Матни равон

26-уми апрели соли 2022 дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 24.02.2022, №52 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон таҳти 13.04.2022, №56 бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба донишомӯзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати корҳои илмиву тадқиқотии онҳо, ҷалби хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф».

70-солагии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр даври шаҳрии сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид. Сессия дар асоси Низомнома аз 20 бахш: физика, астрофизика, математика, химия, биология, тиб, иқтисодиёт, экология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, педагогика ва психология, таърих ва ҳуқуқ, рӯзноманигорӣ гузаронида шуда, дар он 78 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуда, аз рӯи бахшҳои сессия корҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳриро муайян намуданд ва ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, самаранок истифода бурдани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ва бо ҷойи кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022 гузориши муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён шунида шуд.

Таъкид гардид, ки сафарбар намудан ва таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Имрӯз, 25 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Маросими ба нафақа гусел намудани мудири бахши фарҳанги шаҳр Абдуллозода Фатҳулло Сайфулло баргузор карда шуд. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр  номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро манзури ҳозирин намуд. Зикр гардид, ки Фатҳулло Абдуллозода фаъолияти кории худро ҳанӯз соли 1980 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз намудааст. Ҳамчунин, солҳои 1981-1983 сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуда, пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти пурмаҳсули меҳнатии худро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома дода, зина ба зина дар вазифаҳои гуногун то соли 2001 дар ин даргоҳи муқаддас ифои вазифа намудааст.

Сипас, аз соли 2001 бо мурури вақт ва тақозои замон дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба кор оғоз намуда, то соли 2004 дар ин боргоҳ ҳунари худро сайқал додааст. Аз соли 2003 то 2007 фаъолияти кориашро дар Театр-студияи “Хандинкамон” идома дода, нақшҳои офаридааш мақбули хосу ом гардидааст.

Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, истодаанд.

Бо ҳамин мақсад санаи 25.04.2022, дар  Ҷамоати шаҳраки Адрасмон байни ҷавонони касбу кори гуногун мусобиқаи мазкур ташкил ва баргузор карда шуд. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзиши"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳмонда, тарзи ҳаёти солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун таъмин намоянд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:450
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12863
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91250
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631095

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?