Матни равон

Армуғони ҲХДТ ба Иди Ғалаба

24 апрел дар Маркази Сомониён ба муносибати 70-солагии Иди Ғалаба чорабинии фарҳангии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова зимни суханронӣ дар ин маросим тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Рузи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барпо мегардад. Мақсад саҳми муносиб гузоштани ҳизбиён дар ин ҷашни мубораку таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фидокорию корнамоиҳои родмардони баору номуси Ватан мебошад.

Тибқи фармону амрҳои Вазорату Кумитаҳои соҳавӣ Бомурод Холмуродов, комиссари ҳарбии шаҳр, Пиримқул Мӯъминов, сардори нозироти андоз таъин гардиданд.

Бо амрҳои Раиси шаҳр Мадализода Илҳоми Раҳим, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуаҳад Каримов, мудири бахши ҳифзи муҳити зист, Бахтиёр Эргашев, мудири бахши хадамоти муҳоҷират, Меҳрубон Қаҳҳоров, мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, Фирдавс Файзуллоев, мутахассиси пешбари шӯъбаи иқтисод ва савдо, Наимҷон Абдураҳимов, мутахассиси шӯъбаи иқтисод ва савдо, Умеда Удаева, мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,Назокат Сатторова, мутахассиси бахши бойгонӣ ва Санавбар Носирова, мутахассиси бахши кор бо занон ва оила таъин гардиданд.

Ҷаласа  Ҷамъбасти семоҳаСанаи 16 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласа доир гардида, он натоиҷи фаъолияти семоҳаи соҳоти хоҷагии халқро мавриди муҳокима қарор дод. Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроқкум ҷамъомадро ифтитоҳ намуд.

Муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов оид  ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 баромад кард. Баромадкунанда иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин давра баҳри татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президанти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Таҷлили Наврӯзи байналмилал дар вилояти Суғд ва иштироки Сарвари давлат дар ифтитоҳи корхонаҳои нав, манзили истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Турсуной Зокирова бунёд ёфт ба кулли сокинони шаҳр руҳу илҳоми тоза бахшид.

Рӯзи панҷшанбеи 16 апрел дар қаламрави шаҳр «Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ» доир шуд.

Оид ба мавзӯи «Оилаи солим – ҷомеаи солим» масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии Маркази саломатӣ, коллеҷи тиббӣ, гимназия, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва дигар ташкилоту корхонаҳо баромад намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1456
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3524
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4980
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20280
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50706
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:69931
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1674565

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?