zoofirma.ru

Дар толори КВД «Осоишгоҳи Шифо» ҷамъомади ботантана бахшида ба 30-солагии таъсиси муассиса ба вуқӯъ пайваст.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ директори КВД «Осоишгоҳи Шифо» Толиб Ахмедов оғоз бахшид. Сардухтури КВД «Осоишгоҳи Шифо» кардиологи дараҷаи олӣ, Аълочии соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳр, номзади илмҳои тиб Шарифҷон Абдуллоев доир ба таърихи муассиса ва давраҳои рушди он маърӯза намуд.

Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Аҳмадбекзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода, сарварони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳаҳои саноат ва маорифи вилоятӣ Юнусхоҷа Зикриёев, Мӯсобек Мироватов ва Турсуной Темурова ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳро бо санаи муборак таҳният намуданд.

Дар охир ба пешоҳангони ҷомеаи меҳнатӣ сипосномаву туҳфаҳо супорида шуданд.