Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳраки Сирдарё бо сокинон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ", фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр Тоҷиддинов Аҳлиддин, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён Муслимахон ва намояндаи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатӣ ироа гардид. Дар Паёми навбатӣ роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардид.