Сатри равон

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳафтаи сипаришуда дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо бонувони фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд мулоқот доир намуд.

Раиси шаҳр зимни суханронии хеш роҷеъ ба ғамхориҳои рўзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саҳм ва иштироки занон дар рушд ва инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, мавқеи калидӣ доштани зан-модар дар тарбияи насли наврас ҳарф зад. Мудири шуъбаи кор ба занони кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирўза Раҳимӣ нисбати пазироии гарму ҷўшон ва баргузории чорабинии «Бонуи беҳтарини ҳизб» изҳори миннатдорӣ намуд. Бонувон-намояндагони кумиҷроияҳои ҳизбии шавҳру ноҳияҳо ҳамчунин, аз осорхонаи корхонаи овозадори «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд.

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр мулоқот-суҳбати кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳарбӣ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» бо даъватшавандагон, волидайн ва хонандагони муассисисаҳои таълимии шаҳр дар мавзўи «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст» доир гардид.

Чорабиниро мудирии шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода кушода, доир ба қарзи муқаддас будани хизмат дар сафи Артиши миллӣ сухан ронд. Муовини Комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, подполковник Илҳом Бойниёзов, комиссари ҳарбии шаҳр майор Санҷар Қаҳҳоров, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Аъзам Ҳайдаров, аъзои ташкилоти номбурда Нозим Эшонов, Бахтиёр Ҳомидов, Бозоралӣ Азизов доир ба даъвати баҳорона, масъулияти ҷавонписарон ва волидайн, тақвияти корҳои ҳарбӣ-ватандўстӣ ва монанди ин суханронӣ намуданд. Дар интиҳо масъулин ба саволҳои ҷавонон посухҳо доданд.

Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаи №1-и кўчаи Истиқлол - хонаҳои 3,5,8, кўчаи Исмоили Сомонӣ хонаҳои 4,5,6,7,8 вохўри бо сокинон бо котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кўдаки шаҳр Д. Шокирова, мудири бахши кор бо занон ва оила О. Раҳматова, сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Н. Шарифов, нозири шуъбачаи гурўҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғони ШВКД-и Гулистон Ф. Юлдошев, нозири минтақавӣ Қ. Аҳмадов баргузор гардид.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:275
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:814
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1873
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7673
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22633
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:32539
mod_vvisit_counterҲамагӣ:349121

Мо дар Фейсбук