zoofirma.ru

Ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Карим Шариф мулоқот бо афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ баргузор гардид. Ба кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ туҳфаҳо супорида шуданд.

Ҳамчунин дар Кохи Истиқлол ба муносибати ҷашни чорякасраи Артиши Миллӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар оғози ҷаласа Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳозиринро ба ин муносибат таҳният намуд. Тазаккур дода шуд, ки Артиши миллӣ дар тӯлӣ солҳои мавҷудияти худ ба мактаби бузурги матонату мардонагӣ табдил ёфта, садҳо ҷавони содиқу вафодори ин марзу бумро тарбия намуд.

Дар ин муддати начандон мадиди таърихӣ Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои он дар атрофи ғояҳои инсондӯстиву сулҳофаринии Ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, баҳри ободиву осудаҳолии мардуми шарифи Тоҷикистон ҷаҳду талош менамоянд. Дар ин мактаби ҷасорату далерӣ баробари дигарон даҳҳо фарзандони гулистонӣ бо сари баланд адои хизмати Модар - Ватан намуда истодаанд. Дар ин ҷаласаи идона намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карим Шариф табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонид. Дар поёни ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр як гурӯҳ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Санъаткорони бахши фарҳанг барномаи рангини консертиро таҳти унвони «Мо ҳомиёни Ватан» манзури тамошобинон карданд.