Сатри равон

Кӯмакпулии президентӣТибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-495, аз 29 апрели соли 2015 ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Қайроққум Воҳид Самадов бахшида ба 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта таъин карда шуд.

Кӯмакпулии президентӣ

Ин кӯмакпулии яквақта санаи 6 майи соли 2015 аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати вилояти Суғд Қодири Абдулатиф бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлубахон Амонзода  ба родмарди шуҷоъ, собиқадори ҷангу меҳнат Воҳид Самадов супорида шуд.


ФутболБа пешвози 70-солагии Иди Ғалаба байни дастаи синфҳои МТМУ-и №14 мусобиқаи футбол доир гардид. Дастаи «Ғалаба» бо бартарии зиёд нисбати ҳарифон мақоми аввалро ишғол намуд. Дастаҳои «Умед» ва «Истиқлол» соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм шуданд. Озар Саодатдинов, Хайём Бойназаров, Шоҳназар Азизов, Шерзод Азимов, Баҳодур Боймирзоев, Идрис Азизов, Мубин Аҳмадқулов, Ҳасан ва Ҳусейн Латифовҳо чун беҳтарин бозингарон муаррифӣ гардиданд.

Мусобиқа бо иқдоми Аълочии маорифи Тоҷикистон, узви Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Саидҳасан Саодатдинов баргузор ва ба ғолибон аз ҷониби ӯ туҳфаҳо супорида шуд.

«Фарҳанги оиладории ҷавонон»Дар Кохи Истиқлол озмуни «Фарҳанги оиладории ҷавонон» аз рӯи панҷ шарт бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила тибқи нақшаи таҳиягардида ба «Соли оила» доир гардид.

Ҷамолиддин ва Мастона Маюсуфовҳо аз шаҳраки Адрасмон хеле хуб баромад карда соҳиби шоҳҷоиза шуданд. Мақоми ифтихорӣ насиби оилаҳои Қодировҳо аз маркази шаҳр ва Абдураҳмоновҳо аз шаҳраки Консой гашт. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:882
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:970
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:882
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:5994
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:38563
mod_vvisit_counterҲамагӣ:323339

Мо дар Фейсбук