Матни равон

Имрӯз, 08.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таҳти унвони “Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон – василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!”  бо иштироки ҷавонони муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр ҳамоиши илмӣ баргузор карда шуд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар кори ҳамоиш Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Исмоил Саидов омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр,  Комилҷон Аслонон муовини директори муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ва Ҳасанбой Раҷабзода муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №14-и маркази шаҳр иштирок намуданд.

Санаи 05 апрели соли 2024 вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робит або ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султлнзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшид.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар назди донишҷӯён суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон, неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд.

Имрӯз, 04.04.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори КФНЛ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон доир ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохурӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, Расулзода Нигора-ҳуқуқшинос дараҷаи 3 мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, Сатторова Матлуба и.в. мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр ва Наргиса Бердиева раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон иштирок ва суханрони намуданд.

Таъкид карда шуд, ки зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ин доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқи фаҳмида мешавад. Аз давраи қадим халқӣ тоҷик дорои фарҳанг, урфу одат ва маърифати баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқиро доро мебошанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. “Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.

Санаи 04.04.2024, дар Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон  ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии  ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.

Зимни суҳбат масъулин таъкид намуданд, ки ҷавонони ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Санаи 03.04.2024, дар маркази шаҳри Гулистон  ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии  ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.

Зимни суҳбат масъулин таъкид намуданд, ки ҷавонони ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:721
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9715
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43314
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685234

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?