zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.

Дар ҷаласа шаш масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён доир ба самтҳои асосии фаъолияти Кумиҷроияи шаҳрӣ дар давоми шаш моҳи соли 2018 ҳисобот дод. Дар музокира раиси ТИ дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» Саодат Нарзуллоева, раиси ТИ «Адрасмон» Сафар Нурматзода, раиси ТИ «Зарчашма» Улуғбек Хоҷаев баромад карда фаъолияти кумиҷроияи шаҳриро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Аъзои кумиҷроия шаҳрӣ инчунин нақшаи кориро барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда, доир ба масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Барои амалӣ намудани Барнома, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, зиёд намудани сафи ҳизбиён дар ташкилотҳои ибтидоӣ як қатор фаъолон, раисони ташкилоти ибтидоӣ бо туҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар вазъи тантанавӣ ба аъзои навқабулшудаи ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Илҳом Мадализода дар кори ҷаласаи ҳизбиён иштирок ва суханронӣ намуд.