zoofirma.ru

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар ошхонаи «Алишер» бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинӣ баргузор гардид.

Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фахриддин Бегзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба самъи ҳамгон расонида, роҷеъ ба дастгириҳои рӮзафзуну ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд.

Раиси ҷамъияти маъюбони «Мадад» Бираҷаб Мавлонова, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии ҷанговарони байналмилал Маҳмад Боев ҳозиринро табрик намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд хони идона густурда шуда, баҳри болидахотирии онҳо ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертӣ намоиш доданд.

Ҳамзамон 26 нафар маъюбони яккаву танҳо дар манзили истиқомиатиашон аёдат гардида, ба иштирокчиёни чорабинӣ кумакҳои яквақтинаи моддӣ расонида шуд.