Имрӯз, 4 августи соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободонӣ ва омодагиҳо ба соли нави хониш аз муассисаҳои таълимӣ ва рафти таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо ва омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯчаҳои шаҳр боздид ба амал овард.
Дар раванди боздид аз муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистонҳо аз машғулиятҳои таълимӣ ва консервакунонии кормандони кўдакистонҳо шинос гардида, дар бораи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмин ва захира намудани маводи ғизоӣ тавсияҳо дода шуд.
Ҳамчунин, дар рафти боздид аз кӯчаҳои шаҳр ҷиҳати ободу зебо намудани маркази шаҳр шинос гардиданд.