Матни равон

Пас аз ифтитоҳи «Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассиса аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони Истаравшан, аз ҷумла гӯшаи маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумии дастӣ пешкаш карда шуд.

Дар ин ҷо маҳсули ҳунарҳои дастии кордсозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кулолгарии бадеӣ, сафолкорӣ, аҷубасозӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ аз чӯб, созтарошӣ, чармгарӣ, кундалкашӣ, наққошӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ, оҳангарӣ бо намуду андозаҳои гуногун муаррифӣ гардид.

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бинои замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 1,40 гектар бо сарфи 7 миллиону 755 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Соли 2022 барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлат 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 844 ҳазор сомонӣ маблағ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои ободонии атроф ва мумфаршкунии роҳҳои назди муассиса 650 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ карда, бо шароити он шинос шуданд.

Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар масоҳати 387 метри мураббаъ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот соли 2015 оғоз гардида, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой дода шудааст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз таҳхона ва 13 ошёна иборат буда, дар доираи ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эшонов Аскар бо харҷи 8 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ва сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, аз ошёнаи 4 то 13-ум 36 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрадор ҷойгир буда, иншоот дар майдони 0,9 гектар сохта шудааст.

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзои Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3604
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6197
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39796
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7681716

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?