zoofirma.ru

Ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100-солагии Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхўҷа асирӣ дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ озмуни вилоятии "Китобдори сол-2017" байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст гардид.

Дар он сардори шуъбаи пуркунӣ ва коркарди адабиётҳои Китобхонаи марказии шаҳр Ширинмоҳ Султоналиева соҳиби "Шоҳҷоиза" ва ифтихорномаву туҳфаи Раёсати фарҳанги вилоят гардид.

Инчунин озмуни даври дуюми "Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ" низ ҷамъбаст гардид, ки дар он аз шаҳри Гулистон Зебои Собитдухт хонандаи синфи 7-и мактаб - гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров фаъолона иштирок намуд.

 

Дар китобхонаи вилоятии бачагона озмуни вилоятии "Беҳтарин китобдори сол" доир гардида, дар он китобдори китобхонаи бачагонаи шаҳр Рухшона Баҳриддинова иштирок намуда, байни китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияиҳои вилоят ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаи Раёсати фарҳанг сазовор гардид.

Биомина МИРЗОЕВА,
директори
китобхонаҳои системаи
марказонидашудаи шаҳр