zoofirma.ru

Дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо донишҷўёни гулистоние, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд таълим мегиранд, баргузор гардид.

Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни суханрониаш роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва созандагӣ дар шаҳру шаҳракҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф ва монанди ин иттилоъ дода, зикр намуд, ки «тамоюли рушди саноат дар шаҳр бо майлон пеш меравад ва эҳтиёҷот нисбат ба қувваи корӣ дар шаҳр сол то сол меафзояд.

Барои мо мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд ва мо ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш қарор додаем».

Сипас тибқи қарори Раиси шаҳр ба беш аз 70 нафар донишҷўёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кумакпулии яквақта супорида шуданд.

Дар охир Меҳрангез Абдуллоева - донишҷўи бахши 5-уми ДДХБСТ, Шаҳноза Қурбонзода - донишҷўи бахши 2-юми факултаи тарбияи ҷисмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Нигора Азизова - донишҷўи бахши 3-юми факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Гулмира Тошпулотова – донишҷўи бахши 3-юми факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот беш аз 300 нафар донишҷў иштирок доштанд.