zoofirma.ru

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб ёфта, ин раванд сол ба сол густариши тоза меёбад. Дар Паёми навбатӣ ба ин масъала бори дигар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум пайваста чораҷўӣ менамояд».

Бояд зикр кард, ки дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар афзуда, дар соҳаи тандурустӣ бошад ин нишондиҳанда ба 2,1 баробар аст. Аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар ин замина музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз меафзояд.

Ҳадди ақал ва ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ва нафаҳаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ, стипендияҳои донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия низ ба ин миқдор, яъне 15 фоиз меафзояд.

Боиси тафохур аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсози мо Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, чи дар сиёсати дохилӣ ва чи дар арсаи байналхалқӣ ба дастовардҳои бесобиқаи таърихӣ мушарраф гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ устувор ва собитқадамона қадам мениҳад.

Эътимоди мардум ба давлату ҳукумат беш аз пеш қавитар ва босубот гардида, мардум дар шароити осоишта ва амният машғули кору пайкор ҳастанд. Ҳамзамон, дар ироаи Паём зикр гардид, ки «мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла, кўдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем». Дар ин замина қайд бояд кард, ки маблағгузории хона - интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд шуда, барои мактаб-интернатҳои низоми маорифи кишвар бошад, ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф гардида, афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил додааст.

Fамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар раванди пешбурди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ қобили тазаккур ва ҷолиби таваҷҷуҳ буда, моро воҷиб аст, бо шукргузорӣ нисбати ғамхориҳои навбатӣ фаъолиятро хубтару беҳтар ба роҳ монда, барои рушд ва таҳкими иқтисодиёт, шукуфоии Ватани соҳибистиқлол шоиста саҳм- гузор бошем ва дар тавораи бинои амнияту суботи кишвар ҳар як нафар хишти эътимод ва мустаҳкам гузорем.