Матни равон

10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Биноҳои истеҳсолии корхонаи “Нури Истаравшан” дар масоҳати  зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.

Корхонаи муосири саноатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.

Боғи себ 5,21 гектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавии бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он моҳи сентябр пурра пухта мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки боғи себ соли 2008 таъсис дода шуда, он аз соли 2013 самар медиҳад.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ”-ро оилаҳои Муҳиддиновҳо ва Тоҳировҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд намуда, имрӯз зиёда аз 10 нафар аъзои ин ду оила дар майдони токзор ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти токзор хоҷагидорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3010
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15190
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48789
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690709

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?