zoofirma.ru

Фирӯз ШАРИФӢ, сардори КВД Хоҷагии манзилӣ-коммуниалӣ:

- Наврӯзи оламафрӯзро, ки иди солинавии аҷдодии мост, дар корхона бисёр бо ҳисси баланди худогоҳӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯзи Аҷам бо таърихи кӯҳан ва шукӯҳу ҷалоли пуршонаш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Ҷаҳони шудани Наврӯзи мубораки мо бори дигар аз тамаддуни бою ғании қавмҳои ориёӣ башорат медиҳад.

Рӯзи байналимилалии Наврӯз эълон шудани 21-уми март ин шодиву сурур ва ифтихори моро бештар мегардонад. Дар ҳақиқат Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо ба фарҳанги як силсила қавму миллатҳо ҳамчун ҷузъи фарҳанги онҳо ворид шудааст.

Вуруди Наврӯз ба замони бедории табиат рост меояд. Вобаста ба эҳёи табиат ниёгони мо расму оинҳои худро такмил дода, Наврӯзи қадимаву кӯҳанро ба иди бузурги Соли навии тоҷикон табдил додаанд. Наврӯз, тавре аз номаш бармеояд, оғози баробаршавии аст, ки мо, тоҷикон чун тамоми ориёиҳо ин айёмро чун вуруди Соли нав истиқбол мегирем.

Хушбахтона, ҳам ЮНЕСКО ва СММ эътироф намуданд, ки халқҳои Шарқ фарҳанги олӣ доранд. Ва яке аз ин фарҳангҳо – Наврӯз аст. Бигузор Наврӯзи 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон пояндаву бегазанд бошад.

Имрӯзҳо кормандонӣ хоҷагии манзилию коммуниалии маркази шаҳр сертараддуданд. Ҳамзамон, дар панҷ маҳаллаи шаҳр тантанаҳои наврӯзӣ ва маросими суманакпазӣ идома дорад. Дар маҳаллаи 1 – «Истиқлол» бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тантанаҳои наврӯзии мо ибтидо гирифтанд.

Ман, аз номи аҳли ҷомеаи меҳнатии КВД ҶМК тамоми сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистонро бо Иди мубораки Наврӯз табрик менамоям.

Ҳамеша шоду масрур бошед!