Матни равон

Санаи 24.08.2022 аз ҷониби гурӯҳӣ корӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳайати Акрамзода Рашиди Рузи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва намояндаи ШВК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона ва тарғиби фарҳанги миллӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбати сарироҳӣ ба сокинон доир ба пайравӣ нанамудан ба фарҳангу либоси бегона ва рӯй овардан ба фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки миллате, ки дар давлатдорӣ – сиёсат, иқтисодиёт, таълиму тарбия, маишат, оиладорӣ ва дигар самтҳои зиндагии ҳаррӯзаи худ фарҳанги миллии худро эҳтиром мекунад, дар назди миллатҳои мутамаддини олам дар ҳар давру замон соҳиби обрӯю эътибор мебошад. Хеле хуб донистани фарҳанги худ барои роҳ надодан ба худсарона воридшавии ҷузъҳои номатлуби фарҳанги миллатҳои дигар ба фарҳанги миллӣ, ки бегона ва қобили қабул нестанд, мадад мерасонад.

Имрӯз, 24.08.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр доир гардид.

Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи  Раёсати маорифи вилояти Суғд Муяссар Ҳайдарзода,  муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва омӯзгорону мураббиён иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори машваратро оғоз намуда, омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш муборакбод гуфт. Таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа иқдомҳои судманд рӯи кор омада истодааст.

Маҳз, натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбати соҳаи маориф аст, ки сол то сол рушди бемайлони соҳа ба назар расида,  сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтару хубтар гардида истодааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Улуғбек Хожаев оид ба нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Гулистон дар соли таҳсили 2021-2022 суханронӣ намуд.

Пас аз он Ҳасанбой Раҷабзода муовини директори МТМУ №14 дар мавзуи “Корҳои санҷишӣ ва нақши онҳо дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон” ва Муҳаррам Набиева мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №5-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дар мавзуи “Роҳҳои самарабахши ташкили кори мудири муассисаи таълимии томактабӣ” маърӯза намуданд.

Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Муяссар Ҳайдарзода низ омӯзгоронро таҳният гуфта, дар ба даст овардани дастовардҳо ва иҷро ҳадафҳои дар пеш гузоштаашон комёбӣ таманно намуд.

Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода доир ба вусъати корҳои таълиму тарбия, иҷрои ҳадафҳо, ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Сипас, лоиҳаи қарори машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр бо овоздиҳии якдилона қабул карда шуд.

Дар поёни машварат ба омӯзгорони ҷавон, навовару эҷодкорон ва собиқадорони соҳа туҳфа ва Сипосномаҳои Раиси шаҳри Гулистон ва Раёсати маорифи вилоят супорида шуд.

Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокдорон намуданд.

Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табобат гирифтаанд.

Дар Гулистон теъдоди зиёди осоишгоҳҳо мавҷуд буда, дар шаҳри соҳили Баҳри тоҷик барои истироҳату табобат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Яке аз чунин осоишгоҳҳои маъруф "Соҳил" буда, айни замон сохтмони бинои иловагии он идома дорад. Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, бо сохта шудани бинои нав теъдоди катҳои осоишгоҳ ба 230 адад расид. Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои муолиҷа ва табобату истироҳати муштариён дастгоҳҳои наву замонавӣ ворид ва насб карда хоҳад шуд.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон рафти сохтмони иншооти истеҳсолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бо иқдоми ҶДММ "Парандаи заррин" дар шаҳр фабрикаи мурғпарварӣ сохта шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби ҶДММ "Ганҷи Сомон" низ бунёди фабрикаи мурғпарварӣ идома дошта, бо фаъол гаштани ин ду фабрика даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Тибқи маълумоти масъулин давоми панҷ соли оянда дар шаҳр беш аз 20 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ аз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.

Тибқи ба дастуру супоришиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба захира намудани маводи ғизоӣ ҳамчунин оид ба зимистонгузаронӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин суҳбату вохўриҳо ва гардиши хона ба хона, маҳалла ба маҳалла  ҳамарӯза баргузор шуда истодааст.

Аз ҷониби гурӯҳи кории Ҷамоати шаҳраки Адрасмон аз заминҳои назди ҳавлигиҳои сокинон  дидан намуданд, ки воқеан  онҳо  ҳар як ваҷаб заминро  самаранок  истифода бурда, маводи ғизоиро барои  зиндагии хеш захира  намуда истодаан.

Сокинони Ҷаомати шаҳраки Адрасмон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзодаро сармашки кори худ намуда барои зимистор гузарони ва самаранок истифода будани заминҳои назди ҳавлиги ҷиду ҷаҳд менамояд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:967
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16781
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46746
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7688666

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?