Сатри равон

Вохӯрии Раиси шаҳр бо зоиринҲамасола аз ҷумҳурии мо зиёда аз 6000 нафар ба Хонаи Каъба рафта, яке аз рукнҳои муҳими исломро ба ҷо меоранд. 2 сентябр вохӯрии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо 26 нафар зиёраткунандагон  доир гардид.

Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ ба зоирон таъкид намуд, ки  ҳангоми сафар ба хонаи Худо одоби муоширатро бо намояндагони халқхои дигар ба дараҷаи баланд риоя кунанд.  Зеро моро миёни дигар мардуми мусалмон шумоён муаррифгар ҳастед. Нозукиҳои ҳаҷро бояд омӯхту амал кард. Дар  машғулиятҳои пеш аз сафар аз худ фаъолнокӣ мебояд. Тавре мегӯянд «Шахси огаҳ ба хато роҳ намедиҳад»,- Матлубахон Амонзода ба аҳли зоирин  роҳи сафед таманно кард.

«Осоишгоҳи Баҳористон» кулли меҳмонону сокинони шаҳри Қайроққумро 9 сентбяри соли 2015 аз соати 10.00 то 22.30 ба сайругашти оммавӣ ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ даъват менамояд. Озмунҳо, намоиши филмҳои «Истиқлолият», «Доғ» ва барномаи калони консертӣ бо иштироки «Ғарибшо-компания», Зиёваддини Нурзод, Коно ва Доно, гурӯҳҳои рақсӣ интизори шумоянд.

ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон»

3 сентябр дар варзишгоҳи «Қайроққум» дар доираи бозиҳои чемпионати вилоят оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуввум вохурӣ миёни дастаҳои «Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум ва «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуд. Вохӯрӣ ба хисоби 4 бар 1 ба фоидаи футболбозони қайроққумӣ анҷом ёфт. Тӯбҳоро аз дастаи ғолиб Ҷовид Орипов, Улуғбек Ҷӯраев, Комрон Шарифбоев ва Далер Табаров ба самар расониданд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:989
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1865
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4958
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14219
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:33117
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:46554
mod_vvisit_counterҲамагӣ:541500

Мо дар Фейсбук