Матни равон

Санаи 19.03.2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва шахсони масъул доир гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар шањр имконияти қабул намудани 2440 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар як вақт мавҷуд аст.

Дар давоми соли 2023 - 3078 меҳмонони хориҷӣ ва 30024 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 33102 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ (соли 2022-33007), 100,3 фоиз мебошад.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар соли 2023 аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 40,4  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки санаи 22.03.2024  соати 09:00 дар Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр чорабинии идона бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карда мешавад.

Дар чорабинии идона санъткорон аз вилоят ва шаҳр иштирок менамоянд.

Марҳабо ба тантанаҳои идонаи Наврӯз-2024.

Санаи 19.03.2024, бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардид бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Консой мулоқот доир гардид.

Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти арзишҳои милливу диниамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт силсилаи иқдомҳои судманд амалӣ гардида истодааст.

Имрӯз, 18.03.2024 дар толори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Шодӣ Одиназода, муовини сардори шуъба, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр Тоҷиддинов Аҳлиддин ва имомхатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳр Муҳаммадҷон Усмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатӣ ироа гардид. Дар Паёми  навбатӣ роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардид.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳр  дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.

Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба вазъи экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:415
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12828
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91215
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631060

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?