zoofirma.ru

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ду ҷодаи ба ҳам пайванди ҳаёти мардум мебошанд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рў меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд.

Моли истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишварро аксаран сайёҳон харида, ҳамчун туҳфа ё дастовез ба худ мебаранд. Агарчи то имрўз ҳунармандон аз шароиту имкониятҳои зиёд бархурдор буданд, Сарвари давлат барои боз ҳам рушду нумўи фаъолияти ҳунармандӣ ва афзоиши маҳсулоти онҳо бобати фароҳам овардани имкониятҳои васеътар дастуру супоришҳо доданд. Истеҳсолоти ҳунармандон низ василаи ҷалби меҳмонони хориҷӣ ба мамлакат ва тарғиби таъриху фарҳангӣ халқ мебошад. Дар Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тараққӣ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ фурўши онро аз ҳама намуди андоз озод намуданд. Ин ташаббуси наҷиб ба кам гардидани арзиши аслии маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти он мусоидат менамояд.

Мо ҷавонон бояд шоистаи боварии эшон бошем, тафаккуру ҷаҳонбинии худро васеъ гардонем, соҳиби ягон ҳунар бошем. Касе, ки соҳиби ҳунар аст, дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад , зеро ки ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ўро болидарўҳ мегардонад.