Матни равон

Субҳи имрӯз, 19 июли соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст роҳбари шаҳр ба раванди таъмиру барқарорсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва кӯдакистони "Офтобак"-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон шинос гардид.

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати  иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Имрӯз, 19.07.2022 Раиси шаҳри Гулистон  Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати пирони рӯзгордида Неделкина Нагия ва Ҳаитова Нориро ба роҳ монда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуд.

Пирони рӯзгордида сипоси худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Санаи 18.07.2022 бо сокинони маркази шаҳр доир ба таъмири намои берунии хонаҳои истиқоматӣ ва захираи маводи озуқаворӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Акрамзода Рашиди Рузи ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Бахтовар Ҷумаев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки шаҳри Гулистон шаҳри сайёҳӣ аст ва меҳмонони дохилию хориҷӣ мунтазам ворид мегарданд. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҷаҳониён корҳоро тақвият бахшем.

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси Ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 6-уми июли соли 2022 дар шаҳри Гулистон 18 июли соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шашмоҳи соли 2022 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ ҳайати дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ширкат доштанд.

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл дар кишвар ҳамчун Рӯзи металлургҳо қайд карда мешавад. Имрӯз, якшанбеи сеюми моҳи июл  Рӯзи металлургҳо дар ҶМТКММ “Апрелевка” таҷлил карда шуд.

Дар оғоз паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд ба истиқболи Рӯзи меллургҳо манзур карда шуд.  Зикр карда шуд, ки воқеан соҳаи металлургия дар рушди иқтисодӣ ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакатнақши муҳимро доро мебошад.Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои сарватҳои фаровони зеризаминӣ мебошад, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, инкишофи муваффақиятноки соҳаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи баланди зиндагии аҳолии он бе рушду нумуи саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз имкон берун мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тараққӣ ва ривоҷу равнақи соҳаи саноат, аз ҷумла металлургия диққату эътибори доимӣ зоҳир менамоянд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:452
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9446
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43045
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7684965

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?