zoofirma.ru

Дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтинтопкан) имрӯзҳо зиёда аз 2,1 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад. Шаҳраки мазкур 14 апрели соли 1951 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрак Идораи кон фаъолият дошт, ки он бо коркардани маъдани кӯҳӣ машғул буда, истеҳсоли сурбу рӯх маҳсулоти асосии ин корхона мебошад. Бояд зикр кард, ки соли 2009 дар пойгоҳи ин корхона Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфт, ки дар ифтитоҳи қисмати нахустини фабрикаи маъданкӯҳӣ, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.