zoofirma.ru

Шаҳраки Консой боиси ифтихори Тоҷикистон аст. Ин шаҳрак 11 июни соли 1933 ташкил шудааст. Шаҳраки Консойро шаҳраки нақбканҳо низ меноманд. Дар ин шаҳрак зиёда аз 4,9 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳисоб карда баровардаанд, ки ҳар як тири ҳафтуми дар ҷанг истифода кардашуда аз сурби комбинати полиметаллии Консой истеҳсол карда шудааст. Ҳоло дар ин ҷо корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада ҶДММ «Апрелевка» фаъолият дорад. Корхона маъданҳои тиллою нуыраи мавзеи Қарамазорро кор карда, дар як сол то 3,0  тонна металхои қимматбаҳо истеҳсол карда метавонад.