Матни равон

Имрӯз, 30.08.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №1, №14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва МТМУ №3-и Ҷамоати шаҳраки Консой боздид ба амал овард.

Нахуст Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз МТМУ №1 дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса, синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва ошхона дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда барои оғози солҳои хониши 2022-2023 омода мебошад.

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.

Имрӯз, 30 августи соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба ятимон ба вуқӯъ пайваст. Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар ибтидо кулли мактаббачагонро бо фарорасии соли хониши 2022-2023 муборакбод гуфта барояшон хониши хубу аъло таманно намуд.  Сипас, ба 60 нафар ятимон либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

Зикр гардид, ки дастгирии ятимону қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамеша дар зери назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад.

Имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳрак корҳои ободонӣ бо маром ҷараён доранд.

Кормандони КДК Хоҷагии бисёрсоҳавии манзилию коммуналии шаҳрак дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дар пеш истода 31- умин солгарди Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тозагию ободкориро дар шахрак роҳандозӣ намуда, кӯчаю хиёбонҳоро аз хору хас, алафҳои бегона тоза намуда, шиору овезаҳоро вобаста ба ҷашнҳои мазкур нав намуда кӯшиш доранд, ки ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.

Таҳти ин унвон имрӯз, 30.08.2022 дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати шаҳрак вохӯриву мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст паёми табрикии Раиси вилояти Суғд оид ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Имрӯз, 30.08.2022 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони  ташкилоту муассисаҳо дар КВ  “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум" бахшида ба  таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии падидаҳои номатлуб, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва захираи маводи ғизоӣ барои давраи тирмоҳу зимистонгузаронӣ, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон , бо  иштироки васеи кормандон  доир гардид.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба  вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1163
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10887
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66965
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7708885

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?