳои барқӣ  87  адад ҳисобченкунакҳои электронӣ  насб карда шуд (ҳамагӣ 162 адад зеристгоҳҳои барқӣ дар тавозуни шабакаҳои барки шаҳр буда 54% ҳисобкунакҳои электронӣ насб карда шуд).

Фоизи талафоти барқ нисбати нуҳмоҳаи соли 2018-ум ба миқдори 1,15 фоиз кам карда шуд.

 

6.5. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он:

Мушкилот дар ин соҳа фарсуда шудани хатти интиқоли барқ ба сокинон мебошад, ки солҳои 50-60-уми асри гузашта кашида шудааст. Бинобар ин талафоти теникӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, қарзҳои беэтимоди солҳои тӯлонӣ пардохтнашуда ва ҳангоми аз як намуди фаъолият ба намуди дигар гузаронидани корхонаҳои саноатӣ дар ҷамоати шаҳраки  Адрасмон ва Зарнисор мушкилӣ пеш овардааст, ки ҳаҷми умумии қарзҳо ба маблағи беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин яке аз мушкилиҳои асосӣ ин ғайриимкон будани гирифтани нишондоди ҳисобкунакҳои барқии ҳамаи гурӯҳҳои муштариён мебошад. Бинобар ин, барои бартараф намудани  мушкилии ҷойдошта зарурияти насб намудани системаи билингии баҳисобгирии барқ ба вуҷуд омадааст.

 

 

7.Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат  ба ғизои хушсифат (банди 3,10 Паём)

7.1.Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти асосии соҳа (банди 3,10 Паём):

Нест.

 

7.2.Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав (бандҳои 3,29 паём, Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 24);

Нест.

7.3. Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо хусусан пахта ва рушди соҳаи тухмипарварӣ (банди 29, Паём, Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 6);

Нест.

 

7.4. Зиёд намудани  масоҳати гармхонаҳои  доимоамалкунанда (банди 29, Паём);

Нест.

 

7.4. Афзун намудани  ҳаҷми содироти  маҳсулоти кишоварзӣ  (банди 29, Паём);

Нест.

 

7.5. Зиёд намудани шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ (бандҳои 3,29 Паём);

Шаҳри Гулистон шаҳри саноатӣ буда, иттифоқи  матлубот вуҷуд надорад. Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти хӯроквории хушсифат ва таъмини мунтазами он,  дар бозорҳои шаҳру шаҳракҳо рӯзи шанбеи ҳар ҳафта ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи соқибкорони маҳаллӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои ҳамсоя ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри мусоидат намудан дар танзими нархҳои бозор ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштӣ, кишоварзӣ ва маводи аввалиндараҷа, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 34 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои ниёзи мардум гузаронида  шуд.

Дар ҳудуди шаҳр 4 сардона фаъолият дошта, як сардона аз тарафи соҳибкор пурра бо таҷҳизотҳои хунуккунаки муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Чор сардона  аз 15 ҳуҷра иборат буда, барои нигаҳдории 1515 тонна маҳсулот пешбинӣ гардидааст.

7.7. Бунёди боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ аз ҳисоби заминҳои  бекорхобидаву доманакӯҳҳо (банди 31 Паём)

Нест.

7.8. Ҳолати ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизматрасонии истифодаи оби полезӣ ва ҳаҷми карздорӣ ва пардохти он (банди 34 паём Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 34).

Вуҷуд надорад.

 

7.9. Рафти барномаҳои давлатии қабулгардидаи соҳаҳои кишоварзӣ (банди 30, Паём), (тухмипарварӣ, хушзоткунӣ, муборизаи зидди малах, картошкапарварӣ ва ғайра).

Шаҳри Гулистон – шаҳри саноатӣ буда, барномаҳои сохаи кишоварзӣ надорад.

 

7.10. Ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, механизми ба онҳо вобаста кардани шабакаҳои обёрии дохилӣ-хочагӣ ва таъсис додани заминаи моддию техникии онҳо (Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 34).

Вуҷуд надорад.

 

7.11. Ҷараёни кишти зироатхои кишоварзӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ

Шаҳри Гулистон минтақаи саноатӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи мувозинаи замини шаҳрии Гулистон заминҳои таъиноти кишоварзӣ вуҷуд надорад ва заминҳои кишти такрорӣ дида намешавад.

 

7.12. Натиҷаҳои таҳлил вабаста ба тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа дар шаҳру ноҳияҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти озуқаворӣ” (1 маротиба дар чаъмбасти сол пешниход карда мешавад)

Нест.

7.13. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.

Нест.

 

8.Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

8.1. Таъмин намудани марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ бо дар назардошти рушди минбаъдаи онҳо аз ҳисоби ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ (Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои барои соли 2019» аз 30.01.2019, №39, банди27);

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои намунавии бинои синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммомхона, сарторошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия ва бо вазоратҳо мувофиқа ва ирсол намудааст, ки  дар бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ  мавриди корбарӣ қарор дода шудааст.

Лоиҳаҳои номбурда барои интихоб ва амалигардонӣ ба соҳибкорону сокинони шаҳр  пешниҳод карда шудааст.

Ҳадафи асосии азхудкунии бомайлони ҳудуди шаҳри Гулистон, ин бунёди сохтмони манзили истиқоматии замонавии баландошёна, таъмиру таҷдиди фаъол ва азнавкунии фонди манзили истиқоматӣ мебошад.

Бо мақсади сарфакорӣ дар нақшаи генералии нави шаҳр танҳо 20 фоиз иморатҳои ҳавлидор ва 80 фоиз иморатсозии биноҳои баландошёна пешбинӣ  шудааст, ки дар натиҷа 2,5 маротиба масоҳати минтақаҳои маскунӣ  сарфа мегардад. бо теъдоди 25 ҳазор нафар аҳолӣ.

Шаҳри Гулистон дар оянда мувофиқи пешниҳод оид ба рушди маҷмӯи манзилӣ то фарҷоми давраи пешбинигардида ба истифода додани 210,0 ҳазор метри мураббаъ масоҳати умумии истиқоматӣ, ки ба талаботи меъёрии 20 метри мураббаъ масоҳати умумӣ барои як сокин рост меояд, амалӣ менамояд. Масоҳати умумии ҳамаи фонди манзил дар давраи пешбини гардида 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии хонаҳои истиқоматии сохташуда 2007 мураббаъро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳо  сохтмони зиёда аз 180 иншоот тасдиқ гардидааст. Аз ҷумла: бунёд, таъмир ва азнавсозии 14 корхонаҳои истеҳсолӣ; 3 сехҳои дӯзандагӣ; 5 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ;   1 сохтмони боғчаи бачагона(кӯдакистон); таъмири тармими 2 беморхона; сохтмони 2 хонаи саломатӣ ва таъсиси нуқтаи тиббӣ; сохтмони 17 варзишгоҳ ва толори варзишӣ; 26 сохтмони майдончаҳои бачагона; сохтмони 16 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммомхона, сохтмони 1 иншооти фарҳангӣ, таъмиру тармими 2 иншооти фарҳангӣ, азнавбарқароркунии 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 таъмири асосӣ ва ҷории роҳ ва дигар иншоотҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.

 

8.2. Ба истифодадиҳии манзилҳои истиқоматӣ ва афзоиши манзили зист ба як сари аҳолӣ (дар асоси таъмини нишондиҳандаи БМР 2016-2020).

Бинобар набудани заминҳои фонди наздиҳавлигӣ дар қаламрави шаҳр ва шаҳракҳо аз соли 2017 то ин ҷониб ба шаҳрвандон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда нашудааст ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандони шаҳр дар қитъаҳои замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ шуда истодааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба  50 нафар шаҳрвандон 3000 м.м. заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд, ки дар мавриди оғози сохтмони  манзилҳои  истиқоматӣ  900 м.м ба истифодабарӣ қарор дода мешавад.

 

8.3. Вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ, боғҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, толор ва майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ (банди 65 Паём);

Дар ин давра баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 120 иншооти ҷашнӣ  бо арзиши 264 956 00.0 сомонӣ  мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум  бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳр чунин иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд:

Санаи 31-уми марти соли 2019-ум  бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаи истеҳсоли арматурабарории  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  бунёд шуда,  100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектар буда аз ҷониби ҶДММ “Авитсена”  пурра таъмиру навсозӣ шудааст. Кӯдакистон бо мизу курсӣ ва дигар аёниятҳои хониш таъмин мебошад.  Иқтидори лоиҳавии  муассисаи наву замонавии томактабӣ 360 ҷойро ташкил медиҳад.

Дар маркази  шаҳр  майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,80 гектар бунёд гардида, атрофи он бо 150 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Дар ду шафати иншооти мазкур фаввора сохта шудааст, ки масоҳати ҳар кадоми он ба 50 метри  мураббаъ  баробар мебошад. Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Чароғҳои равшанидиҳанда, нишастгоҳҳои мувофиқ ба талаботи замон ва  деворҳои ороишӣ сохта шуд.

Инчунин  санаи 23-юми  август дар маркази шаҳр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншоот дар назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба татбиқи лоиҳаи Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуда ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд зикр кард, ки соли равон инчунин бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода гулгашти нави замонавӣ дар даромадгоҳи ғарбии маркази шаҳр ба истифода дода шуд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон корҳои созандагӣ вусъат гирифта, чароғонкунии шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон дар масофаи 6 километр, гузоштани 1800 метр канораҳои роҳ (бордюр), гузоштани ду адад чароғаки замонавии роҳнамо, насби 12 адад аломатҳои замонавии қоидаи роҳ, насби се монитори иттилоотии замонавӣ, азнавсозии се панои калон, мумфарши кӯчаҳо дар масоҳати 2 километр, бунёд майдони теннис, баскетбол, волейболи  ва мавзеи пиёдароҳи варзишӣ бо таҷҳизоти машқу тармим дар соҳили «Баҳри тоҷик», насби чанбараки ороишӣ дар НБО «Қайроққум», азнавсозии девори қади шоҳроҳ, таъмирии асосии шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳр, таъмири асосӣ ва рангубори намуди зоҳирии бинои маъмурии ШВКД дар шаҳр ва ҶСК «Тоҷиктелеком», 8 биноҳои истиқоматии миёнаошёна ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз тарафи сокинон ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчунин дар шаҳраки Адрасмон боғи мевазор, дар шаҳраки Зарнисор ду майдончаи варзишӣ ва майдони варзишӣ дар МТМУ №14-и маркази шаҳр ба истифода дода шуд.

 

8.4. Вазъи таъминоти аҳолӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дараҷаи  қонеъгардонии муроҷиати шаҳрвандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ:

Бояд қайд намуд, ки бо қарори Раиси шаҳр аз 22 декабри соли 2010, №478 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замин таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур дар давраи солҳои 2010 – 2018-ум ва нуҳ моҳи соли 2019-ум  21 маротиба ҷаласаҳои худро гузаронида 1080 парвандаҳои оилаҳои эҳтиёҷмандро дида баромада, 905 оилаҳоро барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷманд ҳисобидааст.

Парвандаҳои 162 оила дар асоси моддаҳои 30, 36-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудааст.

Қарорҳои комиссияи ҷамъиятӣ бо қарори Раиси шаҳр тасдиқ карда шуда, барои ҷудо намудани қитъаи замини   наздиҳавлигӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод карда шудааст.

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд ба 350 нафар шаҳрвандони шаҳри Гулистон қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳраки «Сайҳун» ҷудо карда шуда, шаҳрвандон бо Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) таъмин карда шудаанд. Инчунин, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи С.Урунхӯҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров ба масоҳати 35 га барои маҳалҳои аҳолинишин ба 378 оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳри Гулистон ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби заминҳои мазкур соли 2015 – 2017 ба 335 нафар эҳтиёҷмандон аз мавзеъи шаҳракҳои Чоруқдаррону Консой қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, то имрӯз 70 фоиз оилаҳо бо Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ замин таъмин карда шудаанд.

Бинобар он, ки қитъаи замин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо карда шудааст қарорҳои раиси шаҳр ва комиссияи ҷамъиятӣ барои тасдиқ ба раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод карда мешавад.

Баъд аз тасдиқи рӯйхати эҳтиёҷмандон ва қарорҳои раиси шаҳр аз ҷониби раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қитъаи замин дар асл ба шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисони кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки барои ба таври шаффоф ва одилона тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар асоси талаботи Қоидаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, тавассути қуръапартоӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.

Аз тарафи корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 37 лоиҳаҳои хонаҳои хусусӣ, биноҳои истироҳатӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва сохтмонҳои иловагии манзилҳои хусусӣ таҳия гардида, сохтмони як қатор бино ва иншоот оғоз карда шуд ва аз рӯи нақшаи тасдиқшуда дар муҳлатҳои муайяншуда ба итмом расонида мешавад.

 

8.5. Сохтмон ва таъмиру тармими манзилҳои истиқоматии шахсони яккаву танҳо, маъюбон, пирони барҷомонда, ятимон ва оилаҳои камбизоат (Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018, №12 банди 19);

Дар шаҳр ҳамагӣ 480 оилаҳои ниёзманд барои таъмин шудан бо қитъаи замини шаздҳавлигӣ ба навбат гирифта шудаанд. Аз ҷумла  аризаи 8 оила аз тарафи комиссияи иҷтимоӣ ҳамчун оилаи камбизоат ва ниёзманд  барои сохтмон ва  таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ ҳисобида шуда, дар ин давра 46,6 ҳазор сомонӣ маблағи хайриявӣ ҷудо ва пардохт карда шуд.

 

9. Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт

9.1 Таъмиру  таҷдиди  роҳҳои  маҳаллӣ бо истифода аз ҳисоби ҳамаи  сарчашмаҳо (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  натичаҳои  рушди  ичтимоию иқтисодии               Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар соли 2018 ва вазифаҳо  барои  соли 2019» аз 30.01.2019, №39, банди 7)

Дар шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он ҳамагӣ 69 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошад. Аз он 17 км дар маркази шаҳр ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва 52 км байни хоҷагиҳо ба корхонаи хоҷагии коммуналии шаҳракҳо ва корхонаҳо мутааллиқ аст. Аз ҷумла, дар шаҳракҳои Адрасмон - 23 км, Зарнисор -9 км, Консой -11 км, Сирдарё -3 км, Чоруқдаррон -5 км ва Навгарзан 1 км мебошад. Дар шаҳри Гулистон муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард вуҷуд надорад. Нигоҳдории роҳи автомобилгарди шаҳр ба зиммаи корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои саноатӣ вогузор карда шудааст. Соли 2019 таъмири 45 км роҳҳои автомобилгарди шаҳр  ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 7 км таъмири асосӣ, 20 км таъмири ҷорӣ ва 18 км шағалпӯш мебошад.  Дар давраи ҳисоботӣ 37,5 км роҳҳо таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, 4,5 км таъмири асосӣ, 5,0 км таъмири ҷорӣ ва 28 км роҳҳои автомобилгарди шаҳр шағалпӯш гардид, ки 83,3 фоизи нақшаи таъмирро ташкил медиҳад. Вазъи роҳҳои маркази шаҳр ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

 

9.2. Чораҷӯии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр   ҷиҳати  кашонидани  борҳо  тариқи  нақлиёти  роҳи  оҳан  аз рӯи  хатсайри  муайян  ва нуқтаи  таъминоти  борҳо  (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  натиҷаҳои  рушди  иҷтимоию  иқтисодии  Чумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои  соли 2019» аз 30.01.2019, №39, банди 7) ва баланд бардоштани хизматрасонии  нақлиёти  ҳавоӣ  ва  роҳи  оҳан (банди 14, Паём)

Дар тавозуни шаҳр роҳҳои байналмиллалӣ ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард инчунин хизматрасониҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан вуҷуд надорад.

 

9.3. Дастрасии аҳолӣ ва хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ, хусусӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳия, шаҳраки деҳот: (Нақша-чорабиниҳо бахшида  ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”)

Дар ҳудуди шаҳр 9 хатсайри микроавтобус ва автобусҳои мусофиркашон  мавҷуд буда, аҳолии маркази шаҳр ва шаҳракҳо аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии давлатӣ ва хусусӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳри Гулистон боз 2 автобуси муосири  мусофиркашон  ҷудо гардид, ки шумораи он ба 10 адад расид.  Теъдоди умумии нақлиётҳои мусофиркашонӣ ба санаи 1-уми октябри соли 2019-ум 72 микроавтобус ва 13 автобусҳои берун аз шаҳр ва дохилишаҳриро ташкил медиҳад. Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар истгоҳи охири ҳамаи хатсайрҳо нуқтаи махсуси санҷиши техникии нақлиёт ва муоинаи тиббии кормандон ташкил карда шудааст.

 

9.4 Рафти  бунёди  терминалҳои  наздисарҳадӣ  ва  марказҳои  логистикӣ, аз навсозии  заминҳои  моддиву техникӣ (воридоти  воситаҳои  нақлиёт),  таҷдиди  паркҳои  нақлиётӣ  (банди 26, Паём):

Дар шаҳри Гулистон  терминалҳои  наздисарҳадӣ  ва  марказҳои  логистикӣ вуҷуд надорад.

 

 

9.5. Ҳаҷми  мусофиркашонӣ  ва боркашонӣ (бандӣ 14, Паём)

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019-ум ба миқдори  605,7 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ (соли 2018-603,6 ҳазор тонна) кашонида шудааст, ки 2,1 ҳазор тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд, ё баробари 100,3% мебошад. Инчунин, ба 280,6 ҳазор нафар мусофирон хидмат пешниҳод гардидааст, ки назар ба  ҳамин давраи соли гузашта (соли 2018-280,3 ҳазор нафар)  100,1 % -ро ташкил медиҳад.

 

9.6. Мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо:

Вазъ ва ҳолати роҳҳои байни маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, ки дар тавозуни ноҳияҳои ҳамҷавор қарор доранд, муаммои ин соҳа мебошанд.

10. Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва техналогияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

 

10.1. корҳои  анҷомдода  барои  баланд  бардоштани  дастрасии  аҳолӣ  ба истифодабарии  алоқаи  мобилӣ  ва Интернет, аз ҷумла шумораи  истифодабарандагони  алоқаи мобилӣ ва Интернет

Дар шаҳри Гулистон радио ва телевизиони маҳаллӣ вуҷуд надорад, лекин дар маркази шаҳр 5 нуқта ва дар шаҳракҳо 6 нуқтаҳои пахши радио мавҷуд аст, ки ҳар рӯз ба  аҳолӣ  барномаҳо пурра шунавонида мешаванд. Аҳолии  шаҳру  шаҳракҳо ба хизматрасонии почта ва алоқа бо пуррагӣ дастрасӣ доранд. Аз шумораи умумии аҳолӣ, ки 47900 нафарро ташкил медиҳад  99,09% ба ТВТ, 88,43% ба ТВС, 87,53 % ба ТВБ, 60,99 % ба ТВҶ,  60,99 % ба ТВ Суғд, 60,41% телевизиони рақамӣ, 96,68% радиои Тоҷикистон, 40,58 %  радиои Овози Тоҷик, 60,99% садои Душанбе, 60,99%радиои фарҳанг ва 60,99% радиои вилоти Суғд дастрасӣ доранд.

Бояд тазакккур дод, ки аҳолии шаҳр аз хизматрасони алоқаи мобилӣ, аз қабили ТСЕЛ, ВАВИЛОН, МЕГАФОН, БИЛАЙН ва ТЕЛЕКОМ истифода мебаранд. Дар  нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар шаҳр барои дар сатҳи баланд таъмин намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ 21 нуқтаҳои телефонӣ насб карда шуд. Айни замон ғунҷоиши васлшуда 3024 нуқта буда, боз 1017 нуқтаи озоди дигар мавҷуд мебошад. Бо сабаби даст кашидани муштариён аз истифодабарии нуқтаҳои алоқаи телефонӣ, дар давраи ҳисоботӣ 56 фаъолияти нуқта қатъ гардид. Алҳол шумораи дастгоҳҳои телефонӣ 2069 адад мебошад. Дар ин давра 4 км тамири асосии ноқилҳо ва  4,8 км тамири асосии ноқилҳо гузаронида шуд.

Дар шаҳр то ин дам ба коронаю ташкилотҳо ва аҳолӣ 162 адад интернети баландсуръат насб карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 30 адад зиёд мебошад.

Тибқи муқаррароти қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10.07.2017, № 344 фаъолияти сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таъмин карда шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 декабри соли 2011, № 643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2011, № 550 «Дар  бораи компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» тадбирҳои мушахас меандешад.

 

10.2. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо

Дар пахши  телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва вилоят дар ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва Навгарзан муаммо мавҷуд аст.

 

10.2 Шумора  ва номгӯи  хизматрасониҳои  давлатие, ки дар шакли  электронии  дафтари   хоҷагидорӣ (Нақша-чорабиниҳо ба солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ»):

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи шахсони масъул бо мақсади ҷорӣ намудани дафтари хоҷагидорӣ корҳои назаррас  анҷом  дода  шуд. Дар ҷамоати шаҳраки Консой шумораи  хонаводаҳо 843 хоҷагӣ буда, 100 %  ва дар ҷамоати шаҳраки  Сирдарё  856 хонавода мавҷуд буда, 50% ба шакли электронӣ  ворид карда шуд.  Алҳол, дар  ин  самт  корҳо дар Ҷамоати  шаҳраки  Адрасмон  ва  Чоруқдаррон  идома  дорад.

 

 

11. Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

11.1. Ҳолати бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ:

Тибқи маълумоти омории моҳҳои январ-августи соли 2019-ум  теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 11066 ададро ташкил дод (соли 2018 -10108), ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 958 ҷой зиёд  аст. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 9410 (соли 2018-8413) нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 997 нафар зиёд мебошад.

Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2027 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 264 сомонӣ зиёд мебошад (соли 2018-1763 сомонӣ). Пардохти музди меҳнати кормандони корхонаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин шудааст.

Ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар ин давра  1356 нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд (779 нафар занон), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиаткунандагон 97 нафар афзудааст.

Дар ин давра шумораи бекорони бақайдгирифташуда 775 нафар  буда  (400 нафар зан), 504 нафар  бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд (251 нафар зан). Ин нишондод нисбати  ҳамин давраи соли гузашта, 133 нафар зиёд буда, иҷрои ин самти фаъолият 74 %-ро  ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби бекорони дар қайд буда  тариқи роҳхат 175 нафар шаҳрвандон ройгон аз рӯи касбу ҳунарҳои кафшергар, дӯзанда, муҳосиб-оператор ва бофанда омӯзонида шуданд.

Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин марҳила 1044 нафарро ташкил дод, ки аз ин занҳо 329 нафар ва мардон 715 нафар мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 212 нафар зиёд гардидааст.

Дар ин давра 1606 нафар шаҳрвандон бо сабабҳои гуногун аз муҳоҷирати меҳнатӣ  баргаштанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 280 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла занон 560 нафар ва мардон 1046 нафар мебошанд.

 

11.2. Баргузор намудани  ярмаркаҳои ҷойҳои  корӣ барои коҳиш додани  сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, пешниҳоди ҷойҳои  кории олӣ  дар ярмаркаҳо аз ҷониби ташкилотҳо  ва бо ҷои кории доимӣ таъмин гардидани бекорон

Дар самти ҳифзи меҳнати кормандон якчанд чорабиниҳо оид ба ташкили шароити бехатарии меҳнат дар коргоҳҳо, ҳолати кунунии шарики иҷтимоӣ ва рушди он, аз ҷумла баста шудани шартномаҳои коллективӣ амалӣ гардиданд. Инчунин дар ин давра 14 маротиба  ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба вазифаҳои озод (аз ҷумла 4 вилоятӣ 2 маротиба дар шаҳри Бӯстон ва 8 мартоба шаҳру шаҳракҳо) гузаронида шуд, ки дар он 151 корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, 1361 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 72 нафар бекорон бо кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин  175 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2017, №499 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бораи солҳои 2018-2019»  қарори раиси шаҳр аз 2-юми феврали соли 2018, № 26 дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019» ба тавсиб расонида шудааст. Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани  вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини шаҳрвандон бо шуғли доимӣ  баён гардидааст, мебошад.

Вобаста ба ин, дар нуҳ соли равон 14 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ  ташкил карда шуданд, ки 72 нафар  шаҳрвандон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гардида, 175 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати  касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Алҳол дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 18 корхонаи кордиҳанда 181 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст. Дар ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон», ки аз соли 2013 инҷониб фаъолият намебарад 141 ҷои кории холӣ мавҷуд мебошад. Яъне ҳамагӣ дар шаҳр 398 ҷойи кории холӣ вуҷуд дорад.

Бо мақсади иҷрои нақшаи  Барномаи мусоидат ба шуғли аҳол дар давоми  нуҳ моҳи  соли 2019-ум 17 нафар шаҳрвандон аз сохторҳои  ҳарбӣ, 15 нафар шахсони аз маҳбас ва корҳои ислоҳӣ озодшуда, 2 нафар маъюбон, 5 нафар шахсони яккаву танҳо,  20 нафар наврасони аз 14 сола то  синни 18 сола ва ҷавононе, ки  тибқи  роҳхати  шуғли аҳолӣ муассисаҳои таълимиро  хатм намуданд, дар маҷмӯъ  60 нафар бо кор таъмин шуданд.

11.3. Фаъолияти марказҳои таълимии калонсолон ба касбомӯзӣ фаро гирифтани калонсолон, гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла занону ҷавонон ва таъмини шуғлнокии  онҳо:

Дар шаҳр касбомӯзӣ бо воситаи филиали КВД Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе дар шаҳри Гулистон, КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров дар асоси шартномаҳои дутарафа ба роҳ монда мешавад. Дар ин марҳила дар Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Чоруқдаррон, Консой, Сирдарё ва Навгарзан 12 гурӯҳ (гурӯҳҳои: “Дӯхтани либоси мактабӣ”, “Ороишгари мӯй”, “Кафшергари газу барқ”, ”Сӯзанидӯзӣ”, ”Қуроқдӯзӣ”,  ”Қолинбофӣ”, “Адрасбофӣ”, “Қаннодӣ” ва “Оҳангарӣ”) ташкил карда шуд, ки дар он 209 нафар бекорон аз ҷумла 173 нафар аз ҳисоби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ  фаро гирифта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз оғози ташкилёбии Марказ зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандон аз тарафи 20 нафар устодон омӯзонида шуда, соҳиби малакаи касбӣ гардиданд.

11.4. Рафти таъсиси ҷойҳои корӣ, таъсиси марказҳои  рушди ҳунарҳои мардумӣ ва равнақи таъмини “усто-шогирд” ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани  занону дутарон ва шаҳрвандони бешуғл дар шаҳру шаҳракҳо (Нуса аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2019-ум,№1 банди 27):

Дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон як корхонаи арматурабарорӣ як сехи чӯҷабарорӣ (3000 сар чӯҷа дар як сол) ва се корхонаи хурди истеҳсолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум оғоз намуданд.

Ҳамагӣ, давоми нуҳ моҳ дар шаҳри Гулистон 5 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ ва  сехҳои дӯзандагӣ ба фаъолияти хизматрасонӣ шурӯъ намуда, барои 125 нафар ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон филиали КВД Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе дар шаҳри Гулистон аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин марказ  12 гурӯҳи барномавӣ ташкил карда шуд. Дар гурӯҳҳои ташкилшуда ба 209 ( 173- нафарашон занон) аз ҷумла «Дӯхтани либоси мактабӣ»- 45 нафар, гурӯҳи «Ороишгари мӯй»- 17 нафар, “Кафшергари газу барқ”- 21 нафар, ”Сӯзанидӯзӣ”- 35 нафар, “Қолинбофӣ” -20 нафар, “Қуроқдӯзӣ”- 20 нафар,  «Адрасбоф» -21 нафар, “Оҳангарӣ”-16 нафар ва дар  гурӯҳи «Қаннодӣ» -14 нафар касбҳои гуногун омӯзонида шуда истодааст. Инчунин, 93 нафар шаҳрвандон бо тариқи худмаблағгузорӣ  баъд аз хатми курсҳои касбомӯзӣ соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби 12 нафар устодони ҳунарманд 209 нафар бекороне, ки дар қайди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буданд ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

 

 

12. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф):

12.1. Бунёди мактабҳои нав, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, рафти таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва барқарорсозии муассисаҳои таълимии садамавӣ ва инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ хусусан дар деҳоти дурдаст (банди 38 Паём), (нақша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»).

Дар шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 9 кӯдакистони давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ қарор дорад.  Дар давраи ҳисоботӣ дар маркази шаҳр кӯдакистони “Парасту” барои 360 нафар кӯдакон таъсис дода шуд, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, ба истифода дода шуд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои 2018-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 35000 сомонӣ ба кудакистони №11-и шаҳраки Консой барои таъмиру тармим намудани  роҳрав, дарвоза, ва ҳуҷраи кории мудир ва сармуҳосиб, ба кӯдакистони №1 ба маблағи 46000 сомонӣ барои таъмири  роҳрави қабати якуми муассиса, ба кӯдакистони № 3 ба маблағи 50000 сомонӣ барои барқарор намудани як гуруҳи  аз фаъолият бозмонда ва ба кӯдакистони №22 ба маблағи 10000 сомонӣ барои таъмири фасади бинои муассиса ҷудо гардида аз таъмир бароварда шуд.

Инчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ муассисаҳои таълимии №2-и шаҳраки Чоруқдаррон, №3-и шаҳраки Консой ва №7 шаҳраки Адрасмон бо системаи гармидиҳии ягона пайваст карда шуданд. Барои таъмир намудани роҳрав ва сохтани майдончаи варзишӣ ба Гимназияи №1 ба маблағи 400000 (чорсад ҳазор) сомонӣ ҷудо гардида, сохтмони майдончаи варзишӣ идома дорад.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳр 64 компютер, 2 тахтаи электронӣ ва 2 проектор харида шуд.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон муассисаҳои таълимии садамавӣ ва қисман садамавӣ мавҷуд намебошад.

 

12.2. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабии кӯдакон ва васеъ намудани фоизи фарогирии онҳо, ба роҳ мандани таҳсилоти ғайрианъанавӣ ва алтернативии омода намудани кӯдакон (банди 50 паём), (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» аз 30.01.2019, №39, банди 10);

Дар шаҳри Гулистон 10 муассисаҳои таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 9 кӯдакистони давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 1826/878 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Дар онҳо 98 нафар корманд ва 10 нафар ҳамшираи шафқат фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар назди 15 муассисаи таълимӣ 19 Маркази инкишофи кӯдакони то синни мактабӣ ташкил карда шуда, 364/193 нафар тарбиятгирандагони синни то 7 сола фаро гирифта шудаанд.

Фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар шаҳр чунин аст: дар кӯдакистонҳо - 1826 нафар - 26%, дар Маркази инкишофи кӯдак - 364 нафар - 5%, дар маҷмӯъ фарогирӣ - 2190 нафар - 31%. Дар навбат - 410 нафар - 5,8%.

12.3. Фароҳам овардани шароити мусоид барои устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ (компютер, тахтаи электронӣ) ва ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ва омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, сатҳи фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ(банди 38 Паём);

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳоро аз 13 апрели 2015 фаъолият дорад. Марказ дар назди шуъбаи маориф бо ду утоқи корӣ, мизу курсӣ, ҷевон барои китобу ҳуҷҷатҳо, 2 компютер ва 1 принтер таъмин аст.

Дар назди марказҳои илмӣ – амалии дарёфт ва рушди истеъдодҳои муассисисаҳои таълимӣ 19 номгӯи маҳфил бо ҷалби 1075 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, «Навқаламон», «Ровиён», «Варзиш», «Шашка ва шоҳмот», «Санъаткорон», «Дастони моҳир», «Ихтироъкорон ва навоварон», «Ҳунарҳои миллӣ», «Рӯзгордорӣ», «Адибони ҷавон», «Рассомони ҷавон»,  «Ҳуқуқшиносони ҷавон», «Забони англисӣ», «Забони русӣ», «Физикони ҷавон», «Забони давлатӣ», «Математикони ҷавон», «Барномасози наврас» ва маҳфили забономӯзии «Конфутсий» (забони хитоӣ).

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо чор нафар хонандагон сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштанд.

Хонандагони синфҳои 9-10 дар даври вилоятии озмуни Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои таърих, забони давлатӣ ва математика сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардида, дар даври ҷумҳуриявии он ба гирифтани як ҷои дуюм (медали нуқра) ва як ҷойи чорум (ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) мушарраф шуданд.

Хонандагони синфҳои 4-10-уми муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи фосилавии байналмилалии Аймаси Тайланд аз фанни математика иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ 1 нафар бо гирифтани 90 хол сазовори ҷои 2-юм ва медали нуқра гардид.

Дар олимпиадаи фосилавии “Кенгуру математик”-и давлати Франсия 4 нафар сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм ва медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни олимпиадаи фаннии наврасон 2 нафар сазовори ҷойи сеюм ва медали нуқра гаштанд. 13 нафар хатмкунандагони муассиаҳои таълимӣ соҳиби квотаи Президентӣ гардида, ба донишгоҳҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд. 2 нафар хонандагони муассисаи таълимӣ ба гирифтани идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ноил гардиданд. 25 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани идрорпулии Раиси шаҳри Гулистон ва 15 нафар барои гирифтани идрорпулии яквақтаинаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сазовор гардиданд.

Маркази технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо 10 компютер, 4 (2адад 3ҷ1) принтер, 1 сканер, 1 видеокамераи ҳозиразамон, 1 веб-камера таҷҳизонида шудааст. Дар назорати марказ 629 компютер, ки аз онҳо 133 ададашон соқитшаванда мебошанд, қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 64 компютер ва 2 тахтаи электронӣ харида шуд.

Марказ дорои сомонаи tik-sғgd.tj мебошад.

12.4. Корҳои анҷомдода барои баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот (кабинетҳои фаннӣ) ва бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, гузаронидани такмили ихтисоси омӯзгорон, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, (банди 38 паём, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» аз 30.01.2019, №39, банди 10);

Дар 15 муассисаҳои таълимии шаҳр 76 кабинетҳои фаннӣ ва 24 озмоишгоҳ бо лавозимоти зарурӣ ва аёният муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Соли 2018-ум 5 кабинетҳои фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба миқдори 174 ҳазор сомонӣ маблағ таҷҳизот харида шуда, барои соли 2019 низ аз ҳисоби буҷет 280 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ бо мақсади коҳиш додани эҳтиёҷот ба кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ 66/47 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шуданд, ки аз онҳо 30 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд. Ҳамчунин, 54/51 нафар омӯзгорон барои гирифтани ихтисоси дуюм дар донишгоҳ идомаи таҳсил дошта,  18/16 нафар омӯзгорон, ки ҳоло донишҷӯ мебошанд, дар муассисаҳо кору фаъолият мебаранд.

Дар  нуҳмоҳаи соли 2019 ба курсҳои такмили ихтисос баҳри такмили дониш, маҳорат ва малакаи бозомӯзӣ соҳаи маориф 184 нафар сафарбар карда шуданд, ки 104% -ро ташкил медиҳад.

Дар нуҳмоҳа 60 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ аз семинарҳои омӯзишии салоҳиятнокӣ гузаштанд ва 28 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва 1 нафари мушовири синфҳои ибтидоӣ дар семинарии омӯзишии ЮСАИД «Ҳамроҳ бихонем» иштирок намуданд. Инчунин 3 нафар мушовирон дар семинари лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем”, ки дар ҶДММ “Шоҳин - БМТ” баргузор гардид иштирок намуданд.

Панҷ нафар омӯзгори ҷавон тариқи роҳхат ба муассисаи таълимӣ сафарбар гашта ба музди меҳнаташон 10%-иловапулӣ муқаррар карда шудааст.

12.5. Сатҳи таъминоти хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ;

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини пурраи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ва баланд бардоштани сатҳи таъминнокии хонандагон бо либоси ягона тадбирҳои амалӣ андешида шуд. Ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва дастгирӣ намудани корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ байни шуъбаи маорифи шаҳр ҳамчун дархосткунанда ва 4 корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ ҳамчун таъминкунанда 4 шартнома ба миқдори умумии 4815 ҷуфт баста шуд. Боиси қайд кардан аст, ки дар ҳолати давраи ҳисоботӣ 100%-и нақша тибқи талаботи шартнома ба иҷро расонида шудааст.

 

12.6. Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва ғайра.

Дар тобеияти шуъбаи маориф 25 муассисаи таълимӣ фаъолият мебарад. Боиси қайд аст, ки дар муассисаҳои таълимии №1, №2, №8 ва гимназияи №1 синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият мебаранд.

Дар 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 16 синф-кабинетҳои забони русӣ ва 15 синф-кабинетҳои забони англисӣ ва дар МТМУ №8 кабинети лингафонӣ ташкил шудааст.

Дар машғулиятҳо аз фанни забони русӣ ва англисӣ  дар синфҳое, ки миқдори толибилмон аз 25 нафар зиёд мебошанд, хонандагони зинаҳои асосӣ ва миёнаи таҳсилот ба зергурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд. Ҳафтаи 3-юми ҳар моҳ машваратҳои доимоамалкунандаи иттиҳодияҳои методии омӯзгорони  фанҳои забони русӣ ва англисӣ ва дарсҳои намунавӣ аз рӯи нақша гузаронида мешаванд.

Дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр 1 маҳфили омӯзиши забони русӣ, дар 15 муассисаи таълимӣ маҳфилҳои омӯзиши забони русӣ 15 маҳфил ва 12 маҳфили омӯзиши забони  англисӣ ташкил гардидааст. Ҳамзамон, дар 9 муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр 16 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ амал карда, дар 6 гурӯҳи таълимашон бо забони тоҷикӣ машғулиятҳои забони русӣ ва дар 16 гурӯҳи кӯдакистонҳо омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи нақшаи дурнамо дар ин давра 3 нафар омӯзгорони фанни  забонҳои русӣ ва 3 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Инчунин моҳи марти соли ҷорӣ 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар семинарҳои омӯзишии салоҳиятнокӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат гаштанд.

Тибқи нақшаи солонаи шуъбаи маориф моҳи марти соли равон дар муассисаи таълимии №1,2,3,4,5,7,8,12,13,14 ва гимназияи №1 сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ санҷида шуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳисоби миёнаи сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр аз фанни забони русӣ 3.1 ва аз фанни забони англисӣ 3.0-ро ташкил медиҳад.

 

12.7. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.

- таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии таълимашон бо забони русӣ;

 

13.Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ)

13.1. Бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот ва ҳалли масъалаҳои норасоӣ кадрҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва деҳоти дурдаст (банди 46 Паём).

Дар шаҳр 24 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 6 беморхона, 4  осоишгоҳ, 1 маркази солимгардонии «Усмонҷон», 7 маркази саломатӣ, маркази ташхисиву табобатии «Закариёи Розӣ», маркази давлатии назорати санитарию эпидимиологӣ, 3 бунгоҳи саломатӣ, умури безараргардонӣ, маркази cтоматологии хусусӣ ва 6 маркази махсусгардонидашуда (тибқи барнома)  ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Теъдоди табибон 121 нафар буда, 32 нафар дар сохтори госпиталӣ,  44 нафар дар муассисаи кумаки аввалия тиббию санитарӣ, 6 нафар дар маркази санитарӣ-эпидемиологӣ, 38 нафар дар осоишгоҳҳо ва 1 нафар дар тибби хусусӣ фаъолият доранд. Кормандони миёнасоҳа 383 нафар буда, аз онҳо 150 нафар дар сохторҳои госпиталӣ, 138 нафар дар шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 13 нафар дар маркази санитарӣ-эпидемиологӣ, 81 нафар дар осоишгоҳҳо ва 1 нафар  дар тибби хусусӣ фаъолият мебаранд.

Алҳол муассисаҳои тибби шаҳр ба 6 нафар табибони гуногунсоҳа, аз ҷумла табиби силшинос, табиби навзодон, табиби бачагона, табиби ташхиси шуоӣ, табиби оилавӣ, 2 нафар табиби мадҳушкунӣ ва эҳё ва инчунин бо сабаби дар синну соли нафақа будани мутахассисон, ба 2 нафар табиби тибби оилавӣ, терапевт 4 нафар, ҷарроҳ 4 нафар, акушер-гениколог 2 нафар, табиби ултрасадо 1 нафар, табиби сироятшинос 1 нафар, табиби осебшинос 1 нафар эҳтиёҷ доранд.

Тибқи талабот вобаста ба миқдори аҳолӣ дар шаҳру шаҳракҳо бояд 27 нафар табиби оилавӣ ва 55 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ тайёр карда шаванд, то ба имрӯз табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ пурра дар курсҳои бозомӯзӣ тайёр карда шудаанд.  80% табибони тибби оилавӣ бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин мебошанд. Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тибию санитарӣ ба 1 нафар табиби оилавӣ аз 1500 то 2000 нафар аҳолӣ, 1 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ аз 1200 то 1300 нафар аҳолӣ рост меояд.

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ба 4 воҳиди иловагии корӣ ба табиби тибби оилавӣ ва 8 воҳиди кории иловагӣ ба ҳамшираи тиббии оилавӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо маблағгузории сарпарастон таъмири куллии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳр ба маблағи 546 ҳазору 433 сомонӣ  гузаронида шуд.

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру шаҳракҳо 9 ҳуҷраи хатна ташкил карда шуда. Дар давраи ҳисоботӣ ба 510 нафар кӯдакон амалиёти хатна ройгон гузаронида шуд.

Дар муассисаҳои тиббӣ 5 шуъбаи таваллуд бо 28 кати таваллуд фаъолият мебаранд. Бо мақсади пешгирии таваллуди хонагӣ дар Маркази саломатии Навгарзан, хонаҳои саломатии Гулдара ва Зарчашма як адади катҳои таваллуд ташкил карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 3 ҳодисаи таваллуди хонагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки сабаби он валодати пуршиддат мебошад. Давоми давраи ҳисоботи аз рӯи дархост 3 нафар табиби эҳёгар ва 1 нафар табиби навзодон ба кор қабул карда шуд.

 

13.2. Ҷараёни пешгирии ҳолатҳҳои сироятии ВНМО ВНМБ ва сил, аз ҷумла дигар касалиҳои сироятӣ (дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» моддаи 10):

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон аз санаи 28-уми феврали соли 2019, №156 “Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ва мубориза бар зиддй вируси норасоии масъунияти одам” таъсис дода шуд.

Шумораи сироятёфтагони вируси норасогии масъунияти одам дар нуҳмоҳа 115 нафар буда, аз он 48 нафарашонро занон ва 67 нафарашонро мардон ташкил медиҳанд. Тибқи таҳлил роҳҳои гузариши вируси норасоии масунияти одам чунинанд: 69 ҳодиса бо роҳи алоқаи ҷинсӣ – 60%, 43 ҳодиса бо роҳи тазриқӣ – 37%, 2 ҳодиса аз модар ба кӯдак – 1,7%, 1 ҳодиса бо роҳи номаълум – 0,8% мебошад.

Дар нуҳмоҳа 21 нафар беморони гирифтори бемории сил бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта 2 ҳодиса зиёд мебошад. Ҳамагӣ 67 нафар беморони сил таҳти назорати табибони оилавӣ ва силшиносон қарор доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 23 ҳодисаи бемории гепатити “А”  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳодиса кам мебошад. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр - 11 ҳодиса, шаҳраки Сирдарё - 12 ҳодиса.

Бемороне, ки дар натиҷаи газидан ё харошидани ҳайвонот муроҷиат намуданд 51 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳодиса зиёд мебошад. Аз ҷумла, 39 нафар аз тарафи саг, 7 нафар бемор аз тарафи гурба,1 нафар аз тарафи хар ва 2 нафар аз тарафи муш, 1 нафар аз тарафи асп ва 1 нафар газидани санҷоб осеб гирифтаанд. Бемории ҳорӣ дар давоми нуҳмоҳа ба қайд гирифта нашудааст. Ба ҳамаи осебдидагон аз тарафи ҳайвони эмкунии зиддиҳорӣ гузаронида шудааст.

 

13.3 Рафти иҷрои Барномаҳои кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарии дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 (банди 46 Паём):

Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба амал татбиқ шуда истодааст. Беморхонаи марказии шаҳр ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” фаъолият менамоянд.

 

13.4. Мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳоди ҳалли он:

Талаботи муассисаҳои тиббии шаҳр ба мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ  ба 4 нафар (табиби силшинос, табиби навзодон, табиби ташхиси шуоӣ, табиби бачагона)  мебошад.

Инчунин бо дарназардошти дар синну соли нафақа будани табибон, муассисаҳои тандурустии шаҳр ба 2 нафар табибони бачагона, 2 нафар табиби амрози дарунӣ, 2 нафар табиби ҷарроҳ, 1 нафар табиби сироятшинос, 1 нафар табиби навзодон ва ба 1 нафар табиби эҳёгар эҳтиёҷ дорад.

 

13.Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

13.5 Корҳҳои анҷомдода ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахурону собиққадорон (банди 48 паём, нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018, №12 банди 19).

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, № АП – 983, Амри Раиси вилояти Суғд аз 8 июли соли 2018, № 92 бахшида ба иду ҷашнҳо дар шашмоҳаи аввали соли  ҷорӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои  иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахурону собиқадорон як қатор корҳо анҷом расонида шуданд.

Дар арафаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 125 нафар маъюбон ва оилаҳои саробонгумкарда дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ ва бартарафкунии садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрокворӣ ба маблағи 9176 сомонӣ дастрас карда шуд. Ба 102 нафар, хизматчиёни ҳарбӣ, соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон туҳфаҳои идона супорида шуд. Барои 80 нафар муҳофизони сохти конститутсионӣ, ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва собиқадорон дастархони идона ороста шуд. Ҳамчунин ба дидбонгоҳи сарҳадии ҳудуди шаҳр, аз ҷумла шаҳраки Адрасмон, Зарнисор, Навгарзан ба маблағи 1785 сомонӣ маводҳои хурокворӣ дастрас гардида, оростани дастархони идона бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби як нафар соҳибкор 40 ҷуфт либоси тагпӯш ба сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии шаҳраки Зарнисор тақдим карда шуд. Инчунин ба қисми ҳарбии 07746 (Чоруқдаррон) ба маблағи 9500 сомонӣ маводи хӯрокворӣ дастрас карда шуд ва ҳамчунин барои сарбозон дастархони идона бо намоиши барномаи фарҳанги ба роҳ монда шуд.

Дар арафаи Рӯзи Модарон ба 1 нафар нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 18 нафар эҳтиёҷмандони яккаву танҳо, маъюб ва барҷомонда, модарони фарзандгумкарда ва оилаҳои бесаробонмонда бо маводи хӯрока аёдат карда шуданд. Модарони дар амалиёти ҷанг фарзандгумкарда ба чорабинии идонаи шаҳрӣ, ки дар осоишгоҳи “Баҳористон” даъват  гардида, бо туҳфаҳо қадрдони карда шуданд.

Дар таҷлили иди Наврӯзи байналмиллал дар шаҳр ду нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо туҳфаҳои  идонаи Раиси вилоят ҳар яке ба маблағи 500 сомонӣ қадрдонӣ ва бо маводи хурокворӣ аёдат карда шуданд. Чор нафар нафақахӯрони гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни ақибгоҳ аз номи Раиси вилоят аёдат карда шуда, ба маблағи 960 сомонӣ маводи хӯрокворӣ дастрас карда шуд. Дар маҷмӯъ дар арафаи иди Наврӯзи байналмилл ба 536 оила ба маблағи 61000 сомонӣ кумак расонида шуд. Ҳамчунин ба дидбонгоҳи сарҳадии шаҳраки Адрасмон, Зарнисор, Навгарзан ба маблағи  2740  сомонӣ маводҳои хӯрокворӣ дастрас гардида, оростани дастархони идона бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ ба роҳ монда шуд.

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба ба 7 нафар заҳматкашони ақибгоҳи даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Раиси шаҳр дар ҳаҷми 2500 сомонӣ маблағ ва маводи хӯрока дастрас карда шуд. Инчунин ба 27 нафар оилаҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмиллал, иштирокчиёни рафъи садамаи Чернобил ва шахсони яккаву танҳо аёдат карда шуда, маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар арафаи иди кӯдакон ба 30 нафар маъюби бистаришуда аз буҷети маҳаллӣ 100 сомонӣ ва аз тарафи соҳибкор 150 сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ супорида шуд.

Бахшида ба Иди Рамазон аз ҷониби Раиси шаҳр 4 нафар   собиқадорони меҳнат ва 10 нафар оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳо дар намуди маводҳои хӯрокворӣ ба маблағи 300 сомонӣ супорида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва ходимони дин ба 114 нафар кӯдакони ятим, маъюб ва саробонгумкарда ба маблағи 38900 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Инчунин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз тарафи соҳибкорон, корхонаю муассисахо ва фаъолони шаҳр ба 334 нафар маъюбон, 196 нафар ятимон ва 426 оилаҳои саробонгумкарда, барҷомондагон, камбизоат, шахсони яккаву танҳо маводҳои хӯрокворӣ ба маблағи 100380 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба 956 оила ба маблағи 139280 сомонӣ кумак расонида шуд.

Бахшида ба 22-юмин  солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба нуҳ оилаҳои саробонгумкарда кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуда, 60 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюбони гурӯҳи якум ва барҷомонда ба маблағи 9360 сомонӣ бо маводи хӯрока аёдат карда шуданд.

Бахшида ба Рӯзи маъюбон бо қарори Раиси вилоят барои 20 нафар маъюбони гурӯҳи якум ва маъюб аз кӯдакӣ маблағ дар ҳаҷми 200 сомонӣ ба ҳар кадоме дастрас карда шуд. Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳр ба 30 нафар маъюбон дар ҳаҷми 100 сомонӣ  ёрии молиявӣ расонида шуда, дар маҷмааи фароғатии “Маниҷа” ба 60 нафар маъюбон дастархони идона ташкил карда шуда, барномаи фарҳангӣ ба роҳ монда шуд.

Дар арафаи иди Қурбон ба маблағи 158950 (яксаду панҷоҳу ҳашт ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) сомонӣ маводи хурокворӣ ба беш аз 1036 оила, аз зумраи собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо, барҷомонда, ятимон, оилаҳои саробонгумкарда, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ ва бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, маъюбони эҳтиёҷманд ва табақаҳои камбизоати аҳолӣ дастрас ва аёдат карда шуданд. Дар маҷмӯъ дар арафаи иди Қурбон ба 1036 оила аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, ходимони дин ва ташкилоту муассисаҳо ба маблағи 162950 (яксаду шасту ду ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши Раиси вилояти Суғд ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба собиқадорон, ятимон, оилаҳои камбизоат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба 410 оила ба маблағи зиёда аз 33223 сомонӣ кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар – Баҳриддин Машарипов, Ҳомидҷон Маҳмудов собиқадорони меҳнат барои хизматҳои махсус кумакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар як нафар бо иштироки Раиси шаҳр ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Ҳамчунин дар дидбонгоҳҳои сарҳадии дар ҳудуди шаҳр ҷойгирбуда (дидбонгоҳи сарҳадии шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва Навгарзан) дастархони идона ба маблағи 1800 сомонӣ ороста шуда, барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

Инчунин бо тавсияи комиссия шаҳрӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳр ба 26 нафар шаҳрванд ба маблағи 7300 сомонӣ ёрии молиявӣ расонида шуд.

Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 2840 оила ёрии моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 490434  сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра баҳри  иҷрои қарорҳои Раиси шаҳри Гулистон  аз 23-юми январи соли 2019, №-ҳои 20,21,22,23 ва қарори Раиси шаҳр аз 17-уми январи соли 2019, №14 “Дар бораи расонидани кумаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд”, “Дар бораи расонидани кумаки моддӣ  ба маъюбони  бартарафкунии садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил”, «Дар бораи расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида”, “Дар бораи расонидани кумаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ» ба тавсиб расонида шуда, барои 50 нафар оилаҳои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳимоягарони сохти конститутсионӣ, оилаҳои бесаробонмондаи дар ҷангҳо ҳалокшуда, иштирокчиёни садамаи Чернобил ба маблағи аз 70 сомонӣ то 80 сомонӣ кумакпулӣ муқаррар гардида, барои  ҳар моҳ пардохт карда шуда, дар маҷмӯъ 33150 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва бо қарори Раиси шаҳр “Дар бораи расонидани кумаки молиявӣ” дар 9 моҳи сипаригардида ба эҳтиёҷмандону маъюбон барои харидани доруворӣ, дастгирии моддӣ, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, табобат, харидани либос ба ятимони кулл, ҷарроҳӣ ба маблағи 7300 сомонӣ ёрии молиявӣ расонида шуд.

Дар маҷмӯъ дар давоми нуҳмоҳи соли 2019 дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 2840 оила ёрии моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 490 434 сомонӣ расонида шуд.

 

13.6  Ҷараёни пардохти кумакпулиҳои иҷтимоию унвонӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвор қарор дошта:

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, №379 “Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат” 4 маротиба комиссияи шаҳрӣ гузаронида шуда, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости комиссия барои моҳҳои январ-феврал барои 942 оила 72986,16 сомонӣ маблағ ва барои моҳҳои март-апрел барои 950 оила 44163,6 сомонӣ маблағ, барои май-июн барои 950 оила 36803,0 сомонӣ маблағ ворид гардида, пурра пардохт карда шуд. Инчунин барои маводи коргузорӣ 300 сомонӣ, барои музди маоши котиби комиссия барои моҳҳои январ-июн 1440 сомонӣ ва барои хизматрасонии “Амонатбонк” 1231,6 сомонӣ маблағ ворид гардида, дар маҷмӯъ барои моҳҳои январ-июни соли равон 156924,36 сомонӣ мақсаднок истифода бурда шуд ва барои моҳҳои июл-август барои 975 оила ба маблағи 56657,25 сомонӣ дархост пешниҳод карда шуд.

 

13.7. Иҷрои барномаҳои соҳавии қабулшуда дар самти ҳифзи     иҷтимоии аҳолӣ:

Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳр “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» амал менамояд. Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилоят аз 17.02.2017,  №66  Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 6-уми марти соли 2017, №64 ва қарорҳои дахлдори раисони ҷамоати шаҳракҳо қабул гардида корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Санаи 14-уми январи соли 2019 ҷаласаи шаҳрии Шӯрои ҳамоҳангсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ гузаронида шуда, нисбати ҳар як аъзои Шӯро оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, 455 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар шаҳри Гулистон ҳамагӣ 722 нафар маъюбон, аз он ҷумла 389 нафарошон занҳоро ташкил дода, маъюбони гурӯҳи I – 73 нафар, гурӯҳи II – 359 нафар, гурӯҳи III – 146 нафар  ва маъюбон аз овони кӯдакӣ 146 нафар ва маъюбони то 18-сола 144 нафарро ташкил медиҳанд, ки ба онҳо ҳар моҳ нафақа пардохт шуда истодааст. Илова бар ин онҳо аз пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва  истифодаи об 50% озод карда шудаанд. Ба 15 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд (маъюб) омӯзгорон вобаста шуда, ба онҳо таълими хонагӣ ба роҳ монда шудааст. Ба 1 нафар маъюби аз кӯдакӣ ҷиҳати гирифтани роҳравак ва ба 2 нафар маъюби гурӯҳи якум аробачаи маъюбӣ аз тарафи шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дастрас карда шуд. Дар арафаи иди кӯдакон баҳри болида гардонидани хотири кӯдакон ба 30 нафар маъюби бистаришуда аз буҷети маҳалли 100 сомонӣ ва аз тарафи соҳибкор 150 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ супорида шуд. Боиси қайд аст, ки хатсайри мусофиркашонии (автобусҳои ҳозиразамон) самти Хуҷанд-Гулистон мавриди истифода қарор гирифт, ки маъюбони гурӯҳи I аз он ба таври ройгон истифода менамоянд. Масъалаи сохтани пандусҳо дар муассисаҳои тандурустӣ, мағозаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар биноҳои муассисаҳо ба инобат гирифта шудааст.

Бахшида ба Рӯзи маъюбон бо қарори Раиси вилоят барои 20 нафар маъюбони гурӯҳи якум ва маъюб аз кӯдакӣ маблағ дар ҳаҷми 200 сомонӣ ба ҳар кадоме дастрас карда шуд. Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳр ба 30 нафар маъюбон дар ҳаҷми 100 сомонӣ  ёрии молиявӣ расонида шуда, дар маҷмааи фароғатии “Маниҷа” ба 60 нафар маъюбон дастархони идона ташкил карда шуда, барномаи фарҳангӣ ба роҳ монда шуд.

 

13.8. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод оид ба роҳи ҳалли онҳо:

Дар шаҳр 2 нафар нафақахӯр ва 1 нафар кӯдаки  гирифтори бемории рӯҳӣ барои ҷойгир намудан ба Муассисаи давлатии «Хона интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» бо сабаби набудани ҷойи холӣ дар навбат қарор дорад. Ин беморон дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, эҳтиёҷ барои ҷойгир намудан ба хона интернати беморони рӯҳӣ доранд. Баъзеи аз онҳо муддати 2 сол аст, ки дар навбат қарор доранд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин масъала ҷой дошта, ягона муассисае, ки дар вилоят ба он беморони руҳӣ ҷой карда мешавад-Муассисаи давлатии «Хона интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» мебошад. Вобаста ба ин пешниҳод карда мешавад, ки иқтидори ҷойгир намудан дар ин муассиса васеъ ё як муассисаи дигар оид ба ҷойгир намудани беморони рӯҳӣ ташкил карда шавад. Инчунин дар давоми нуҳмоҳаи соли ҷорӣ барои дастрас намудани аробачаи маъюбӣ ва 1 роҳравак ба унвони шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мактуб ирсол карда шуд.

 

14. Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

14.1. Бунёд, таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои соҳаи фарҳанг, инчунин мактабҳои мусиқии бачагона ва таъмини онҳо бо таҷҳизот.

Дар шаҳр 27 муассисаҳои  фарҳангӣ амал мекунанд. Мувофиқи нақшаи “Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020”  як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуда қисми дигари он дар идомаи таъмир мебошад. Кохи фарҳангии “Истиқлол” дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бо маблағи 350 000 (сесаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ба таъмир кори худро оғоз намуд.  Хонаи фарҳанги “Кӯҳкан”-и шаҳраки Консой аз буҷети маҳҳалӣ ба маблағи 460 000 (чорсаду шаст ҳазор) сомонӣ қисман дар соли 2018 аз таъмир бароварда шуд.  Дар соли 2019 таъмири кулли бино бо маблағи 460 000 (чорсаду шаст ҳазор) сомонӣ  ба нақша гирифта шудааст. Клуби “Геология”-и шаҳраки Сирдарё  дар соли 2018 бо маблағи 147 000 (яксаду чилу ҳафт ҳазор) сомонӣ қисман  таъмир карда шуд. Дар соли 2019  ба маблағи 600000 (шашсад ҳазор) сомонӣ  таъмири кулли бино ба нақша гирифта шудааст. Инчунин таъмиру тармими Клуби “Ҷавонон”-и шаҳраки Навргарзан ба нақша гирифта шудааст.

Дар солҳои 2018-2019 барои таъмири биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ 957 000 (нуҳсаду панҷоҳу ҳафт ҳазор) сомонӣ сарф шудааст. Дар маҷмӯъ 100060  (як миллиону шаст ҳазор) сомонӣ барои таъмири муассисаҳои фарҳангӣ  дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии “Сомониён” аз нав  таъмир карда,  масоҳати театри тобистона низ ба масоҳати майдони “Сомониён” ҳамроҳ карда шуда, ба майдони “Парчам”-и давлатӣ бо масоҳати умумии майдон 0,80 га  табдил дода, дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз мавриди истифодабари қарор дод. Дар даромадгоҳи шаҳр боз як боғи фарҳангӣ-фароғатӣ  ба масоҳаташ 0,55 г бунёд гардид.

 

14.2 Таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон бунёд намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар гирду атрофи онҳо

Дар ҳудуди шаҳр 8 ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мавҷуд мебошад, ки бо нишони «Лаклак» дар даромади шаҳр, Муҷассамаи “Модар” дар саҳни бинои Комбинати қолинбофӣ ёдгорӣ ба фавтидагони заминҷунбии соли 1985, нимпайкараи одамушуаро Рӯдакӣ дар саҳни бинои фарҳанг ҷойгир буда соли  2017 таъмир карда шудааст. Муҷассамаи В.И.Ленин ва муҷассамаи «Хотира» дар боғи Темурмалик, муҷассамаи «Меҳри модар» дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият», қарор дорад.

Моҳи марти соли 2019 майдони Сомониён ба Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ карда шуд.

Бахшида ба Солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои фарҳангии ҳудуди шаҳр дар семоҳаи аввал ҳамагӣ 24 маҳфилҳои гуногун фаъолият бурда, ба онҳо 402 нафар хонандагон ҷалб карда шудаанд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарбияи завқи маънавии ҷомеа дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар нуҳмоҳи соли 2019 чорабиниҳои гуногун ба монанди озмунҳо,  фестивалҳои ҷумҳуриявӣ, кастинг озмуни наврасону кӯдакон, Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ”, “Лоиқхонӣ”, “Шукуфаҳои Истиқлол”, “Рақс бикун ҷоно”, “Чакомаи гесу”, “Дастархони беҳтарин”, “Русская песня”, “Атласу адраси Суғд”, “Ҳунарманди беҳтарин”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Навозандагони асбобҳои халқӣ”, “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва ғайраҳо гузаронида шуд, ки дар он ҷавонони боистеъдод фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ дар нуҳмоҳаи  аввали соли 2019  зиёда аз 863 чорабиниҳои  гуногун ташкил ва гузаронида  шуд.  Аз ҷумла:  89 мизи мудаввар, 126 суҳбат-вохӯрӣ, 109 шаби адабӣ, 98 шаби мусиқӣ, 11 намоиши театрикунонидашуда, 110 намоиши китобӣ, 79 консерти дастаи ҳаваскорон, 84 озмун, 2 семинари омӯзишӣ, 77 обзори библиографӣ, 76 намоиши ҳунармандони касбӣ ва монанди ин баргузор гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ 151545  (яксаду панҷоҳу як ҳазору панҷсаду чилу панҷ) сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Ба маблағи 73975 (ҳафтоду се ҳазору нуҳсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ  сару либос харидорӣ карда шудааст.

 

14.3 Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он:

- дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳо, норасогии омӯзгорони  мактабҳои мусиқӣ, навозандаҳои асбобҳои миллӣ, компютеркунонии муассисаҳои фарҳангӣ ва норасоии либосҳои саҳнавӣ.

 

15. Маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои  коммуналӣ

15.1. Нишондиҳандаҳои  таъмини  аҳолӣ  бо  оби  тоза (ҳиссаи  дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ва  маҳаллаҳои аҳолинишин дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои  ҳамин давраи соли гузашта ва бо фоиз нисбат ба шумораи  умумии  аҳолӣ  рафти  пардоти  ҳаққи  истифодаи оби ошомиданӣ ва бақияи қарзи он)

Дар шаҳри Гулистон ба воситаи 28 чоҳҳои амудӣ ва  насосҳои обкашӣ оби  тозаи нӯшокӣ интиқол дода мешавад. Дар корхонаҳои  обтаъминкунии  шаҳр ва шаҳракҳо зиёда аз 80 нафар кормандон ба фаъолияти доимӣ машғул мебошанд ва ин корхонаҳо бо зиёда аз 10 ҳазор муштариён шартнома бастааст. Дар маркази шаҳр 14 чоҳҳои амудӣ мавҷуд буда, аз он 8 ададаш мунтазам фаъолият намуда, ба воситаи насосҳои обкашӣ ба аҳолии шаҳр 20-24 соат обро интиқол медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар пойгоҳи обкашии асосӣ 3 насосҳои нав васл гардида, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр ба аҳолӣ ба маблағи 1 миллиону  104  ҳазору 538 сомонӣ хизматрасонӣ намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  136 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаҳракҳои тобеъ оби нӯшокӣ бо 14 чоҳҳои амудӣ ба воситаҳои насосҳои обкашӣ ба аҳолӣ интиқол дода мешавад. Хатти умумии қубурҳои обтаъминкунӣ зиёда аз 68 км-ро ташкил медиҳад. Барои таъмир намудани чоҳҳои амудӣ, насосҳои обкашӣ, системаи обтаъминкунӣ дар шаҳракҳои Сирдарё, Адрасмон, Зарнисор бригадаҳои масус фаъолият менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар маркази шаҳр ва шаҳраки Сирдарё таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бе маҳдудият, яъне 24 соат буда, дар дигар шаҳракҳо тибқи реҷаи тасдиқгардида интиқол дода мешавад.

15.2. Корҳои  анҷомдодашуда,  ҷиҳати баланд  бардоштани дастрасии  аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, хусусан дар деҳоти  дурдаст ва  ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ,  соҳибкорони  маҳаллӣ

Қисмати зиёди шабакаҳои обтаъминкунии шаҳр солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шуда, дар давоми 30-50 сол мавриди истифода қарор доранд, ки  солҳои охир хизматрасонии теникии иншоотҳо гузаронида нашудааст. Хушбатона, дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд корҳо дар доираи «Лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки маблағи умумии лоиҳа 2,4 млн.доллари ИМА-ро ташкил дод.

15.3 Таъмини  иҷрои  Барномаи  ислоҳоти  соҳаи об дар Чумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои 2016-2020 (банди 32 Паём):

Барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ давоми давраи ҳисоботӣ дар шаҳру шаҳракҳо  4546 метр  хатти қубурҳои нави оби нӯшокӣ, 300 метр қубурҳои ташнобгузари  нав васл карда шуда, 5300 метр қубурҳои обгузар таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Адрасмон барои таъмири  900 метр қубурҳои обгузар, таъмири насоси обкашӣ ва безараргардонидании оби ошомиданӣ маблағ ба андозаи  16500 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Инчунин, дар шаҳраки Чоруқдаррон 600 метр қубурҳои обгузар, як насоси обкашӣ  ва дар шаҳраки Зарнисор 500 метр, шаҳраки  Сирдарё  500 метр, шаҳраки Консой 600 метр қубури обгузар таъмир ва  иваз карда шуданд. Соли 2019 тибқи нақшаи тасдиқшуда, барои иҷрои Барномаи мазкур аз буҷети маҳалӣ 751000 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва корхонаю ташкилотҳо 905 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 120 фоизи иҷрои нақшаро ташкил додааст.

 

15.4. Гузаронидани  чорабиниҳои  вобаста ба Даҳсолаи  байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар маҳал  ҷиҳати  ҷалби  сармоягузорон  (банди 2,Паём)

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба заираҳои обро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ намуд ва 21-уми декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмиллалии амал» об барои рушди устувор 2018-2028» қабул гардид, ки аз санаи 22-юми марти соли 2018 даҳсолаи мазкур оғоз гардидааст.

Дар соли равон таъмири 6,5 км қубурҳои обгузар ба нақша гирифта шудааст.  Аз ҷумла 2,3 км таъмири асосӣ, 4,2 км таъмири ҷорӣ ва 5,6 км кашидани хатти нав ва таъмири 6 ҳавзҳои захиравӣ, 5 чоҳҳои амудӣ пешбинӣ  шудааст.

Дар  моҳҳои январ-сентябри соли  ҳисоботӣ 1500 метр қубурҳои обгузар таъмири асосӣ, 3800 метр таъмири ҷорӣ  ва 4546 метр хатти нави оби нӯшокӣ гузаронида, 6 ҷоҳи амудӣ  ва 2 ҳавзи захиравӣ  аз таъмир бароварда шуд. Дар ин давра иҷрои нақшаи пешбинишуда 82%-ро ташкил дод.

 

Беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

15.5. Ҷорӣ намудани низоми  ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳру шаҳракҳо, деҳот, хизматрасонии «Шуғли сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкорони экологӣ ва бозори хизматрасониҳои экологӣ (Нақша-чорабиниҳо башида ба солҳои  2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ):

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои коммуналии шаҳр ба маблағи 7 миллиону 801 ҳазору 113 сомонӣ корҳои хизматрасониро ба иҷро расониданд.

Дар ин давра аз шаҳр 15350 метри мукааб партовҳои сахти маишӣ бароварда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,1 % кам мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру шаҳракҳо 21 маротиба ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 62000 нафар намояндагони корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ иштирок намудаанд. Ҳудуди шаҳру шаҳракҳо аз ҷумла, бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, маҳаллаҳои аҳолинишин, қабристонҳои мавҷуда, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишгоҳҳо ва сойҳо аз алафҳои хушк ва партовҳо тоза карда шуд.

Дар ин давра аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ 13740 метр ҷӯйборҳо тоза, бордюрҳо ва  пояи даратон сафед карда шуда, шохбури дарахтони мавҷуда ва решакан намудани дарахтони хушк гузаронида шуд.  Дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳо ҳамагӣ 10633 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз ба монанди ардаҷ санавбар, сӯзанбарги кипарис, сафедор, 7000 бех дарахтони мевадиҳанда, 45200 кӯчати гули садбарг, 23000 пиёзи гули лола бо 6 намуд ва зиёда аз 356000 гулҳои ороишии мавсимӣ коштаву шинонида шуданд.

Инчунин дар ҳудуди шаҳр 121 метр девори нав, 1800 метр деворчаҳои муҳофизатӣ, 252 адад симчӯбҳои  нав шинонида  чароғакҳои замонавии каммасраф насб карда шуд. Бо баробари ин, 5400 метр клумбаҳо  сохта шуда, дарахтони ороишӣ ва гули садбарг шинонида шуданд. Дар маркази шаҳр 2 чароғаки роҳнамои замонавӣ, 3 монитор, 4 соати ҳозиразамон ва 12 аломати роҳ васл  карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ  16 хонаи баландошёна, 35 хонаи шахсӣ ва 16 бинои маъмурӣ, корхонаву муассисаҳо рангубор карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 11 маротиба аксияи  «Тозагии маҳал»  аз ҷумла  се  маротиба  дар соҳили  Обанбори “Баҳри тоҷик”  аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд, ки  дар  ин  аксия  аҳолӣ ва коргарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

 

15.6. Корҳои анҷомдодашуда  дар доираи барномаҳои  соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо) дар шаҳру ноҳия (дар асоси  иҷрои ваколатҳои  Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” моддаи 10):

Бо мақсади  иҷрои  бандҳои  “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи  то соли 2020 ва “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”  дар шаҳру шаҳракҳо бо аҳолӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳо, омӯзгорон ва хонандагон  12 маротиба вохӯрӣ оид ба “Тозагии маҳал”, “Тарзи нигоҳ доштан ва ҷамъоварӣ намудани лампаҳои каммасрафи симобдор”, “Нигоҳдории минтақаҳои кабудизоркардашуда” ва 3 маротиба семинар дар мавзӯи “Об омили асосии рушди устувор”, “Об барои рушди устувор”, “Тоҷикистон сарчашмаи оби зулол” ташкил ва баргузор карда шуд.

15.7.Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он:

Дар маркази шаҳр мавҷуд набудани иншооти партовобтозакунӣ муаммои асосӣ мебошад.

 

 

16. Маълумот оид ба таъмини устувори экологӣ ва

рушди устувор

16.1 Корҳои  анҷомдодашуда оид ба рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии фарсоиши (эрозияи) заминҳои кишоварзӣ ва ҷангалҳо (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  натиҷаҳои  рушди  иҷтимоию  иқтисодии  Чумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои  соли 2019» аз 30.01.2019, №39, банди 34) ;

Бо мақсади таъмини ҳифзи аҳолӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру шаҳракҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр  ва корхонаю ташкилотҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Адрасмон дохили сой бо дарозии 564 метр аз сангу шағал тоза карда шуд. Барои тоза намудани дарёчаи Дрешсойи шаҳраки Адрасмон 20 ҳазор сомонӣ  маблағ аз буҷети маҳаллӣ  ҷудо гардид.

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои  мудофиаи шаҳрвандон қарори Раиси шаҳри  Гулистон “Дар бораи  тасдиқ  намудани  нақшаи чорабиниҳои  асосии  шаҳр оид ба масъалаҳои мудофиаи шаҳрвандон барои соли 2019” таҳия ва ба тавсиб расида, иҷрои он зери назорати қатъӣ қарор дорад.

 

16.2. Корҳои анҷомдода барои пешгирии зарари офатҳои табиӣ ба оилаҳои дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда (Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 8)

Бо мақсади бехатарии аҳолӣ  аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст. Дар ин давра чор хоҷагӣ аз деҳаи Навободи шаҳраки Зарнисор ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Баҳри пешгирии офатҳои табиӣ, омодаги ба мавсими зимистони соли 2019, ва огоҳонидани хоҷагиҳои мавзеъҳои хавфнок дар ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой ва Навгарзани  шаҳри  Гулистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавзӯи пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, омодагии аҳолӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, захира намудани маводҳои хӯрокворӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, ҳезум, ангишт,  пешгирии аз омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сухтор, маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф ва яхобмонии заминҳо гузаронида шуд. Илова бар ин мақола бо номи “Муроҷиатнома” -и бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳр вобаста ба оғози фасли зимистони соли 2019 дар газетаи ҳафтавории «Соҳил»-и шаҳри Гулистон аз чоп баромада, фаъолият дар ин самт идома дорад.

 

16.3. Ташкил ва ба роҳ мондани ҷамъоварӣ ва супоридани лампаҳои люминисентӣ (симобдор) ба нуқтаҳои коркард

Дар ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр 7 нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва супоридани лампаҳои симобдор фаъолият мекунанд. Ин нуқтаҳо бо контейнерҳои махсус муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ба санаи 1-уми сентябри соли 2019-ум  аз аҳолӣ дар маҷмӯъ 34359 дона лампаҳои симобдор қабул карда шудааст.

Дар шаҳр  нуқтаҳои коркарди лампаҳои каммасрафи симобдор вуҷуд надорад. Лекин аз тарафи соҳибкори инфиродӣ  Рахимов А. 24000 лампаҳо барои коркард ба шаҳри Исфара бароварда шуд. Алҳол 10359 адад лампаҳо дар нуқтаҳо мавҷуд мебошад.

 

16.4.Мушкилиҳои ҷойдоштаи вобаста ба соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо

Дар шаҳр нарасидани қитъи замини наздиҳавлигӣ барои шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва барқарори намудани системаи ташноби маркази шаҳр муаммои асосӣ маҳсуб меёбад.

 

17. Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

17.1.Нишондиҳандаҳои соҳаи кор бо ҷавонон (шумораи умумии ҷавонон) ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва баланд бардоштани нерӯи эҷодии онҳо

Теъдоди ҷавонони шаҳр 16200 нафар буда, он 33,8 дарсади сокинонро ташкил медиҳад.

Дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 6 нафар ҷавонон, ки 17,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 34 нафар кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 32 нафар ҷавонон фаъолият доранд, ки 40%-ро аз теъдоди умумӣ ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ доир ба масъалаҳои мухталифу мубрами рӯз 32 маротиба мулоқоту вохӯриҳои судманд бо ҷавонон баргузор намуда, ба он беш аз 3542 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуданд.Аз ҷумла, дар ҳамбастагӣ бо шуъбаву бахшҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалб намудан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ, гимназия 30 маротиба вохӯриҳо гузаронида шуд, ки дар он 5212 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, 8 маротиба вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ташкил ва баргузор гардид.

Бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷавонони маҳаллаҳои шаҳракхо дар шаҳр 18 маротиба вохӯрӣ дар мавзӯи пешгирии зуҳуроти номатлуб, даст назадан ба ҷинояткорӣ, аз худ намудани илмҳои муосир, забондонӣ, иштирок дар корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили мубрами рӯз ба вуқӯъ пайваст.

Дар нуҳмоҳаи соли равон 521 нафар ҷавонон дар шуъбаи Агентии маркази шуғли аҳолӣ ва меҳнат расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, алҳол ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба монанди дӯзандагӣ, гилембофӣ, сартарошӣ, кафшергари газу барқ, оҳангарӣ зиёда аз 59 нафар ҷавонон, аз ҷумла 138 нафар занону ҷавондухтарон фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 14 ярмаркаи ҷойҳои холии корҳо баргузор гардида, 175 нафар ҷавонон бо кор таъмин шуданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар арафаи ҳар идҳои расмӣ 101 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд, 14 нафар бепарасторон ва 211 нафар ҷавонони ниёзманд фарогири дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гардиданд.

Дар донишгоҳҳои олии вилоят беш аз 500 нафар, дар муассисаҳои олии берун аз кишвар беш аз 50 нафар ва дар донишгоҳҳои олии пойтахт зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил доранд. Се нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба гирифтани стипендияи президентӣ, 25 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳр ва 15 нафар идрорпулии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ мушарраф гардидаанд.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мунтазам мулоқоти Раис шаҳр бо донишҷӯёне, ки аз шаҳри Гулистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ва ҷумҳурӣ таҳсил доранд баргузор гардида, донишҷӯёни ниёзманд ва фаъол бо кумаки молиявии яквақтаи Раиси шаҳр фаро гирифта мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” дар маркази фароғатии “Дурахшон”-и шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси шаҳр бо 25 нафар наврасону ҷавонони ятими кулл доир гардид. Дар вазъи тантанавӣ ба 25 нафар ҷавонони ниёзманд кумаки молиявии яквақта расонида шуд. Дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!” дар боғи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, чорабинии фарҳангиву фароғатии “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардида, Аксияи шаҳрии “Мо ҷавонон - зидди ВНМО!” (бо мақсади пешгирии ҷавонон аз касалиҳои сироятӣ) ва “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!”  ташкил ва баргузор гардид.

Дар ин давра бо иштироки ҷавонон аксияи шаҳрии “Либоси миллӣ-ифтихори мо!”, “Саҳми ман дар ободонии шаҳри ман”, “Тозагии соҳил” ва ғайраҳо ба роҳ монда шуда, корҳои созандагиву ободонӣ дар ин самт идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон роҳпаймоии ҷавонони таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!” бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, осоишгоҳҳо, коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар маҷмӯъ дар роҳпаймоии ҷавонони сарбаланди гулистонӣ намояндагони 16 корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо бо теъдоди қариб се ҳазор нафар иштирок намуданд.

Дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, ҷамоати шаҳракҳо, сокинон ва меҳмонони зиёди маркази шаҳр баргузор гардид. Дар он табрикоти Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон манзури ҷавонон гардид.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, 27 майи соли 2016 баён гардиданд, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ байни наврасону ҷавонон мунтазам ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи Шӯрои кор бо ҷавонони шаҳр бо мақсади фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, баланд бардоштан ва бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва мубориза бо хуруфотпарастиву ифротгароӣ дар чор моҳи соли равон зиёда аз 38 маротиба вохӯриву чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд.

 

17.2. Рафти иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва чораҳои андешида шуда барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон (махфӣ)

(Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Таҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 19):

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, саривақт омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз қабили мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин давра ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ як қатор озмунҳои шаҳрӣ дар мавзӯъҳои «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!», “Пешвои мо – ифтихори мо!”, “Бе ҳеҷ пешбиниву лоиҳа Пешвост!”, “Роғун – дурахши кохи нур”, “Роғун ояндаи нурбори Тоҷикистон”, «Конститутсия – рамзи ягонагӣ», «Суруди миллӣ – ифтихори миллӣ», «Парчам ва Нишон – муқаддасоти Ватан» ва монанди инҳо гузаронида шуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо аёдати афсарону сарбозон, рӯзи «Дарҳои кушод» бо ҷалби зиёди ҷавонон баргузор гардида, баҳри болидарӯҳии онҳо чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ташкил карда шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ин самт идома доранд.

 

17.3. Рафти бунёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла бо соҳибкорону тоҷирон (банди 51, Паём):

Баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳр 52 майдончаи варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 25 толори варзишӣ амал мекунанд, ки дар як вақт имконияти қабули беш аз 1200 нафар наврасону ҷавононро дорост.

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2018-2020 дар давоми солҳои 2019-2020 сохтмону бунёд ва азнавсозии беш аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми нуҳ моҳ 7 майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 1,813 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

 

17.4.       Нишондиҳандаҳои иншооти соҳаи варзиш ва машқҳои пагоҳирӯзӣ:

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ҳудуди шаҳр бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳар ҳафта рӯзи шанбе ташкил ва баргузории машқи пагоҳирӯзи ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 32 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғи фарҳангию фароғатии 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варзишгоҳи марказӣ ва дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр бо ҷалби 4100 нафар доир гардида, ки ба он 1740 нафар ҷавондухтарон иштирок доштанд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар давраи ҳисоботи 5 маротиба Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ бо ҷалби васеъи аҳолӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2017-2021” аз 24 ноябри соли 2017 ва бо мақсади тақвияти фаъолияти соҳа дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба дастаи футболбозони шаҳр барои иштирок дар марҳилаҳои аввал ва ниҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби сарпарастон 45,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Инчунин, баҳри дар сатҳи шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ташкил ва баргузории мусобиқаву чорабиниҳои варзишӣ ва Дави наврӯзӣ  тибқи сметаи тасдиқгардидаи соли 2019 ва баҳри иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Гулистон барои сол2017-2021” аз 23 ноябри соли 2017 ба маблағи 36,059 сомонӣ ҷудо гардид.

 

17.5. Оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбӣ (банди 51, Паём):

Дар шаҳр як мактаби варзишӣ амал менамояд, ки дар он 25 нафар мураббиён фаъолият дошта, аз онҳо 6 нафар бо маълумоти олии махсуси варзишӣ, 16 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 3 нафар бо маълумоти миёнаи нопурра кору фаъолият мебаранд. Дар мактаби варзишӣ аз рӯӣ 10 намуди варзиш: футбол, волейбол, баскетбол, бокс, каратэ-до годзю-рю, дастхобонӣ, гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ ва тенниси рӯӣ миз амал намуда, ба 52 гурӯҳҳои машқӣ бо ҷалби 627 нафар наврасону ҷавонон, аз он ҷумла 20 нафар духтарон машқу тамрин менамоянд.Инчунин, дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо маҳфили “Варзиш” амал мекунад, ки дар он 230 нафар хонандагон фаро гирифта шуда, 50 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд. Дар маҷмӯъ, 857 нафар ҷавонону наврасон машқу тамрин менамоянд ва аз он 70 нафар духтарон фарогир мебошанд. Варзишгарони шаҳр дар давоми нуҳ моҳ дар мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ иштирок намуда, барои гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар 19 мусобиқаҳои шаҳрӣ ба гирифтани 288 медал, дар 11 мусобиқаҳои дохилимактабӣ ба гирифтани 669 медал, дар 8 мусобиқаҳои вилоятӣ ба гирифтани 94 медал, дар 5 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 111 медал, 1 чемпионати ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 3 медал мушарраф гардиданд, ки аз онҳо 361 медали тилло, 359 медали нуқра ва 445 медали биринҷӣ мебошад. Ҷамъ, варзишгарон давоми нуҳмоҳи соли 2019 соҳиби 1165 медал гардиданд.

17.6.Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он

Нест.

18. Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ:

18.1. Рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (банди 34 Паём):

Дар шаҳр имкониятҳои мусоид барои рушди сайёҳӣ фароҳам оварда шудааст. Дар як вақт имконияти қабул намудани 2043 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», урдугоҳи «Шоҳин», марказҳои солимгардонии «Усмонҷон», «Соҳил» ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ 3776 меҳмонони хориҷӣ ва 21426 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо, урдугоҳ ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ давоми соли ҷорӣ 25202 нафар истироҳат намуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи сайёҳон 2526 нафар зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 24 миллиону 282,0 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 4 миллиону 500,6 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Дар соҳаи туризм зиёда аз 416 нафар бо корӣ доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1920 сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр панҷ меҳмонхонаҳо, аз ҷумла «Соҳил», «Наврӯз-2000», «Далер-777» ва Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон», “Фирӯз-плаза” дар шаҳр фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 265 нафар меҳмононро доро мебошанд. Инчунин дар ин давра меҳмонхонаҳои шаҳр 709 меҳмонони хориҷӣ ва 3559 нафар ватанӣ дар маҷмӯъ 4268 меҳмон қабул намудааст. Ҳаҷми умумии хизматрасонӣ аз ҳисоби меҳмонон 512,6 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 63,6 ҳазор сомонӣ ба меҳмонони хориҷӣ рост меояд. Инчунин шумораи кормандони меҳмонхонаҳо 29 нафарро ташкил дода, музди меҳнати онҳо ба 537 сомонӣ баробар аст.

Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳр 4,6% ҳиссаи буҷети давлатиро иҷро мекунад, ҳиссаи туризм ба хизматрасониҳои пулакӣ бошад 39,5% баробар мебошад.

Бояд қайд кард, ки бо дарназардошти нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла барномаи тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, моҳи июни соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмиллалии савдо «Суғд-2019» баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур соҳибкорони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон намоиши маҳсулоти ватаниро, аз ҷумла маҳсулоти ордӣ, спиртӣ, металҳои қимматбаҳо, маҳсулотҳои гӣштию ҳасибӣ ва ғайра ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешкаш гузоштанд. Ҳамзамон, ташрифи ҳайати намояндагони давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Руссия, Белорус, Корея, Полша ва Ҷумҳурии мардуми Чин ба минтақаҳои истироҳатии шаҳр ба вуқӯъ пайваст. Инчунин, тибқи барномаи мазкур баргузории Форуми доираи соҳибкорони вилоятҳои Суғд намоиши маводҳои таблиғотии осоишгоҳҳои «Шифо» ва «Баҳористон» пешкаш гардид.

Моҳи августи соли ҷорӣ бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баҳри дастуру супоришҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форум ва Намоишгоҳи байналмиллии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» баргузор гардида, дар он шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд, аз ҷумла осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои Баҳористон, Шифо, Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва урдугоҳи Шоҳин ширкат варзида, маводҳои таблиғотии худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон барномаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаи давлатии «Коҳи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 3-юми вазирони сайёҳии кишварҳои узви созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардида, дар заминаи чорабинӣ намоиши маҳсулоти сайёҳии осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон» ва меҳмонхонаи маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон пешкаш гардидааст.

 

18.2. Корҳои анҷомдода ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва шумораи сайёҳон (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, банди 1).

Дар ин давра моҳи март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осоишгоҳи “Баҳористон” барои бунёди бинои наву муосир санги асос гузошта шуд. Иншооти нав аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Баландии бино 27 метрро ташкил дода, масоҳати умумии сохтмони иншоот 8 ҳазору 444 метри мураббаъ мебошад.

Ҳамзамон, вобаста ба дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои калон пешниҳод шуд. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод ҳастанд ва ин соҳибкоронро ҳавасманд карда истодааст, ки дар ин соҳа фаъолият кунанд. Дар баробари ин тамоми таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ ва техника барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озода карда шуд. Бо қарори Ҳукумати мамлакат номгӯйи таҷҳизот, техника ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ки воридоти онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд, тасдиқ гардид. Ба ин номгӯй меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳои дорои бренди байналмиллалӣ, базаҳои лиҷаронӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои ҳунармандӣ ворид мешавад.

18.3. Ташкили ба роҳ мондани муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таъриху фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор (банди 36 Паём, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» аз 30.01.2019, № 39 банди 1).

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Гулистон 3 хатсайрҳои нави мавзеъҳои сайёҳӣ дар осоишгоҳҳои Баҳористон, Шифо ва осорхонаи шаҳр роҳандозӣ гардид.

Моҳи марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афрохтани Парчами давлатӣ ба ифтитоҳи Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд. Майдони мазкур бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза оро ёфтааст. Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр барои сайру гашти сокинон ва  меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ низ басо мусоид аст.

Ҳамзамон, бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд барои истироҳату фароғатии сокинон мавриди истифода қарор гирифт. Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳр оид ба истиқболи шоистаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳр бунёд гардид. Инчунин, дар осоишгоҳи “Баҳористон” ва маркази таълимии “Бонки миллии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи қабули меҳмонони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар маркази шаҳр 4 боғҳои фароғатию истироҳатӣ бунёд гардида, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

18.4. Таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва маъмурӣ хизматрасонӣ сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон

Бо мақсади тарғибу имкониятҳои туристии шаҳр мунтазам дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявию вилоятӣ роликҳо ва дар фурудгоҳ иттиллот насб карда шудааст. Инчунин маълумотҳо ва иқтидорҳои минтақаи истироҳатии шаҳр ба сомонаи вилоятӣ ва шаҳрӣ www.wӯlcomӯsғghd.tj ва www.gғliston.tj дохил карда шудааст.

Дар сомонаи расмии www.gғliston.tj маълумот оид ба минтақаҳои истироҳатии шаҳр ба ду қисм – «даъваткунанда» ва «ирсолкунанда» ҷойгир шудааст. Боназардошти эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ мақсад дар он аст, ки ҳар чӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад, бинобар ин дар саҳифаи асосӣ возеҳтар нишон додани маълумоти минтақаҳои истироҳатӣ «даъваткунанда» мувофиқи мақсад аст. Инчунин маълумот оид ба сатҳи хизматрасонии табобатӣ бо тариқи электронӣ захира (брон) намудани ҷойҳои истироҳатӣ дастрас мебошад.

Маълумоти зарурӣ барои сайёҳон дар шакли саволу ҷавоб ва ё дигар тарзи диққатҷалбкунанда, ки пайдо намудани он дар сомона ба осонӣ имконпазир мебошад, истифода бурда мешавад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, урдугоҳи “Шоҳин” ва меҳмонхонаи маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» дар шабакаи интернет сомонаи расмии худро таъсис дода, дар он маълумотҳо оид ба намудҳои хизматрасонии табобатӣ, нархи дастрас ва бо тариқи электронӣ захира (брон) намудани ҷойҳои истироҳатӣ ҷойгир намудааст.

18.5. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.

Мувофиқи мақсад мешуд, ки агар дар шаҳр бахши сайёҳӣ ташкил карда шавад. Бахши мазкур барои густариши фаъолият дар самти рушди туризм ва мутобиқсозии фаъолияти иншооти сайёҳӣ мусоидат мекунад.

 

19.Масъалаҳои баробарии гендерӣ

19.1. Корҳои анҷомдода ҷиҳати таъин кардани занон ба мансабҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла дар бонкҳо:

Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 10 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, 12,5 фоизро дарбар мегирад. Аз 95 нафар вакилони ҷамоатҳо 38 нафаршон занон мебошад, ки  9,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар теъдоди умумии аҳолии шаҳр (47 700 нафар) 23 704 ё  50%-и аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Дар соҳаҳои асосии хоҷгии халқи шаҳрамон 34,2% кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 78,3%, дар соҳаи тандурустӣ 68,6%, хизматчиёни давлатӣ 42%, соҳибкорон 25%, дар соҳаи фарҳанг 46% бонувон фаъолият мебаранд.

Шумораи занони роҳбар дар шаҳр беш аз 50 нафар буда, 37%-и роҳбаронро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 10 нафар занон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон вакилони Маҷлиси ҷамоати шаҳракҳо интихоб шуданд ва ин нишондод нисбати даъвати гузашта 15 фисад  афзудааст. Қобили тазаккур аст, ки раиси суд, раиси нозироти андоз, роҳбари бонк 2 нафар ва раисони ҷамоати шаҳракҳо 2 нафар аз ҳисоби занон мебошанд. Дар шаҳр 48 фисади аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро бонувон ташкил дода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр зан мебошад. Алҳол 198 нафар занон ба соҳибкории хурду миёна машғуланд. Қобили зикр аст, ки алҳол 355 нафар донишҷӯдухтарони шаҳр дар донишкадаву донишгоҳҳои  вилоятиву ҷумҳуриявӣ таҳсил менамоянд.

Баҳри иҷрои Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои  2017-2022” 100.000 (сад ҳазор) сомонӣ ба нақша гирифта шуда, нақшаи соли 2019 16.000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалб намудан ба ҳунарҳои мардумӣ 23 маротиба вохӯриҳо гузаронида шуд.

Бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як қатор озмунҳо ба монанди “Дастархонороӣ”, “Иди Сада”, “Чакомаи гесӯ”, “Ҷавондухтари ҳунарманд”, “Маликаи Наврузӣ” ва чорабиниҳои фарҳангии “Рӯзи Модар”, “Наврӯзи аҷам”, озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” ва мусобиқаи волейбол байни занони корхонаву ташкилотҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин озмуни “Сад ранги чакан” бо иштироки 85  нафар занону духтарон, чорабинии “Рӯзи байналмиллалии оила” бо иштироки 8 оилаҳои ҷавон ва оилаҳои собиқадор, фестивал-озмуни “Атласу адрас” бо иштироки зиёда аз 107 нафар духтарон ва бонувон, фестивали “Ҷилваи рангҳо” дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 16 маротиба вобаста ба шарҳу эзоҳи Паёми Сарвари давлат мулоқот бо занону ҷавондухтарон ташкил ва баргузор гардиданд.

Тибқи амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» дар маҳаллаҳои маркази шаҳр оиди сатрпӯшӣ рейд гузаронида, 7 нафар ба қайд гирифта шуда дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳо аз сару либоси бегона даст кашиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҳаллаҳои шаҳру шаҳракҳо 29 маротиба вохӯриҳо доир ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, ҷудошавии оилаҳои ҷавонон ва татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» гузаронида шуданд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз шумораи умумии ба бахши кор бо занон муроҷиаткардагон 51 нафар буда, аз онҳо 36 нафарашон бо муноқишаҳои оилавӣ мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шаҳр 198  никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 11 ҳолат кам мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 94 оила ҷудо шудааст ки нисбати соли гузашта 37 ҳолат зиёд мебошад. Аксарияти  сабабҳои ҷудогардидани оилаҳо низ  аз зиёд будани зуроварӣ дар оила нисбати келини хона мебошад. Ҳар як ҳодиса ва ё шикояти воридшуда дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, барои ҳалли мушкилоти оилавӣ аъзои комиссияи шаҳрӣ оид ба пешгирии зуроварӣ низ ҷалб карда мешаванд. Дар назди беморхонаи марказии шаҳр утоқи алоҳида барои расонидани кумаки тиббӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони хушунат ва муваққатан таъмин намудани онҳо бо макони зист амал мекунад, ки 7 нафар занони ҷабрдида аз зӯроварӣ кумаки тиббӣ аз ҷониби соҳаи тандурустӣ расонида, бо онҳо суҳбатҳои тӯлонии профилактикӣ гузаронида шуд. Кор дар самти мазкур бо воситаи  ташкили  семинарҳои  омӯзишии  «Одоби муошират»,  суҳбатҳои инфиродӣ, гардиши хона ба хона ва  вохӯриҳо дар маҳаллаҳо  ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳр 33 оилаи ноустувор ба қайд гирифта шудааст, ки бо онҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда гузаронида мешаванд. Мувофиқи  маълумоти  ШВКД  дар маркази шаҳр  соли равон аз тарафи 13 нафар занон 21 ҳодисаи ҷиноятӣ содир намудаанд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳодиса кам гардидааст.

Баҳри татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”  80.000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки  барои соли равон 16.000 (шонздаҳ ҳазор) сомонӣ рост меояд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1356 нафар муроҷиаткунандагон ба қайд гирифта шуда, 779 нафар занон мебошанд. Аз 400 занони дар қайд буда, 251 нафарашон бо кор таъмин карда шуданд. Ба корҳои ҷамъиятӣ 48 нафар, ба касбомӯзӣ 83 нафар занон ҷалб карда шуданд. Ба 8 нафар занон кумакпулӣ дода шуд. 232 нафар занону духтарон шаҳодатнома гирифтанд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар маркази шаҳр 5 маротиба  ва дар ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё, Консой, Чоруқдаррон, Адрасмон як маротибагӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки якчанд нафар занон бо кор таъмин карда шуданд.

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти кор бо занон ва оила чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти  унвони “Корвони модарони  Ваҳдатсаро” дар шаҳр бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд баргузор гардид.

 

19.2 Мушилиҳои ҷойдоштаи соҳаи ва пешниҳод барои ҳалли онҳо

Нест.

 

20.Оид ба ҳолати кор дар самти иттиҳодияи динӣ

 

20.1. Маълумот оид ба ташкилоти динии дар шаҳраку деҳот фаъолиятдошта.

Дар шаҳр ҳамагӣ 3 масҷиди ҷомеъ аз он 1 ҷомеи марказӣ, 6 масҷиди панҷвақта барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динии аҳолӣ хизмат мекунанд. Дар ин давра дар рӯзҳои ҷумъа мавъизаҳо дар мавзӯъҳои гуногун: “Паёми Президенти кишвар -  қутбномаи  сиёсати давлат”, “Дини ислом терроризмро маҳкум мекунад!”, “Мубориза бар зидди  экстримизм ва терроризм дар Паёми Пешвои миллат”, “Иқдоми наҷиб барои зиндагии шоиста ва ободии мамлакат” “Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст”, “Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мухолифи истиқлолияти давлатӣ”, “Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост”, “Ватандӯсти дар кирдор асту, на дар ҳарзаву гуфтор”, “Рамазон моҳи раҳмату баракат”, “Оқибат гургзода гург  шавад”, “Ислом муқобили нашъамандӣ”, “Худкушӣ аз назари Ислом”, “Иҷтиноб аз бемориҳои сироятӣ”, “Фазилати амонат ва мазаммати хиёнат” ва дигар масъалаҳои муҳим аз тарафи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ба самъи намозгузорон расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи масҷидҳои дар шаҳр қарордошта аз қайди давлатӣ ва баҳисобгирӣ гузаштаанд.

 

20.2. Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар самти дастгирии қишрҳои осебпазири  аҳолӣ (Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018, №12, банди 19)

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеҳои шаҳр ба оилаҳои камбизоату осебпазир, маъюбону беморон ва ятимону барҷомондагон кумаки моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 2100  сомонӣ расонида шуд. Аз ҷумла: масҷиди ҷомеи марказии шаҳр ба номи «Имом Бухорӣ» бахшида ба Иди Модар ва Иди Наврӯзи байналмилал ба маблағи 850 сомонӣ ба 12 нафар ятимон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат кумаки моддӣ ва молиявӣ расонид. Масҷиди ҷомеи шаҳраки Адрасмон ба номи «Имом Муслим» бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилал ба 5 оилаҳои камбизоат ба маблағи 250 сомонӣ кумаки моддӣ расонид. Масҷиди ҷомеи шаҳраки Консой ба номи «Абӯбакри Сиддиқ»  бахшида ба иду ҷашнҳо ба 3 оилаи камбизоат 3 адад қолин, ки бо арзиши  200 сомонӣ,  ҳамаги ба  маблағи 600  сомонӣ ва ба 6 оилаи камбизоат ба маблағи 400 сомонӣ маводи хӯрокворӣ кумак расонид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи квотаи ҷудошуда 24 нафар сокинони шаҳр барои адои ҳаҷ ва умра гусел карда шуда, алҳол зиёда аз 130 нафар шаҳрвандон ба сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат ба навбат истодаанд.

Дар арафаи иди саиди Фитр аз тарафи хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва иттиҳодияҳои динӣ ба 956 нафар ятимону барҷомондагон ва бепарасторон, фақирону мӯҳтоҷон, маъюбон, оилаҳои камбизоат, ба маблағи умумӣ 138200 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

 

20.3. Мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он

Нест.

 

21. Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

21.1. Холати маблағгузорӣ  ба бахшҳои хусусии  истеҳсолии шаҳру ноҳияҳо (банди 8, Паём)

Дар шаҳр ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ 61 миллиону 536,6 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум (58 миллиону 915,1 ҳазор сомонӣ)  бо нархҳои муқоисавӣ ба маблағи 2,6 миллион  сомонӣ зиёд, ё ин ки ба 103,7% баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ин давра 110,6 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум (106,5 миллион  сомонӣ- индекс 108,6)   бо нархҳои муқоисавӣ  95,7 фоизро ташкил дод.

Алҳол дар шаҳр намояндагии се бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Инҳо; Бонки Эсхата, Ориёнбонк ва Амонатбонк буда, бонкҳои мазкур дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба аҳолӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 7,1 миллион сомонӣ қарзҳои хурду миёна додаанд. Шумораи қарзгирандагон 808 нафар буда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар кам гардидааст.

Дар шаҳру шаҳракҳо ширкатҳои мобилии Тселл, Мегафон, Билайн, Вавилон ва Телеком ба мардум измат мерасонад. Аҳолии шаҳр аз хизматрасони алоқаи мобилии зикршуда   истифода мебаранд. Дар самти хизматрасонии молиявии бонкӣ ва хизматрасонии муассисаҳои алоқаи мобилӣ мушкилот вуҷуд надорад.

21.2. Корҳои анҷомдода  барои баланд бардоштани  дастрасии аҳолии  шаҳру ноҳияҳо ба хизматрасонии пулакӣ, хусусан дар маҳалҳои дурдаст.

Дар маркази шаҳр ва дар Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор, Сирдарё идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолият дошта, дар ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон ва Консой шуъбаи манзилю коммуналӣ дар таркиби коронаҳои КНФЛ ва ҶДТКММ “Апрелевка” фаъолият бурда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар ин давра корхонаҳои коммуналии шаҳр ба маблағи 7 миллиону 801 ҳазору 113 сомонӣ корҳои хизматрасониро ба анҷом расонид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  (соли 2018- 6 981279 сомонӣ)   819 ҳазору 834 сомонӣ зиёд мебошад.

21.4.Мушкилиҳои ҷойдоштаи вобаста ба соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо:

Аҳолии шаҳри Гулистон зиёда аз 47900 нафарро ташкил дода, аз тарафи бонки давлатии  “Амонатбонк”  танҳо ду адад банкомат  насб карда шудааст аз ҷумла як ададаш корношоям мебошад,  ки ин барои  хизматрасонии босифат ба аҳолӣ нокифоя аст.

 

22. Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ

 

22.1 Ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар алоҳидагӣ бо намуди онҳо, аз ҷумла ошкоршавии онҳо:

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 131 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49 адад кам мебошад (соли 2018-180). Ошкоркунии ҷиноятҳо 96,12 фисад (соли 2018 - 95,91%)-ро дар бар мегирад. Аз миқдори  ҷиноятҳои умумӣ ҷиноятҳои самти кофтукови ҷиноӣ 104 адад (2018-114), ҷиноятҳои вазнин 16 адад (2018-23), ғоратгарӣ - 1 адад (2018-2), қаллобӣ – 19 адад (2018-16),  дуздӣ 37 адад (2018-30), авбошӣ 11 адад (2018-20), ҷиноятҳои иқтисодӣ 5 адад (2018-24), тасарруфи амволи давлатӣ ва ҷамъиятӣ 1 адад (2018-3), ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар 2 адад (2018-7) мебошад, ки дар натиҷа 7кг 856грамм (1кг 350 грамм) маводи нашъадаор аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудааст ва дигар ҷиноятҳо 22 ададро (2018-42) ташкил медиҳад.

Аз 131 ҷиноятҳои содиршуда, 86 адад дар маркази шаҳр ва 45 ҷиноятҳо дар ҷамоати шаҳракҳо содир шудааст. Аз онҳо дар ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон 9 адад, Консой 2 адад, Адрасмон 16 адад, Зарнисор 12 адад ва 8 адад дар маҳаллаи Сарбанд мебошад.

 

22.2 Шумораи ҳолатҳои худкушӣ (суитсид), аз ҷумла аз ҳисоби занон ва ҷавонон ва корҳои анҷомдодашуда бо мақсади пешгирии ин намуди ҷиноятҳо:

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр ва ҷамоати шаҳраки он ҳамагӣ 6 (2018-4) ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 4 ҳолати худкушӣ  ва 2 адад сӯиқасд ба он мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи  соли 2018 ду ҳодисаи худкушӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии онҳо 5 нафар ҷавонзани 19 - 28 сола  ва як нафар марди 40 сола мебошад.

Дар давраи сипаригардида аз ҷониби масъулини шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаҳои алоҳидаи худ дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатии корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ва минтақаҳои аҳолинишини шаҳр  оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ва самти пегшигрӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб 86 вохӯриву суҳбатҳои зиёд ташкил ва гузаронида шудаанд.

 

22.3 Шумораи ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир карда мшудааст:

Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби занон 13 нафар занон (соли 2018-20/18)  21 ҷиноят аз ҷумла, монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ноболиғ, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва  сохтмони худсарона, авбошӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, даллагӣ, тасарруфи ҳуҷҷат, фиреби истеъмолкунандагон, ба фурӯш баровардани молҳои пастсифат ва сироят кардан бо вируси норасоии масъунияти одам содир карда шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби 28 нафар ҷавонон 34 ҷиноят содир карда шудааст (соли 2018-45/32), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 нафар кам мебошад.

Аз ҷониби 10 нафар ноболиғ 13 ҷиноят содир карда шудааст, ки дар ҳамин давраи соли 2018-ум  аз ҷониби 8 ноболиғ 8 ҷиноят содир шуда буд.

22.4. Амалҳо ва натиҷаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундрав:

Аз ҷониби масъулини бахшу шуъбаҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва инчунин раисони ҷамоати шаҳракҳо бо мақсади амалӣ намудани иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020”, инчунин пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарори раиси шаҳр аз 30-юми январи соли 2017, № 15 оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ ва террористӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ ба тавсиб расида, доир ба ин масъала нақшаи чорабиниҳо иборат аз 14 банд тартиб дода шудааст.

Дар давраи мазкур 2 ҳолати содир намудани ҷиноятҳои динӣ-ифротгароӣ ошкор карда шудаанд, ки онро 2 нафар шаҳрвандон содир кардаанд.

Чунончӣ, Умаров Асад Саидович, 21.08.1982 соли таваллудаш, сокини шаҳри Гулистон, ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, кӯчаи Кушматов, бинои 4, ҳуҷраи 58, миллаташ тоҷик, оиладор, муваққатан бекор, вориди сомонаи “Одноклассник” гардида сабтҳои терористии “Давлати исломии ироқу шом”-ро гӯш карда, аз соли 2009 оғоз гардида, бо воситаи шабкаи “Зелло” ба каналҳои “ДИИШ”, “Ҷабҳат-ут-Нусра”, “Гурӯҳи-24” ворид гашта ба шахсони алоҳида шиносоӣ пайдо мекунад ва онҳо барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ даъват менамояд. Нисбати Умаров А. бо моддаи 307 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Инчунин Муҳиддинов Асадулло Шералиевич, соли таваллудаш 01.05.1980, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Нӯмонрозиқ, деҳаи Яккатол, хонаи 72, дар масҷиди “Перевоз”-и шаҳри Ектеринбурги Федератсияи Руссия бо шахси номаълум бо тахаллуси “Асадулло” шинос шуда, ба равияи ғайриқонунии “Салафия” шомил гарлила, барои барпо намудани давлати Исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши намудааст. Нисбати Мухиддинов А.Ш. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон санаи 28-уми июни соли 2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Шодиев Рамазон Ҳикматуллоевич, 22.04.1989 соли таваллудаш, сокини шаҳри Гулистон, кӯчаи М.Турсунзода 13-21, моҳи апрели соли 2018 бо мақсади мухоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия рафта, оиди даъвати “Алишер” ном шахс барои иштирок дар муҳорибаҳои ҳарбӣ дар давлати Араб розӣ гардида, санаи 10.06.2019 бо мақсади иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлати арабии Сурия ва мубориза бар зидди ҳукумати қонунии ин кишвар бо воситаи автобусҳои мусофиркашонии  хатсайри “Истамбул-Хаттай” рафтан, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби кормандлони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда мешавад.

Аз ҷониби масъулини бахшу шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа, кор бо занон ва оила, ҷавонон, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо ҳамбастагии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолону зиёиён дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо мунтазам вохӯриву сӯҳбатҳо ва мулоқотҳои судманд бо аҳолӣ гузаронида шуда, бобати эҳтиром ба арзишҳои Истиқлолият ва ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои тундрав, гароиш ба мазҳабу фарҳанги бегона, ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон, ҷоннок намудани фаъолияти масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаркатҳои самти фаъолияташон номуайян, зиёд ба роҳ мондани корҳои тағиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ва хушунат дар оила, корҳои назаррас ба сомон расонида шуда истодааст.

 

22.5 Корҳои анҷомдодашуда вобаста ба пешгирии сар задани ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри тамоули пастшавии ҷинояткориву қонунвайронкуниҳо тибқи нақшаи чорабииҳои тасдиқшуда корҳои муайянро ба сомон расонидааст.

Аз ҷумла, масъалаи асосие, ки ҳамкории дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаии шаҳрвандиро тақозо менамояд, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихор аз Истиқлолияту ватандорӣ, таблиғ ва арҷгузорӣ ва арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи зиндагии шоиста, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанг ва либоси бегона, баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии ҷавонони  имрӯза ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ ба шумор меравад.

Дар ин раванд, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва воҳидҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, уламои дин, зиёиён, олимон ва аҳли ҷамоатчигӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳамкориро байни худ зич ба роҳ монда, ҷиҳати таъмин ва самаранокии пурзӯргардонии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо иштироки ҳамаи ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, беҳтар намудани низоми мубориза бо онҳо, муҳофизати воқеъии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба пайдоиш ва густариши ҷиноят мусоидат менамоянд, тадбирҳои зарури андешида, кӯмаки амалӣ расонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо якҷоягии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус мубориза бар зидди коррупсия, терроризму экстремизм, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва содирнамоии ҷиноятҳои вазнин, куштори қасдона, ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасди он дар давраи мазкур чораҳои судманд андешида шуд.

Дар давраи нимсолаи соли 2019 аз ҷониби ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 225 баромаду вохӯриҳо ва суҳбаҳо гузаронида шудаанд.

22.6 Мушкилиҳои ҷойдоштиаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он. Нест.

 

23. Маълумот оид ба иҷрои вазифаҳои нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

23.1.Маълумот оид ба натиҷаи сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳруӣ ноҳояҳои ҷумҳурӣ, рафти иҷрои дастуру супоришҳо ва нақша чорабиниҳое, ки ҳангоми сафари корӣ тасдиқ гардида, иҷрояшон дар соли 2019 муайян шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба 17 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба рафти иҷрои дастуру супоришҳо иборат аз 102 банд аз тарафи бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ахбор пешниҳод карда шуд.

23.2 Рафти иҷрои камбудиҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ошкор карда шудаанд

Дар марҳилаи панҷ соли охир беш аз 20 маротиба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳр сурат гирифтааст. Дар ин марҳила кулли дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба иҷро расида, банди охирон вобаста ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ҷиҳати навкунии хатти истеҳсолот ва таъсиси сехи риштабофӣ моҳи июни соли ҷорӣ  дар муҳлаташ иҷро гардид. Санаи 28–уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузуран аз иҷрои ин дастуру супориш аз ҶСК “Қолинхои Қайроққум” дидан намуданд.

Санаи 25-уми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуд.

Ҳамчунин,  рӯзи 25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани чумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид. Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида (аз ҷумла барои  шаҳрои Гулистон 2,4 млн доллар), зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, дастрасӣ пайдо карданд.

Рӯзи 31-уми марти соли 2019 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” - ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо ин муассисаи таълимӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонданд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон рӯзи 31-уми марти соли 2019 Парчами давлатиро барафрохтанд. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд. Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии  матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,80 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Майдони мазкур бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза оро ёфтаааст. Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 150 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд ва дар маҷмӯъ шумораи дарахтони ин мавзеъ қариб 200 бехро ташкил медиҳад. Дар ду шафати Парчами давлатӣ фаввора сохта шудааст, ки масоҳати ҳар кадоми он ба 50 метри мураббаъ баробар мебошад. Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Чароғҳои равшанидиҳанда, нишастгоҳҳои мувофиқ ба талаботи имрӯза ва дигар зебогиҳое, ки дар майдони Парчами давлатӣ ташкил гардидаанд, ба намои маркази шаҳри Гулистон ҳусни дигар зам мекунанд. Шумораи чароғҳои равшанидиҳанда беш аз 50 ададро ташкил дода, нишастгоҳҳои ин мавзеъ ба 30 адад баробар аст.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯзи 31-уми марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд шудааст. Баъди ифтитоҳи корхона 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” дар давоми се моҳ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

31 марти соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргарони Хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуданд. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии ёрирасон 4 гектарро ташкил дода, дар он коргарон ба чорводорӣ, паррандапарварӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ машғуланд. Дар фермаи хурди хоҷагӣ говҳои ширдеҳ, мурғи тухмдиҳанда, ҷуҷаи бройлерӣ барои гушт ва харгуш нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳудуди хоҷагӣ ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар хоҷагии ёрирасони осоишгоҳ истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид. Тавре маълум шуд, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ маводи ниёзи аввал дар худи хоҷагии ёрирасон тайёр карда мешавад. Саҳми Осоишгоҳи “Баҳористон” дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамчун иншооти муосир ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле назаррас аст.

Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

Ҳамзамон, нимаи дуюми рӯзи 31 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат барои бунёди бинои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшаванда санги асос гузоштанд.

Иншооти нав, дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”, дар як мавзеи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Баландии бино 27 метрро ташкил дода, масоҳати умумии сохтмони иншоот 8 ҳазору 444 метри мураббаъ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои нави Осоишгоҳи “Баҳористон” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то панҷуми бино толорҳои зиёфат, гуфтушунид, ҳуҷраҳои хизматрасонии корӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои хоб барои 100 ҷой, ҳуҷраҳо барои қабули меҳмонони олиқадр, машқгоҳ ва ғайра сохта мешавад.

Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

23 августи соли 2019 Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 киловатаи  неругоҳ ва таъмиру барқарорсози ииншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт то наздики 30 ва дар маҷмӯъ тавононии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳаи Консортсиуми ширкатҳои  «Gӯnӯқalӯlӯctқic Hydқo» (Франсия), «Gӯnӯқalӯlӯctқicқӯnӯwaӣlӯ Switzӯқland» (Швейтсария) ва«Coӣқolnstalacionӯs Swқvicios S.A» (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошта шуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар вақти тадбиқи лоиҳа барои босифати баланд ба анҷом расонидани корҳои аҳамияти махсус дода шавад ва навсозии неругоҳ бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ба охир расад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идома дар шаҳри Гулистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар давоми камтар аз се моҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шудааст. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидаст. Давраи Нишони давлатӣ бошад, 2,5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 19,5 метр баробар мебошад.

Майдони Нишони давлатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардонида шуда, роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Ҳамчунин, иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор дона гули буттаҳои мавсимӣ, сабзу хуррам гардонида шуда, бо фароҳамсозии шароити зарурӣ ин майдон ба як макони диданӣ табдил ёфтааст ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоии ба сифати корҳои анҷом ёфта дар майдони Нишони давлатӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва аз иқдомҳои неки Сарвари давлат намуда, баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарору фармоишоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар мақомотҳои болоиро ба роҳ монда, тамоми имкониятҳои мавҷударо комилан ва самаранок истифода мебарад ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста ва босаодати мардум ҷидду ҷадал менамояд.