zoofirma.ru

Гулистониёни гиромиқадр!

Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои ҳамагон соли неку бобарор орзу менамоям.

Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилал қадами мубораку ҳаётофарини худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ аз аҳди Ҷамшед истиқбол менамуд ва ин иди бузургтарини миллӣ бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мегардид. Ҷашни Наврӯз, махсусан дар аҳди Сомониён, чун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд ёфт.

Тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерӯбахши худро эҳдо месозад. Чунонки Пешвои миллат зикр кардаанд: «Имрӯз асосан ду иди бузург дорем, ки онҳо манбаи ифтихору болидагии рӯҳи ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номусанд. Ин идҳои мардумию умумихалқӣ, ки барои ҳар фарди худогоҳу соҳибфарҳанг ва ватанпарвару миллатдӯст азизанд, иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди Наврӯз мебошанд».

Ҳашт сол муқаддам, 23-юми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-и рӯзнома: «Фарҳанги ҷаҳон» оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии том қатънома пазируфта шуд. Аз ҷониби СММ ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯз дар бораи дарки бештари аҳамияти ин ҷашн натанҳо дар минтақаҳое, ки онро таҷлил менамоянд, балки дар саросари ҷаҳон шаҳодат медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат пайваста баҳри эҳё ва таҳкиму ғанӣ гардидани анъанаҳо ва решапайванди таърихии Наврӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Чунонки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад».

Бале, Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангии соли равон, ки мо онро ҷашн хоҳем гирифт. Ҳамзамон, омодагӣ ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эълон шудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ин солгарди таърихӣ тақвияти корҳои созандагиву бунёдкоронаро тақозо дорад.

Бори дигар бо фарорасии Наврӯз Шуморо аз самими дил табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодат, хонаи ободу дасторхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам. Бигузор ҳар рӯзи умри Шумо мисли Наврӯз саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад!

Иди Наврӯзатон фирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!