Сатри равон

Тӯби чарминБайни дастаҳои мактаби рақамҳои 12 ва 3 мусобиқаи футбол барои дарёфти ҷоми «Тӯби чармин» дар варзишгоҳи «Апрелевка» доир гашт. Тими МТМУ-и №12 ҳунари хуб нишон дода ба ҳисоби 2-0 дастболо ва соҳиби ҷом гардид.

Чунин мусобиқа байни 5 дастаи муассисаҳои таълимии рақамҳои 12, 13, 4, 5 ва 7-и Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар деҳаи Зарчашма баргузор шуд. Мақоми аввалро дастаи МТМУ-и №12 ва дастаи мактаби рақамҳои 5 ва 3 ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд. Ба ғолибон раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов  Ифтихорнома ва медалҳоро супорид.

«Тарроҳи беҳтарин»

Бахшида ба эълон гардидани «Соли 2015-Соли Оила» ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ дар «Кохи Истиқлол»-и шаҳри Қайроққум озмуни таррроҳи беҳтарин гузаронида шуд. Дар озмун ҳамаи тарроҳони шаҳр бо духти либосҳои миллӣ аз рӯи 3 шарт-бачагона, рӯзмарра ва идона ҳунари худро пешкаши мардум намуданд.

Ҳайати ҳакамон мақоми ифтихориро ба тарроҳ аз маркази шаҳр Санавбар Азимова лоиқ донистанд. Ҷойҳои минбаъда насиби Умеда Эшонҷонова аз шаҳраки Сирдарё ва Мақсуда Мамадқулова аз шаҳри Қайроққум гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум аз марги раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қайроққум Валиев Ашӯрмат Валиевич андуҳгин буда, ба аҳли пайвандону наздикони ӯ ҳамдардӣ баён менамояд.

Валиев Ашӯрмат Валиевич 6 январи соли 1945 дар деҳаи Хишекати ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ӯ соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, дар як вақт ба ҳайси устоди кафедраи ҳарбии ҳамин донишгоҳ фаъолият бурдааст. Ашӯрмат Валиевич аз соли 1970 то соли 1992 дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст. Аз соли 1993 то соли 1994 ба ҳайси мутахассис ва  аз соли 1994 то соли 1999 ба ҳайси мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:906
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:970
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:906
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:5994
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29414
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:38563
mod_vvisit_counterҲамагӣ:323363

Мо дар Фейсбук