zoofirma.ru

Дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон» бо ташаббуси кумиҷроияи шаҳр бахшида ба Рўзи таъсисёбии ҲХДТ бо фаъолони ҳизб, занон, ҷавонон конференсия ташкил ва баргузор гардид.

Дар конференсия раиси КИ ҲХДТ Муслимахон Ғайбуллозода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ҳизб, директори осоишгоҳи «Баҳористон» иштирок ва баромад намуда, ҳозиринро бо ин муносибат шодбош намуданд.

Дар анҷоми конференсия бахшида ба Соли ҷавонон ва Рўзи таъсисёбии ҲХДТ 10 нафар ҷавон аз ташкилоти ибтидоии «Баҳористон» ба сафи ҳизб қабул гардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо супорида шуд.